Лавров: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд
Сергей Лавров – вазири умури хориҷии Русия – гуфт, ки ҳарчанд Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, муҳоҷиронаш аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд. Изҳороти Лавров дар ҷавоб ба суоли “афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар назар ҳаст ё не”, садо дод.