Рӯҳонии тоҷик ва ду ҳамроҳашро аз боздошт раҳо кардаанд
Абдулҳақ Обидов (Махсуми Абдулҳақ), сархатиби пешини масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансур пас аз се моҳи боздошт, раҳо шудааст. Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ду нафаре, ки ҳамроҳи ӯ боздошт шуда буданд, феълан дар озодӣ қарор доранд.