Кишоварзони Узбекистон ба ҷои пилла пул супориданд
Кишоварзони Узбекистон, ки бо парвариши кирмак машғул ҳастанд, мегӯянд, нақшаи давлатии пилларо танҳо дар коғаз иҷро карданд. Ба гуфтаи кишоварзон, онҳо барои иҷрои нақша маҷбур шудаанд, як кило пилларо аз 20 то 25 ҳазор сӯм ($2-$2,4) "бихаранд".
"Ба ҳар як кишоварз 1-2 қуттӣ кирмак иҷборан тақсим карданд. Вале вақте кишоварзон дарахти тут надоранд, онро бо чӣ парвариш кунанд? Кишоварзон кирмакҳоро ба об партофтанд. Тақрибан касе кирмак парвариш накард. Ҳар як кишоварз барои 0,90 га замин 450 ҳазор сӯм (42 доллар) пардохт кард. Як кишоварз, ки бо кишти гандум машғул аст, ба маблағи 17 миллион сӯм пилла харид", - гуфт яке аз кишоварзони узбек.
Як кишоварз аз вилояти Андиҷони Узбекистон ҳам ба шарти ифшо нашудани номаш тасдиқ кард, ки "ба ҷои пилла пул супоридааст".
Намояндаи "Узбекипаксаноат", ки масъули ташкили кирмакпарварӣ аст, ҷамъоварии маблағ аз пиллапарваронро ба хотири иҷро накардани нақшаи давлатӣ рад накард.
"Шумо ҳар сол аз навиштани ин мавзуъ хаста нашудед? Бигузор, кишоварз ба ҷои пул пилла супорад. Аз онҳо пиллаи бисёр талаб карда намешавад. Танҳо талаб мешавад, ки нақшаро иҷро кунанд", - изҳор дошт намояндаи "Узбекпаксаноат".