Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

Новости за 17.02.2019

Президент амр додааст, афроди ба гуфтаи ӯ "гумроҳшуда"-ро аз хориҷа баргардонанд

Ozodi.org 

Бино ба санаде, ки рӯзи 17-уми феврал ба дасти Радиои Озодӣ расид, президенти Тоҷикистон аз чаҳор ниҳоди қудратӣ хостааст, афроди ба гуфтаи ӯ “гумроҳшуда”-ро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Ин ҷузъе аз 65 банди амри раиси ҷумҳур аст, ки барои иҷро дар соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Эрон талаби Амрико аз қудратҳои Аврупоро танқид кард

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Эрон талоши Вашингтонро барои фишороварӣ болои муттаҳидони аврупоиш танқид кард. Амрико аз кишварҳои аврупоӣ даъват дорад, ки аз созиши ҳастаии соли 2015 бо Теҳрон берун шаванд. Муҳаммадзариф Ҷавод рӯзи якшанбе дар суханрониаш дар нишасти амниятии Мюнхен гуфт, "муовини раиси ҷумҳури Амрико “густохона” хостааст, то Аврупо ба Амрико ҳамроҳ шуда, ваъдаашро бишканад." Ин изҳорот як рӯз баъди он садо дод, ки Майк Пенс, муовини Доналд Трамп аз Олмону Фаронса ва Бритониё хост, аз тавофуқномаи атомӣ бо Эрон хориҷ шаванд. Читать дальше...

Рӯҳонӣ: Ҷонибдори беҳбуди равобит бо кишварҳои Ховари Миёна ҳастем

Ozodi.org 

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфт, Теҳрон мехоҳад равобитро бо кишварҳои Ховари Миёна (Шарқи Миёна) беҳбуд бахшад. Эрон солҳо боз бо Арабистони Саудӣ ва баъзе кишварҳои дигари минтақа дар “ҷанг” аст. Рӯҳонӣ рӯзи 17-уми феврал дар як суханронии телевизионӣ гуфт, Теҳрон омодааст, барои ҳифзи субот дар Ховари Миёна бо ҳама кишварҳои минтақа равобиташро тавсеа бахшад. Аммо раиси ҷумҳури Эрон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроилро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ ба ҷудоии байни эрониҳо доман мезананд. Читать дальше...



Шаҳноза чанд соли дигар кор кунад, ки соҳиби хона шавад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо нашри эълону овезаҳо баъзе аз бонкҳои хурду бузурги Тоҷикистон барои сокинон "ипотека" ё қарзи дарозмуддат барои хариди хона пешниҳод мекунанд. Вале шарту баҳрае, ки барои ин навъи қарз талаб мешавад, соҳиби хона шудан барои аксар сокинон дар Душанбе фақат орзу боқӣ мемонад.

"Маош кам, баҳраи қарз баланд. Чӣ гуна соҳиби хона шавам?"

Ozodi.org 

Бо нашри эълону овезаҳо баъзе аз бонкҳои хурду бузурги Тоҷикистон барои сокинон «ипотека» ё қарзи дарозмуддат барои хариди хона пешниҳод мекунанд. Вале шарту баҳрае, ки барои ин навъи қарз талаб мешавад, соҳиби хона шудан барои аксар сокинон дар Душанбе фақат орзу боқӣ мемонад.

“Ҳама дар хоб буд.” Даҳҳо кушта ва захмӣ дар сӯхтори Бангладеш

Ozodi.org 

Дар натиҷаи сӯхтор дар Бангладеш дастикам ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ба қавли мақомоти ин кишвар, сӯхтор беш аз 200 хонаи сокинонро ба коми худ фурӯ бурд. Алӣ Аҳмад, раиси Хадамоти оташнишонии Бангладеш, ба оҷонси хабарии DPA-и Олмон гуфтааст, сӯхтор субҳи барвақти 17-уми феврал, замоне рух дод, ки сокинон ҳанӯз дар хоб буданд. Ба қавли Алӣ Аҳмад, дар натиҷаи сӯхтор ҳадди ақал 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳар сол дар пайи воқеаҳои ногувор дар кишвари фақири Бангладеш садҳо нафар ҳалок мешаванд. Читать дальше...

Туркия қасд дорад, аз Русия системаи дифоии S-400 бихарад

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, кишвараш бо вуҷуди фишори Амрико, қасд дорад, аз Русия системаи дифоии S-400 бихарад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи шанбе дар суҳбат бо расонаҳо дар Анкара гуфт, муомилаи хариди системаи S-400 миёни ин кишвар ва Русия анҷом шудааст ва Туркия наметавонад аз он даст кашад. Қаблан Амрико аз Туркия, ки узви паймони НАТО аст, хоста буд, системаи дифоиро аз ин кишвар метавонад ба арзиши панҷ миллиард доллар бихарад. Амрико ба Туркия ба ҷойи S-400-и Русия системаи дифоии “Патриот”-ро пешниҳод карда буд. Читать дальше...

Трамп аз аврупоиҳо хост, садҳо ҷангҷӯи ДОИШ-ро “пас бигиранд”

Ozodi.org 

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – эълон кард, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар ҳоли фурӯпошист ва аз кишварҳои аврупоӣ хост, садҳо тан аз ҷангҷӯёни боздоштшударо “пас бигиранд”.



Ҳезер Нойерт аз мақоми сафири Амрико дар СММ даст кашид

Ozodi.org 

Ҳезер Нойерт, ки аз тарафи раиси ҷумҳури Амрико сафири ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуда буд, мегӯяд, аз ин мақом даст кашидааст. Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро ин хабарро тасдиқ кард. Нойерт рӯзи 16-уми феврал дар баёнияи расмӣ гуфт, ба нафъи худу хонаводааш медонад, ки аз пазируфтани ин мақом сарфи назар кунад. Шуморе аз мунтақидон аз номзадии Ҳезер Нойерти 49-сола суолҳоеро матраҳ карда буданд. Онҳо иддао мекарданд, ки ӯ дар мавриди дипломатияи хориҷӣ ва сиёсатсозӣ таҷриба... Читать дальше...

Лавров вазири дифои Бритониёро “вазири ҷанг” хитоб кард

Ozodi.org 

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи шанбе дар суханони худ вазири дифои Бритониёро “вазири ҷанг” хитоб кард. Ӯ рӯзи 16-уми феврал гуфт, “агар ба гапи баъзе одамон ба мисли вазири ҷанг, ё бубашед, вазири дифои Бритониё гӯш диҳед, ин тасаввур ҳосил мешавад, ки ҳеч кас ба ғайр аз НАТО ҳақ надорад, дар ҷои дигаре бошад. Ба ҷуз аз марзҳои худ.” Як рӯз пеш аз он, Гевин Уилямсон, вазири дифои Бритониё гуфта буд, ки Русия талош дорад “Ғарбро таҳрик диҳад”. Уилямсон дар суханрониаш дар нишасти байналмилалии Мюнхен рӯзи ҷумъа гуфт... Читать дальше...

Доналд Трамп: ДОИШ дар ҳоли нобуд шудан аст

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, эълон кард, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар ҳоли нобуд шудан аст. Ӯ рӯзи 16-уми феврал дар “Твиттер” навишт, “Амрико аз Бритониё, Фаронса, Олмон ва муттаҳидони дигари аврупоӣ мехоҳад, то беш аз 800 ҷангҷӯи ДОИШ-ро, ки дар Сурия дастгир шудаанд, муҳокима кунанд.” Бино ба гузоришҳо, садҳо тан аз шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ба Ховари Миёна рафтаанд, то аз ҷангҷӯёни гурӯҳҳои ифротӣ ҳимоят кунанд. Доналд Трамп гуфт, Амрико баъди пирӯзии комил дар баробари ДОИШ аз Сурия берун хоҳад шуд. Читать дальше...

Писари Гулнора Каримова аз Мирзиёев хост, бепарво набошад

Ozodi.org 

Набераи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримови хурдӣ мегӯяд, вазъи сиҳатии модараш Гулнора Каримова, ки дар ҳабси хонагӣ аст, бад шудааст ва ӯ ба кумаки тиббӣ дастрасӣ надорад. Каримови 26-сола рӯзи 14-уми феврал ба воситаи саҳифаи худ дар "Инстаграм" аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дархост кард, ки ба қазия ва вазъи модари ӯ таваҷҷуҳ карда, садои ӯву хоҳарашро шунавад. "Бо сабабҳои ғайриинсонӣ ба модарам фишор меоранд ва ҳатто духтуронро ба наздаш роҳ намедиҳанд. Миёни ҷонибҳо созишҳо буд... Читать дальше...

Сайфулло Сафаров: "Низоми нафақа пурра вайрон шудааст" ВИДЕО

Ozodi.org 

Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки моҳе пеш бознишаста шуд, аз низоми ҳозираи нафақа розӣ нест. Ба андешаи ӯ, нафақае, ки имрӯз барои як мансабдор муайян мешавад, “ночиз аст”.

Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт

Ozodi.org 

Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки моҳе пеш бознишаста шуд, мегӯяд, интихоботи президентии соли 2020 ором ва бидуни ягон тағйироти ҷиддӣ сурат мегирад. Зарангези Наврӯзшоҳ бо ӯ сӯҳбат кард ва аввал дар бораи бознишаста шуданаш пурсид.

Ҳукумат барои ҷашнҳои пурдабдаба аз куҷо пул меёбад?

Ozodi.org 

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон шарҳ доданд, ки барои кадом иду ҷашнҳо аз ҳисоби будҷа маблағ медиҳанд. Мавзӯи аз кадом ҳисоб таҷлил шудани ҷашнҳои пурдабдаба ва бошукӯҳ дар кишвар охири ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотии вазорат дар миён гузошта шуд.



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Мэр Собянин показал готовый экземпляр нового кроссовера "Москвич 8"



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Эдит Пиаф

В театре «Модерн» состоялась премьера моноспектакля «Исповедь счастливой женщины. Эдит Пиаф»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


WTA

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Собянин. Главное за день



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России