Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2021

Фармондеҳи амрикоӣ аз хатари ҷанги дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дод

0
Фармондеҳи амрикоӣ аз хатари ҷанги дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дод

Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз хатари сар задани ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ҳушдор дод. Генерал Скот Миллер ҳамзамон таъкид кард, ки тарафҳои ҷанг дар Афғонистон бояд роҳи ҳалли сиёсиро биҷӯянд ва хушунатро коҳиш диҳанд.

Ин генерали амрикоӣ рӯзи сешанбеи 29-уми июн зимни нишасти хабарӣ дар Кобул ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи чигунагии идомаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Толибон гуфт, ки агар Толибон мехоҳанд ҳамлаҳои ҳавоӣ бар онҳо сурат нагиранд, бояд амалиётҳояшонро қатъ кунанд.

Ӯ гуфт, "дар созиши Толибон ва Амрико навишта шудааст, ки нерӯҳои эътилоф ва Амрико метавонанд аз нерӯҳои амниятии афғон пуштибонӣ кунад ва агар ниёз бошад ва мавриди ҳуҷум қарор гиранд, аз онҳо онҳо дифъ кунанд. Ман ба Толибон гуфтаам, беҳтарин роҳаш ин аст, ки амалиётҳоятонро поён бахшед ва ҳамлаҳои ҳавоӣ дигар анҷом нахоҳад шуд".

Генерал Скот Миллер вазъияти амниятии кунунӣ ва аз даст рафтани ноҳияҳо дар минтақаҳои гуногуни Афғонистонро нигаронкунанда хонд ва гуфт, ки даст ба даст шудани пайиҳами минтақаҳо дар ин кишвар, ҷанбаҳои низомӣ ва равоншиносӣ дорад. Ӯ афзуд, раҳбарони нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон дар талошанд вазъро назорат кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар як моҳи ахир Толибон дар ҳамлаҳои густурда шуморе аз ноҳия ё вулусволиҳоро ба тасарруфи худ дароварданд, аммо ниҳодҳои амниятии Афғонистон вогузории минтақаҳоро "ақибнишинии тактикӣ" гуфтанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибор дар вокуниш ба ин гуфтаҳои генерал Скот Миллер ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Амрико бо ба таъхир андохтани хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон, мухолифи созишномаи Қатарро амал кард ва низ ҳаққи роҳандозии ҳеҷ гуна ҳамла ба ин гурӯҳро надорад ва дар сурати идомаи ҳамлаҳо, мунтазири вокуниши сангини ҷанҷӯёни ин гурӯҳ бошад.

Бо ин ҳол, генерал Миллер бо ишора ба хезишҳои мардумӣ дар бахшҳое аз Афғонистон барои муқобила бо Толибон мегӯяд, ки ҳукумати Афғонистон бояд дар истифода аз ин нерӯҳо аз эҳтиёт кор бигирад.

Генерал Скот Миллер мегӯяд, ӯ ба зудӣ ва пеш аз поёни комили раванди берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, масъулияташро ба фармондеҳи дигар дар Афғонистон интиқол хоҳад дод, аммо ӯ аз замони дақиқи он чизе нагуфт. Мюллер дар ҳоли ҳозир масъулияти берун шудани нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон бар ӯҳда дорад.

Бар асоси созиши Амрико ва Толибон дар Қатар дар рӯзи 29-уми феврали соли 2020, қарор буд раванди берун шудани нерӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ дар аввали моҳи майи имсол поён ёбад, аммо бо тасмими Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА ин кор то ёздаҳуми сентябр ба таъхир афтод. Ҳамакнун дар Афғонистон хушунатҳо афзоиш ёфтааст ва нигарониҳоеро дар бораи ояндаи ин кишвар ба миён овардааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин одобрил три проекта по программе создания мест приложения труда





Москва

Солнечные дети на сцене Кремля


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Городские вокзалы объединяют маршруты



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Баста: товарищеский матч ФК Ростов - СКА могут провести осенью 2024 года




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Генпрокуратура потребовала передать государству велотрек с Олимпиады-80

Дмитрий Вязьмикин – тренер по индивидуальной подготовке молодежного футбола «Локо»

После концерта и в дождь дороже: как складываются цены на поездки на такси


Александр Зверев

Александр Зверев: «Сказал себе, что хочу стать примером для подражания. Я больше не ломаю ракетки, почти не получаю предупреждений»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Студенты Академии Игоря Крутого раскрыли свои таланты



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России