Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

Новости за 25.02.2019

Курдҳо ҷангҷӯёни асирро ба кишварҳояшон таслим мекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба гуфти мансабдорони ироқӣ, рӯзи якшанбеи гузашта нерӯҳои демократиии Сурия, ки аз тарафи Амрико дастгирӣ мешаванд, 280 ошӯбгари боздоштшудаи гурӯҳи даҳшатфакани "Давлати исломӣ"-ро ба Ироқ таслим намуданд.

Худкушии эҳтимолии корманди раёсати андози Хатлон

Ozodi.org 

Ҷасади беҷони як корманди  Раёсати андози вилояти Хатлон дар хонаи волидонаш ошкор шуд. Ҷасади  Сайвалӣ Абдуллоеви 56-сола субҳи рӯзи 25-уми феврал аз банди доре дар манзили падараш дар шаҳри Кӯлоб пайдо шуд. Ба қавли наздиконаш, ин мард ду рӯз қабл аз шаҳри Бохтар ба Кӯлоб  барои дидорбинии наздиконаш рафта буд. Аз рӯи ин ҳодиса додситони шаҳри Кӯлоб санҷиш шурӯъ кардааст. Як манбаъ аз мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб рӯзи 25-уми феврал ба  Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзияи аввалияти тафтишот “даст ба худкушӣ” задани Сайвалӣ Абдуллоев аст. Читать дальше...



Дар Жанаозен чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Аз 23 то 25 феврал дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон 16 сокин ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудааст. Ҳар кадоми онҳо аз 5 то 7 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд. Дар ин бора додситонии маҳаллӣ хабар дод.

Беш аз 1 миллион $. Фурӯши амволи "Умед 88" ба фоидаи "Роғун"

Ozodi.org 

Мақомот дар шимоли Тоҷикистон амволи ширкати “Умед 88”, яке аз ширкатҳои дар гузашта пештози тиҷорати сӯзишвориро ба музояда гузоштаанд. Ин амвол аз чанд нуқтаи фурӯш ва анбори нигоҳдории сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд иборат аст ва аз якуним миллион то тақрибан 16 миллион сомонӣ (муодили 1 миллиону 600 ҳазор доллар) нархгузорӣ шудааст. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки музояда рӯзи 25-уми феврал баргузор шуд, аммо тафсилот дар даст нест. Дар огоҳии музояда гуфта шудааст... Читать дальше...

Bloomberg: Путин таъқиби Калвиро тавҷеҳшуда номид

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин таъқиби додгоҳиии сармоягузори амрикоӣ Майкл Калви ва мудирони аршади бунёди "Бэрин Восток"-ро тавҷеҳшуда унвон кард. Дар ин бора оҷонсии Bloomberg рӯзи 25-уми феврал бо такя ба се иштирокчии гуфтугӯи пушти дарҳои баста бо Путин хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин мулоқот ҳафтаи гузашта доир шуд. Ба гуфти онҳо, аз Путин дар ин мулоқот дар бораи қазияи Калви ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сармоягузории Русия суол шуд. Президенти Русия гуфтааст, "ба натиҷагирии тафтишот... Читать дальше...



Роҳбарияти "Сапат" шикояти бадрафторӣ дар литсейҳои туркиро месанҷад

Ozodi.org 

Роҳбарони мактабҳои "Сапат" тасмим доранд, аризаҳои хушунат ва бадрафторӣ нисбати хонандагон дар ин муассисаро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Хонандагони "Сапат" ахиран дар интернет бо хэштег ё барчаспи #metoosebat дар бораи бадрафториҳои дар паси девори мактабҳои мазкур хабар шикоят нашр карданд. Ба гуфтаи Нурлан Худойбердиев, роҳбари муассисаи мазкур, муносибат бо хонандагон ҳамеша зери назорат аст. "Зоҳиран дар бораи хушунатҳо хатмкардагони 10-15 сол пеш менависанд. Сарфи назар аз ин, мо тафтиш хоҳем кард. Читать дальше...

Чор медали муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков, ки аз 19-ум то 24-уми феврал дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек  баргузор шуд, чор медал (ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули Бишкек барои бори 42-юм сурат гирифт, ҳудуди 200 варзишгар (занону мардон) аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тайланд, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд. Читать дальше...

Сарозер шудани 8 бинокор аз гунбази Масҷиди бузурги Душанбе

Ozodi.org 

Ҳашт сохтмончӣ субҳи 25-уми феврал ҳини кор дар Масҷиди бузургтарин дар Душанбе аз баландии 33 метр ба замин афтода, бо захмҳои мухталиф дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шудаанд. Афроди маҷрӯҳшуда сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Данғара мебошанд. Вазъи бархе аз онҳо сангин гуфта мешавад.

Ахбори Озодӣ аз 25-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Сарозершавии гурӯҳи бинокорон дар сохтмони масҷиде дар шаҳри Душанбе, Аскар Мамин-сарвазири нави Қазоқистон, раҳоии зани узбек аз ғуломии ҷинсӣ дар Чин, ҳаёти душвори қурбониҳои заминларзаи ноҳияи Ваҳдат ва матолиби дигар.

Амрико: Тоҷикистон сармоя мехоҳад, аммо ислоҳот намекунад

Ozodi.org 

“Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармояҳои бузург аз Амрико ҳавасманд аст, аммо барои ҷалби сармоягузорон ислоҳоти заруриро роҳандозӣ намекунад.” Департаменти давлатии Амрико дар гузориши нави “Фазои сармоягузорӣ дар соли 2018” дар мавриди Тоҷикистон чунин хулоса кардааст.

"Об дорем, барқ тавлид мекунем. Чаро нархи ҳарду гарон аст?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, аз аввали имсол нархи нерӯи барқ ва об афзуда, ба будҷаи бе ин ҳам холии хонаводаҳо даст дароз кардааст. Ҳоло як киловат соат нархи нерӯи барқ тақрибан бист дирам аст.

Ҳунарманди шабеҳи Ким Чен Ун аз Ветнам "депорт" шуд

Ozodi.org 

Дар фосилаи кӯтоҳ аз вуруди раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ба Ҳаной, мақомоти Ветнам ҳунарманди шабеҳи ӯро аз кишвар хориҷ карданд. Музокироти Ким Чен Ун бо президенти Амрико Доналд Трамп дар ин кишвар баргузор мешавад.  Ҳунарманди мазҳака, ки худро Ҳовард Икс меномад, рӯзи ҷумъа ҳамроҳ бо рафиқаш, ки Доналд Трампро тақлид мекунад, ба Ветнам омад. Онҳо дар кӯчаҳои пойтахти Ветнам зоҳир шуданд ва таваҷҷуҳи раҳгузарон ва журналистонро ҷалб карданд. Рӯзи 25-уми феврал кормандони пулис ба меҳмонхонае... Читать дальше...

Коргардони шинохта Георгий Данелия дар вазъияти кома қарор дорад

Ozodi.org 

Коргардони шинохтаи синамои Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Данелия бо бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба бемористон интиқол ёфт ва дар Маскав дар вазъияти комаи иҷборӣ қарор дорад.  Галина Юркова-Данелия, ҳамсари коргардони 88-сола гуфт, ки ӯро рӯзи 23-юми феврал оҷилан ба бемористон бурданд.  Данелияи гурҷитабор силсилаи филмҳоро таҳия кард, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳбубият пайдо карданд. Филмҳои машҳури Данелия бо шумули "Я шагаю по Москве", "Афоня", "Мимино", "Осенний марафон" ва "Джентелмен удачи" то ҳол тамошобин доранд. Читать дальше...

"Нархи об боло шуд, аммо сифаташ – бадтар"

Ozodi.org 

Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, аз аввали имсол нархи нерӯи барқ ва об афзуда, ба будҷаи бе ин ҳам холии хонаводаҳо даст дароз кардааст. Ҳоло як киловат соат нархи нерӯи барқ тақрибан бист дирам ва як метри мукааб об беш аз як сомонист.

Трамп боло бурдани таърифаҳоро барои Чин мутаваққиф кард

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Амрико, қарори боло бурдани таърифаҳо ба маҳсулоти истеҳсоли Чинро, ки бояд рӯзи 1-уми март ба иҷро медаромад, мутавақиф кард. Дар ин бора Трамп дар "Твиттер" хабар дод ва тасмимашро ба "музокироти сермаҳсул" бо Чин вобаста донист.  Ба гуфтаи президенти ИМА, "дар сурати идомаи пешрафти бештар" дар гуфтушунидҳо, мулоқоти ӯ бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин барои бастани шартномаи тиҷоратӣ барномарезӣ хоҳад шуд. Аммо ӯ дар бораи замони мушаххаси мулоқот бо раҳбари Чин маълумот надод. Читать дальше...


Музыкальные новости
ЮрКисс

«Отказывался по надуманной причине»: певец ЮрКисс обвинил SHAMANа во лжи





Rss.plus
Культура

Россия и Культура, Дети: в Пушкинский день театр кукол «Ульгэр» выступил в Мухоршибирском районе Бурятии




Тарасова — об участии Валиевой в шоу: не боюсь, что ей продлят дисквалификацию

Мэр Собянин показал готовый экземпляр нового кроссовера "Москвич 8"

Движение транспорта временно закроют на участке трассы М-7 «Волга» 14–17 мая

Дочь Куклачева рассказала об улучшении состояния артиста




68% дар Русия ришваситонӣ ва боздоштҳоро аломати пӯсидагии ҳукумат медонанд

Ozodi.org 

Аз се ду ҳиссаи русиягиҳо ришваситонии мақомот ва боздошти онҳоро аломати фасодзадагӣ ва пӯсидагии ҳукумат медонанд. 22 дар сад инро мавридҳои алоҳида ва ғайри маъмул барои кишвар хонаданд. Дар ин бора бунгоҳи омӯзиши афкори умум - "Левада-центр" дар як пажуҳиш хабар дод, ки ҳафтаи гузашта анҷом шуд. Боздошти узви Шӯрои Федератсия аз Карачево- Черкесия Рауф Арашуков ва падари ӯ дар охири моҳи январро чаҳоряки пурсидашудаҳо аломати муборизаи ҷиддӣ бо фасодкорӣ ва қариб сеяк мубориза барои тақсими... Читать дальше...

Венесуэла нерӯҳояшро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард

Ozodi.org 

Фармондеҳии артиши Венесуэла "ба хотири ҳифзи сулҳу амнияти мардум тариқи бастани сарҳад" нерӯҳоро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард. Дар ин бора артиши Венесуэла дар Твиттер хабар дод. Қарор буд, 23 феврал амалиёти интиқоли кумаки башардӯстона ба Венесуэла сурат бигирад. Муовини президенти Венесуэла Делсӣ Родригес низ тасдиқ кард, ки марзҳо бо Колумбия баста шуданд. "Ҳукумат ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки пулҳои ба номи Симон Боливар, Сантандер ва Унион ба далели таҳдидҳои ҷиддӣ ва ғайриқонунии... Читать дальше...

Маскав ҳазфи матни русиро аз пули миллии Қазоқистон шарҳ дод

Ozodi.org 

Ҳазви матни русӣ аз пули миллии Қазоқистон бо фармони президент Нурсултон Назарбоев кори дохилии он кишвар аст. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ (ВУХ)-и Русия Мария Захарова рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ баён дошт. "Ба назари мо, кори дохилии он кишвар аст. Аз сӯи дигар, мо ҷонибдори ҳамкорӣ бо ҳамтоён ва шарикони қазоқи худ дар робита ба ҳуқуқи сокини Қазоқистон ҳастем, ки барояшон забони русӣ ҷойгоҳи махсус дорад", - изҳор дошт Захарова. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти Қазоқистон барои ҳифзи ҷойгоҳи забони русӣ талош мекунад. Читать дальше...

Дар Лос-Анҷелес барандагони ҷоизаи "Оскар"-ро эълон карданд

Ozodi.org 

Шаби якшанбе ба душанбе дар толори "Dolby Theatre”-и шаҳри Лос-Анҷелес барандагони ҷоизаи "Оскар"-ро эълон карданд. Маросими ҷоизасупорӣ бори нахуст дар 30 соли ахир бидуни баранда баргузор шуда, мукофотро меҳмонони маъруф тақдим карданд. Унвони беҳтарин филмро "Китоби сабз"-и Питер Фареллӣ соҳиб шуд, ки ба давраи табъизи нажодӣ дар ИМА бахшида шудааст. Ҷоизаи "Оскар"-ро дар бахши беҳтарин коргардон Алфонсо Куарон аз Мексика барои филми "Рома"-аш ба даст овард. "Рома" беҳтарин филми хориҷӣ дониста шуда буд. Читать дальше...

Роҳпаймоии гиромидошти хотираи Немтсов дар даҳҳо шаҳри Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Маскав, Санкт-Петербург, Воронеж, Ярослав ва як қатор шаҳрҳои дигари Русия рӯзи 24-уми феврал ҳазорон нафар ба кӯча баромада, хотираи Борис Немтсов, мухолифи кушташудаи русро гиромӣ доштанд. Сокинони Маскав дар "Булварное колтсо" роҳпаймоӣ карда, бино ба иттилои созмони "Ҳисоби сафед", дар он беш аз 10 ҳазор одам иштирок карданд. Пулис гуфт, дар ин роҳпаймои Маскав шаш ҳазор иштирок кардааст. Роҳпаймоиро ҳаракати "Ҳамраъйӣ", ҳизбҳои ПАРНАС ва "Яблоко", Бунёди мубориза бо коррупсия ва созмонҳои дигари мухолифи Русия ташкил карданд. Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Пензенские регбистки выиграли первенство России


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru