Ваъдаи кӯмаки 150 миллиондолларии Пентагон ба Украина
Вазорати дифои ИМА рӯзи 11 июн эълон кард, ки ба Украина як бастаи ёриҳои низомӣ тақдим мешавад. Ин баста бо арзиши 150 миллион доллар барои тақвияти кори нирӯҳои Украина равона шудааст. Дар миёни ин кӯмакҳои дифоӣ радарҳои зиддитӯпхонаӣ, дастгоҳҳои мухобиротиву электронӣ, системаи зиддидрон ва дигар кӯмакҳо ҷой доранд. Аз соли 2014, замоне, ки Русия ба таври ғайриқонунӣ нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард, ИМА ба ин кишвар дар ҳаҷми 2,5 миллиард доллар кӯмакҳои амниятӣ ироа кардааст. Дар низоъҳое, ки аз он замон то кунун дар шарқи Украина идома дорад, беш аз 13 ҳазор нафар аз ҷониби тарафдорон ва ҳам ҷудоиталабони ҳукумати расмии Киев кушта шудаанд.
Интизор меравад, ки дар мулоқоти рӯзи 16 -уми июни президентони ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин дар Женева мавзӯи Украина дар маркази гуфтугӯҳо қарор бигирад. Байден президенти Украина Владимир Зеленскийро барои гуфтугӯ ба Вашингтон даъват кард.