Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2021

Гузоришҳо аз суқути Шерхон Бандар ба дасти Толибон. Мақомоти тоҷик мегӯянд, "вазъ ором аст"

0
Гузоришҳо аз суқути Шерхон Бандар ба дасти Толибон. Мақомоти тоҷик мегӯянд,

Дар пайи нашри хабарҳо дар робита ба суқути Шерхон Бандар -- муҳимтарин гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ба дасти Толибон, мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки вазъ дар марз бо ин минтақа ором аст.

Расонаҳои мустақил дар Афғонистон иттилоъ доданд, ки субҳи сешанбе Толибон гузаргоҳи Шерхон Бандарро тасарруф карданд. Аз ҷумла "Khaama press" навишт, ки "субҳи имруз, сешанбеи 22-июн марзи байни Тоҷикистон дар вилояти Кундуз ба дасти Толибо суқут кардааст". Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Афғонистон то кунун хабари ба дасти Толибон афтодани ин бандари муҳимро тасдиқ ё рад накардаанд.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон -- ҳаммарз бо Шерхон Бандари вилояти Кундузи Афғонистон, рӯзи 22-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "вазъият комилан ором аст ва ҳеҷ мушкиле нест".

Ӯ ҳамзамон хабарҳо дар мавриди ба ҷониби Тоҷикистон паноҳ овардани шуморе аз неруҳои амниятии Афғонистон пас аз ба дасти Толибон афтодани Шерхон Бандаро рад кард ва гуфт, ки "ин гапҳо нодуруст ҳастанд". Ин манбаи Радиои Озодӣ афзуд, "тибқи маълумоти онҳо, марз зери назорат аст ва вазъ комилан ором мебошад".

Аммо ҳануз маълум нест, ки рафтуомад тариқи ин гузаргоҳи муҳими марзӣ идома дорад ваё қатъ шудааст. Як корманди гузаргоҳи Панҷи поён дар посух ба суоли Радиои Озодӣ танҳо гуфт, ки "вазъ тинҷ аст" ва аз шарҳи бештар худдорӣ кард.

Ба иттилои расонаҳои афғонӣ, Толибони силоҳбадаст инчунин минтақаҳои дигари вилояти Кундузро иҳота кардаанд. Маркази ноҳияи Имом Соҳиб, ки Шерхон Бандар тобеи он мебошад, рузи гузашта ба контроли Толибон даромада буд.

Пулиси ин вилоят мегӯяд, 20-уми июн Толибон амалиёт дар Кундузро оғоз намуда, нисфирӯзии 21-уми июн маркази ин вилоятро иҳота карданд. Ба иттилои Иномуддин Раҳмонӣ - сухангӯйи пулиси Қундуз, Толибон роҳҳои пайвасткунандаи ин вилоят бо дигар манотиқи Афғонистонро зери тасарруф қарор додаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи тӯлонӣ ва душворгузар дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст.

Тайи чанд рӯзи ахир вазъ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон нооромтар шудааст ва чанд ноҳия дар вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Балх ба дасти Толибон афтодааст. Мақомот дар Кобул ҳамзамон аз бозпас гирифтани чанд ноҳия дар шимоли Афғонистон аз дасти Толибон хабар доданд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Новый корпус больницы святого Владимира планируется открыть в 2025 году





Москва

Два дня, наполненных театром, музыкой, книгами и наукой, — в Парке Горького во 2-й раз прошел Московский детский фестиваль искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Елена Волкова

Два дня, наполненных театром, музыкой, книгами и наукой, — в Парке Горького во 2-й раз прошел Московский детский фестиваль искусств «НЕБО»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей

Росгвардейцы обеспечили безопасность во время футбольного матча в Москве

Баскетболисты из Лобни завоевали золото на турнире Moscow Open


Ролан Гаррос

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Собянин: Городские вокзалы объединяют маршруты



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России