Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2021

Таниши лафзии Чин ва Канада дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

0
Таниши лафзии Чин ва Канада дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

Канада ва 40 кишвари дигар рӯзи сешанбеи 22-юми июн дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Пекин хостанд ба нозирони мустақили байналмилалӣ иҷоза диҳад, ки дар чӣ зудтар ва "бе ҳеҷ маҳдудияте" аз минтақаи Шинҷон дидан кунанд. Дар муқобил намояндаи Чин аз Канада хост ба "нақзи ҳуқуқи башар дар кишвари худ" поён диҳад. 

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", ҷидоли лафзии рӯзи сешанбеи Канада ва Чин идомаи кашмакашҳои Ғарб бо Чин дар заминаи ҳуқуқи башар аст. Кишварҳои ғарбӣ ва ба хусус Амрико дар солҳои ахир аз амалкардҳои Чин дар Ҳонконг ва рафтор бо мусалмонон дар минтақаи Шинҷон интиқод кардаанд. Чин ҳам дар баробари ин интиқодҳо вокунишҳои тунд нишон додааст.

Намояндаи Чин бо ишора ба кашфи боқимондаи ҷасадҳои беш аз 200 кӯдак дар як мактаби шабонарӯзии вобаста ба калисои католикӣ дар Канада дар охирҳои асри 19, ки ахиран хабарсоз шуд, Канадаро ба бадрафторӣ ба сокинони бумии он кишвар муттаҳам кард. Ӯ хостори анҷоми "таҳқиқоти комил ва бетарафона" дар бораи рафтор бо сокинони аслӣ, нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ дар Канада шуд.

Ӯ афзуд, "мо аз Канада мехоҳем, ки ба нақзи ҳуқуқи башар бидуни таъхир поён диҳад. Ниҳодҳои масъул дар СММ бояд вазъияти ҳуқуқи башар дар Канадаро баррасӣ кунанд. Илова бар ин, Канада ҳамеша масъалаи ҳуқуқи башарро ҳамчун абзор барои пеш бурдани ҳадафҳои сиёсии худ истифода кардааст".

Аз сӯи дигар, Канада баёнияеро, ки мавриди ҳимояти 41 кишвари асосан ғарбӣ аст, ироа кард, ки дар он нигарониҳое дар робита ба нақзи ҳуқуқи башар дар Чин, аз ҷумла таъсиси боздоштгоҳҳо ва урдугоҳҳои кори маҷбурӣ барои мусалмонони Шинҷон инъикос ёфтааст.

Намояндаи Канада дар бахше аз суханонаш дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, "мо аз Чин мехоҳем, ки ба нозирони мустақили байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ-ро иҷоза диҳад, ки дар чӣ зудтар ва бидуни ҳеҷ маҳдудияте аз минтақаи Шинҷон дидан кунанд". Коммисари олии ҳуқуқи башари СММ аз замони таъйини худ ба ин мақом дар соли 2018, талош кардааст ба Чин сафар кунад, аммо бенатиҷа будааст. 

Намояндаи Канада дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, ки гузоришҳои боэътимод нишон медиҳанд, ки беш аз як миллион нафар ба таври ғайриқонунӣ дар Шинҷони Чин боздошт шуда, бисёре аз онҳо дар урдугоҳҳо ва боздоштгоҳҳо мавриди озор, шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегиранд.

Ӯ афзуд, ки мусалмонони ӯйғур ва дигар ақалиятҳои мазҳабӣ ва қавмӣ ба иловаи назорати сахт аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ, бо маҳдудиятҳои фарҳангии густурда рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳукумати Чин ҳамеша таъкид кардааст, ки ин марказҳо барои касбомузӣ ҳастанд ва ҳадаф аз фиристодани мусалмонон ба ин марказҳо, муқобила бо густариши терроризм аст.

Баёнияи пешниҳодии Чин дар мавриди "нақзи ҳуқуқи башар дар Канада" аз сӯи чандин кишвари дигар, аз ҷумла, Русия, Белорус, Сурия, Эрон ва Кореяи шимолӣ мавриди ҳимоят қарор гирифтааст.

Намояндаи Канада дар бахши дигаре аз суханони худ афзуд, "мо баён медорем, ки ҳукумати Канада дар гузашта ҳуқуқи мардумони бумиро нақз кардааст. Медонем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори пойбандии комили Канада ба арзишҳои ҳуқуқи башар аст ва таваққуи худи мо низ камтар аз ин нест".





Губернаторы России
Москва

Собянин объявил о начале работы хаба молодежного предпринимательства





Москва

"Святой Ленин" спасает мир и возглавляет "восстание ИИ машин... хороших по существу". 8 серия, СЕРЬЁЗНЫЕ НОВОСТИ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Элджей

Рэпер Элджей стал зарабатывать меньше в восемь раз




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Генпрокуратура потребовала передать государству велотрек с Олимпиады-80

«23 and Friends»: в Москве состоялся спортивно-музыкальный фестиваль Аш 23

Юные тулячки завоевали серебро и бронзу турнира по синхронному плаванию


Анастасия Потапова

Ролан Гаррос. Расписание 2 июня. Потапова и Швентек сыграют первым запуском, Синнер – последним



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Свыше 2,2 тыс. случаев коронавируса выявили в столице за неделю



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России