Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

Новости за 05.02.2019

Ба ҷамъоварии оҳанпора рафт, вале худ пора-пора шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷамъоварии оҳанпора дар ҳудуди размоишгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар Лоҳур бо марги як сокини 17-солаи деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов анҷомид. Ҳодиса рӯзи 3-юми феврали имсол рух дод. Наздиконаш мегӯянд, Сироҷиддин аз таркиши тири кӯҳнаи гранотомёт ба ҳалокат расид.

Сергей Лавров дар суҳбат бо мақомоти Тоҷикистон аз чӣ гуфт?

Ozodi.org 

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, баъди боздид аз Қирғизистон шоми 4-уми феврал ба Душанбе омад. Вай дар суҳбатҳояш бо мақомоти Тоҷикистон ва хабарнигорон ба ҳамкориҳои ду кишвар, нақши пойгоҳи 201-ум ва мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон дахл кард.



Русия Каромат Шарифовро аз нафақа ва имтиёзҳо маҳрум кард

Ozodi.org 

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, мегӯяд, вазорати мудофиаи Русия ӯ ва аъзои хонаводаашро аз чанд имтиёзи иҷтимоӣ маҳрум кардааст. Вай рӯзи 13-уми декабри соли 2017 аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.

Хоксупории 5 тифли қурбонии сӯхтор дар Остона

Ozodi.org 

Дар шаҳри Остона 5 феврал ҷасади панҷ хоҳареро ба хок супурданд, ки шаби 4 феврал дар натиҷаи оташ гирифтани як кулбаи муваққатӣ дар маҳаллаи "Коктал-1"-и ноҳияи Сариарк ба ҳалокат расиданд.

Назарбоев дар робита бо марги панҷ кӯдак дар сӯхтор тасаллият баён кард

Ozodi.org 

Матбуоти расмӣ тасаллияти президенти Қазоқистон дар робита бо марги панҷ тифли ноболиғ дар як сӯхтори хона дар шаҳри Остонаро нашр кард. Дар як сӯхтори шаби 4 феврал дар кулбае, ки барои зиндагии муваққатӣ пешбинӣ шудааст, якбора панҷ фарзанди як оила ҷон дод. Субҳи 5 феврал маросими хоксупории онҳо баргузор шуд. Президент Нурсултон Назарбоев дар як изҳороташ ба мақомот таъкид кардааст, ки чораҳои заруриро андешанд, то ки чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд. Ӯ ин ҳодисаро “як фоҷеаи азим”  номидааст. Читать дальше...

Доналд Трамп дар баробари Конгресс суханронӣ мекунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп қарор аст шоми 5 феврал бо паёми дуюми худ дар баробари Конгресс  суханронӣ кунад ва ин навбат қарор аст дар масоили муҳоҷират, низоъ дар Ховари Миёна ва иқтисоди ИМА тамаркуз кунад. Суханронии президент дар шароите шунида мешавад, ки ихтилофҳои дохилии миёни демократҳои Конгресс ва президент дар ҳоли афзоиш аст. Суханронии президент чанд рӯз баъди хатми мутаваққифшавии кори ҳукумати Амрико баргузор мешавад, ки 35 рӯз идома дошт ва  тӯлонитарин   дар таърихи ин кишвар буд. Читать дальше...



Мақомот дар Хатлон "Амалиёти иҷоранишин"-ро роҳандозӣ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомӣ дар ҷануби Тоҷикистон "Амалиёти иҷоранишин"-ро роҳандозӣ кардаанд. Ҳадаф аз роҳандозии ин амалиёт, ошкор кардани ҷинояткорӣ будааст. Генерал Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохила дар Хатлон мегӯяд, ин амалиёт як моҳ идома мекунад.   Искандар Солезода рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, вақте як нафари ҷинояткор ё таҳрибкор мехоҳад амале анҷом диҳанд, дар оғоз як ё ду рӯз пеш ҷойбаҷо мешаванд ва баъдан ҷойи ҳодисаро омӯхта,  амалеро анҷом медиҳанд. Ба ин манзур... Читать дальше...

Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд

Ozodi.org 

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ-ягона роҳ ба шимоли кишвар, дубора имконпазир шуд. Ин роҳ субҳи 5-уми феврал дар пайи барфрезии шадид баста шуда буд. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, аммо ҳоло танҳо ба худравҳое, ки аз Хуҷанд ба пойтахт меоянд, иҷозаи убури роҳ дода мешавад. Ба қавли сухангӯи IRS, талош доранд бо даст додани имконият  ҳаракат аз ҷониби Душанбе ба вилояти Суғд низ боз шавад. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 5-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон, шикояти Каромат Шарипов, манъи убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Туркманистон, фавти навраси тоҷик бар асари таркиши тири кӯҳна дар пойгоҳи низомии Русия ва матолиби дигар.

Сенат бо хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Сурияву Афғонистон розӣ нест

Ozodi.org 

Сенати Амрико дар як иқдоми бештар расмӣ бо амри президент Доналд Трамп дар заминаи хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Сурияву Афғонистон мухолифат кард. Як таҳрир ба қонун, ки 4 феврал муаррифӣ шуд ва бештар хусусияти ғайриҳатмӣ дорад, гуфта шудааст, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамоно як хатар ба амнияти Иёлоти Муттаҳида боқӣ мемонад. Аз он ҷо ки Трамп узви ҳизби ҷумҳурихоҳ буда, маҳз намояндагони ҳамин ҳизб назорат бар палатаи болоии Конгрессро ба ӯҳда доранд, таҳрири мазкур ҳамчун мухолифати ҷиддӣ бо сиёсати хориҷӣ арзёбӣ мешавад. Читать дальше...

Худойбердӣ Холиқназарзода ва Сайфулло Сафаров бознишаста шуданд

Ozodi.org 

Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, бо сабаби бознишастагӣ аз мақоми худ озод шуд. Хадамоти матбуоти президент рӯзи 5-уми феврал гуфт, Диловар Қодирзода мудири нави Маркази тадқиқоти стратегӣ таъйин шудааст. Вай то ин дам раиси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд.   Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, низ аз мақоми худ озод ва бознишаста шудааст. Сафарови 66-сола аз соли 2001 ба ин тараф ба ҳайси муовин ва муовини... Читать дальше...

Баҳси нафақа дар нишасти хабарии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ

Ozodi.org 

Мизони пасти нафақа дар Тоҷикистон, яке аз масъалаҳое буд, ки имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти матбуjтии Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар? баҳсҳоеро ба миён овард. Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посухи ба пурсиши хабарнигорон, ки чаро шаҳрвандон 180 сомонӣ -- як нафақаи ночизе мегиранд, иброз дошт, ки ба ин андеша розӣ шуда наметавонад. Ӯ гуфт, ба онҳое 180 сомонӣ нафақапулӣ пардохт мешавад, ки дар ҳеҷ куҷое кор накардаанду ҳиссае надоранд. Дар ин нишаст, хабарнигорон иловатан пурсиданд... Читать дальше...

Толибон ба музокироти Маскав ҳозир мешаванд

Ozodi.org 

Ҳайате ба намояндагӣ аз мақомоти Толибон дар Маскав бо шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла, собиқ президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфтугӯ анҷом медиҳанд. Ин мулоқот, ки рӯзи 5 феврал бидуни ҳузури мақомоти расмии ҳукумати Афғонистон баргузор мешавад, мавриди интиқоди маъмурияти раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ қарор гирифт. Ҳукумати Русия даст доштанаш дар корҳои тадорукотии ин нишастро рад карда мегӯяд, ҳамоише, ки музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 17-соларо ҳадаф дорад, аз ҷониби ҷамъияти афғонҳои муқими Маскав ташкил шудааст. Читать дальше...

Дар Хатлон 538 танфурӯшро сабти ном кардаанд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, соли гузашта дар вилоят 538 танфурӯшро сабт карданд, ки дар байни онҳо 95 нафар гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ ҳастанд. Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, рӯзи 5-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Бохтар гуфт, "дӯст намедорад, дар бораи ин мавзуъ суҳбат кунад, вале масъалаи доғи ҷомеа аст, ки онҳоро ба ташвиш овардааст." Ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати иртиботи ҷинсӣ бо гирифторон, мумкин аст, бемории вируси... Читать дальше...


Музыкальные новости
Песня

Прослушивание Песни исполнителя. Обсуждение таланта и творческих перспектив Артиста.





Rss.plus
РПЛ

В РПЛ сменился лидер турнирной таблицы




Tele2 первой обеспечила 100% покрытие сетью нового отрезка платной магистрали М4

Почти 3 тысячи гектаров земли доступны в индустриальных парках Подмосковья

Примадонна оперной сцены Хибла Герзмава споет в ...

У подростка-зацепера из-за удара током сгорел половой орган




Лавров: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд

Ozodi.org 

Сергей Лавров – вазири умури хориҷии Русия – гуфт, ки ҳарчанд Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, муҳоҷиронаш аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд. Изҳороти Лавров дар ҷавоб ба суоли “афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар назар ҳаст ё не”, садо дод.

"Агар аз баҳраш гузарам, Худо маро мезанад"

Ozodi.org 

Муҳаммад Дадобоев, раққоси тоҷик мегӯяд, рақси мардонаи суннатӣ дар Тоҷикистон ба тадриҷ аз ёдҳо меравад ва набояд иҷоза дод, ки як ҷузъи зебои фарҳанги мардумӣ, ки ҳазорсолаҳо умр дорад, аз байн биравад.

Манъи мошинҳои борбари Тоҷикистон дар марзи Туркманистон. АКС

Ozodi.org 

Даҳҳо мошини борбар аз Тоҷикистон дубора дар марзи Туркманистон дармондаанд. Ронандаҳо гуфтанд, мақомоти Туркманистон рӯзи 4-уми феврал иҷоза надоданд, ки ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Туркманистон шарҳи далели чунин рафторашонро хостаанд. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол ҷавоби суоли худро нагирифтаанд. Ӯ афзуд, "ба интиқолдиҳандагони мол гуфтем, як муддат сабр кунанд, то маълум шавад,... Читать дальше...

Нафақаи муҳоҷирон

Ozodi.org 

Русия ба ду пешниҳоди калидии Тоҷикистон дар масъалаи таъйини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик посух додааст. Сафаралӣ Наҷмуддинов, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, пешниҳодҳо барои таъйини нафақа ба ду категорияи муҳоҷирни меҳнатӣ дар Русия ироа гардид. Оқои Наҷмуддинов иброз дошт, категорияи якум шаҳрвандоне ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд ва категорияи дувум афродеанд, ки муҳоҷирати мавсимӣ доранд. Оқои Наҷмуддинов гуфт... Читать дальше...

Сергей Лавров ба Душанбе омад

Ozodi.org 

Дар "Кохи Миллат" аз субҳи 5-уми феврал музокироти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия идома дорад. Вафо Ниятбеков, роҳбари бахши иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷаноби Лавров шоми гузашта ба Душанбе расид ва ҳоло бо роҳбари Тоҷикистон мулоқот мекунад. Баъд аз анҷоми ин мулоқот музокироти Сергей Лавров бо Сироҷиддин Муҳиддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст. Дар поёни ин мулоқот ҳар ду вазири Тоҷикистону... Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганта убрали из программы концерта, посвященного юбилею Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

В Москве пройдет Братский кубок с "Динамо", ЦСКА и сербскими "Партизаном" и ОФК

Пензенские регбистки выиграли первенство России


Уимблдон

Финалистка юниорского Уимблдона-2023 получила временное отстранение за допинг



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В Архангельске загорелся теплоход "М.В. Ломоносов": что известно о пожаре



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России