ODIHR аз Тоҷикистон хоста буд, имкониятҳои президентро "ислоҳ" кунад, Душанбе чӣ посух дод?
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, чаҳор моҳ пеш аз Тоҷикистон хоста буд, ки имкониятҳои вижаи раиси ҷумҳури ҳозира, аз ҷумла иштироки бемаҳдудашро дар интихоботҳо бознигарӣ кунад.