Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2021

Ширкати шаш варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Маҷористон

0
Ширкати шаш варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Маҷористон

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 6-ум то 13-уми июн дар  пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – баргузор мешавад, шаш варзишгари тоҷик (панҷ нафар дар рақобатҳо байни мардон ва як нафар миёни занон) ширкат меварзанд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ иштироки 706 варзишгар (415 мард ва 291 зан) аз 132 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар - Шаҳбоз  Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+ 100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон варзишгари тоҷик Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило рақобат хоҳад кард.

Гуштигирон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин, барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд. Ҳаррӯз ғолибон аз рӯи як вазн байни мардон ва як вазн миёни занон маълум мешаванд.

Рӯзи якшанбеи 6-уми июн гуштигирони вазни сабуктарин – 48 кило миёни занон ва 60 кило байни мардон – қувваозмоӣ мекунанд. 7-уми июн занон дар вазни 52 кило ва мардон дар вазни 66 кило, 8-уми июн занон дар вазни 57 кило ва мардон дар вазни 73 кило, 9-уми июн занон дар вазни 63 кило ва мардон дар вазни 81 кило, 10-уми июн занон дар вазни 70 кило ва мардон дар вазни 90 кило, 11-уми июн занон дар вазни 78 кило ва мардон дар вазни 100 кило, 12-уми июн занон дар вазни беш аз 78 кило ва мардон дар вазни беш аз 100 кило вориди рақобатҳо мешаванд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 13-уми июн – рақобатҳои дастаӣ барпо мегардад.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Будапешт бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, соли 2019 паҳлавонони тоҷик аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – доир гардид, бе медал баргаштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд.

Аз байни онҳо ду нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Ҳарду дар вазни зери 73 кило аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуданд. Барои медали биринҷӣ Беҳрӯз аз Денис Лартсев (Русия) ва Сомон аз Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) шикаст хӯрданд ва дар натиҷа ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 килограмм ба даст овардааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин открыл пешеходную галерею между станциями метро и МЦД-4 Кутузовская





Москва

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Новый корпус больницы святого Владимира планируется открыть в 2025 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Rammstein

Rammstein зажигают




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей

Росгвардейцы обеспечили безопасность во время футбольного матча в Москве

Среди сотрудников уголовно-исполнительной системы Республики Дагестан определили лучшего гроссмейстера


Ролан Гаррос

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Джинсы и одежда с принтами: московские бренды ...



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России