Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

Новости за 24.02.2019

Сокинони Приднестровйе барои овоз додан саф кашиданд

Ozodi.org 

Сокинони Молдова рӯзи 24 феврал дар интихоботи парлумонӣ иштирок карданд. Барои ширкат дар интихобот сокинони Приднестровйе, ки аксарият русзабон ҳастанд, бо автобус ба нуқтаҳои раъй интиқол дода шуданд. Ин минтақа, ки соли 1990 истиқлолияти худро аз Молдова эълон кард, ду сол баъд шоҳиди як ҷанги хунин шуд. Низоъ бо як созише хотима ёфт, ки бар асоси он артиши Русия дар минтақа монда аз ҷудоиталабон ҳимоят мекунад. Бо вуҷуди даъватҳои СММ, 1400 низомии Русия ин қаламравро тарк карданӣ нестанд.



Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард

Ozodi.org 

Марк Поммершайм ба ҳайси сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард. Маросим рӯзи 22-юми феврали имсол дар Вашингтон баргузор шуд. Номзадии дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод шуда, рӯзи 7-уми январи имсол тасдиқ гардидааст. Бо ин ҳол, замони ба Тоҷикистон омадани ӯ ҳанӯз маълум нест. Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси... Читать дальше...

Чӣ гуна Мовароуннаҳр исломӣ шуд? (Реги Омӯ, бахши 2) ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар суҳбати гузашта аз вазъи Мовароуннаҳр, таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии он то зуҳури ислом сухан гуфта будем. Дар ин суҳбат мехоҳем аз нахустин ҳамлаҳои лашкариёни арабӣ-исломӣ ба Ховари Миёна то ҳокимияти комили исломӣ-арабӣ бар ин минтақа сухан бигӯем.

Чӣ гуна Мовароуннаҳр исломӣ шуд? (Реги Омӯ, бахши 2)

Ozodi.org 

Дар суҳбати гузашта аз вазъи Мовароуннаҳр, таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии он то зуҳури ислом сухан гуфта будем. Дар ин суҳбат мехоҳем аз нахустин ҳамлаҳои лашкариёни арабӣ-исломӣ ба Ховари Миёна то ҳокимияти комили исломӣ-арабӣ бар ин минтақа сухан бигӯем.

Шикоят аз шиканҷа. "Ангуштони Алиҷон доғи сиёҳ дошт"

Ozodi.org 

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми феврал хабар дод, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алиҷон Ашӯров барои ба дӯш гирифтани гуноҳ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Ашӯрови 27-сола ба ҳайси сартарош дар Русия кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта ҳамроҳи зану кӯдаконаш аз онҷо ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе маъмурони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дастгир кардаанд. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ барои “майл ба терроризм” ва “нияти сафар ба Сурия” муттаҳам аст. Читать дальше...



Дар Узбекистон қасд доранд, никоҳи хешутабориро манъ кунанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Узбекистон тарҳи иловаҳо ба Кодекси оиларо таҳия кардааст, ки никоҳи хешовандони наздик, аз ҷумла издивоҷ бо писар ё духтари аммаву амакро дар ин кишвар манъ мекунад. Дар ин бора рӯзи 23-юми феврал вебсайти Podrobno.uz хабар дод. Қарор аст, ин ислоҳ ба моддаи 16-уми Кодекси оилаи Узбекистон ворид карда шавад. Дар ҳоли ҳозир никоҳи хешутаборӣ дар Узбекистон иҷоза ҳаст. Вале мақомот издивоҷи бародару хоҳар ва афроди гирифтори касалиҳои рӯҳиро манъ кардаанд. Инчунин, гирифтани ҳамсари дувум иҷоза нест. Читать дальше...

Соли гузашта дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта шудааст

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид соли гузаштаро “пурталафоттарин сол” барои ғайринизомиён дар Афғонистон донистааст. Ин созмон дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, гуфт, соли 2018 дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 7100 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Ин рақам дар муқоиса ба талафоти ғайринизомиён дар соли 2017 ёздаҳ дар сад бештар будааст. Афзоиши талафот дар Афғонистон ба нерӯ гирифтани гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”, афзоиши ҳамлаҳои интиҳорӣ ва идомаи амалиёти Толибон дар ин кишвар марбут дониста шудааст.

Шароби заҳролуд дар Ҳиндустон беш аз 100 нафарро кушт

Ozodi.org 

Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ки бар асари нӯшидани шароби заҳролуд дар иёлати Ассом дастикам 133 нафар ҷон бохта ва тақрибан 225 нафари дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Мукеш Агарвал, як мақоми пулис, рӯзи 24-уми феврал гуфт, аксари осебдидаҳо кормандони корхонаи истеҳсоли чой буданд. Агарвал афзуд, молики як корхонаи шароббарорӣ ва даҳҳо тани дигар дастгир шуда, таҳқиқот дар ин замина идома дорад. Ҳиманта Бисва Шарма, вазири тандурустии иёлати Ассом, гуфт, ба таҳиякунандагони шароби ғайриқонунӣ ҳеч раҳм нахоҳанд кард. Читать дальше...

Гуайдо гуфт, роҳи кумакҳои башардӯстона ба Венесуэла боз шуд

Ozodi.org 

Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон дар Венесуэла, хабар дод, ки гузаштани корвони кумакҳои башардӯстона аз марзи Бразилия ба дохили ин кишвар оғоз шудааст. Гуайдо рӯзи 23-юми феврал дар Твиттер ин иқдомро "як дастоварди олӣ" хонд. Горди  миллии Венесуэла ба шуморе аз сокинони Урена, минтақаи сарҳадӣ бо Бразилия, гази ашковар пошид. Ин сокинон мехостанд монеаҳоро, ки пули сарҳадӣ миёни Венесуэла ва Колубмияро баста буд, бардоранд, то кумакҳои башардӯстона вориди кишвар шаванд. Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифи ҳукумати Венесуэла... Читать дальше...

Ҳалокати 4 хонандаи мактаб дар Айнӣ. Яхпора шикаст ва...

Ozodi.org 

Бар асари шикастани яхпора дар обанбори хурде дар рустои Оби Канапои ноҳияи Айнии вилояти Суғд чаҳор навраси 14-15-сола ҷон бохтаанд. Ҳодиса соати шаши бегоҳи 23-юми феврал рух дода, ба қавли сокинон, ҷасадҳо танҳо соати даҳи шаб аз даруни об берун оварда шуданд.

Арабистони Саудӣ як занро сафир дар Амрико таъйин кард

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ бори аввал як занро ба ҳайси сафири ин кишвар дар Амрико таъйин кардааст. Расонаи давлатии Саудӣ рӯзи 23-юми феврал гузориш дод, ки Рима бинти Бандар бинни Султон – духтари сафири пешини Арабистон дар Вашингтон – ба ҳайси сафири тозаи он кишвар таъйин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Холид бин Салмон - бародари Муҳаммад бин Салмон - валиаҳди Саудиро иваз хоҳад кард. Холид ҳоло ба ҳайси муовини вазири дифои Арабистони Саудӣ таъйин шудааст. Таъйини нахустин сафири зан дар Саудӣ дар ҳоле сурат мегирад... Читать дальше...

Ҳашт даста дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2019

Ozodi.org 

​Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон)-2019, ки аз 24-уми феврал то 5-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат меварзад.

Трамп Келли Крафтро сафири Амрико дар СММ интихоб кард

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Келли Найт Крафтро сафири ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ кард. Трамп дар ин бора рӯзи 23-юми феврал дар “Твиттер” хабар дод. Келли Крафт аз соли 2017 сафири Амрико дар Канада аст. Дар сурати тасдиқ шудани номзадиаш аз тарафи Сенат, ӯ дар ин мақом Никки Ҳейлиро иваз хоҳад кард. Крафт зодаи иёлати Кентакки аст ва то замони фаъолияти дипломатӣ дар созмонҳои хайрия кор мекард. Пешниҳоди нави Доналд Трамп дар мавриди намояндаи Амрико дар Созмони Милал як ҳафта баъди он матраҳ шуд... Читать дальше...

Файзов бекориро аз мушкили асосии сокинони Бадахшон номид

Ozodi.org 

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон, гуфтааст, дар минтақа 6 ҳазор нафар расман ҳамчун бекор сабтином шудаанд, вале дар асл шумораи бекорон ба маротиб бештар аст. Нишасти хабарии Файзов рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси Бадахшон, 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "эътироф карданд, ки омори расмӣ баёнгари воқеият нест. Дар асл шумораи бекорон ба 30 дар сади вилоят мерасад. Ҳамчунон раис эътироф карданд, ки айни замон мақомот имкони бо ҷойи кор таъмин... Читать дальше...

Нерӯҳои Фаронса дар Мали як мақоми “Ал-Қоида”-ро куштаанд

Ozodi.org 

Артиши Фаронса эълон кард, ки як фармондеҳи аршади “Ал-Қоида”-ро дар Мали, ҷумҳурие дар ғарби Африқо, куштааст. Мақомҳои Фаронса рӯзи 22-юми феврал гуфтанд, талош барои қатли Яҳё Абу ал-Ҳаммом солҳо боз идома дошт. Ӯ ба “тарроҳии ихтилофи ғарбиҳо” дар минтақаи соҳили Африқо муттаҳам будааст. Вазорати дифои Фаронса мегӯяд, Яҳё Абу ал-Ҳаммом рӯзи панҷшанбеи гузашта ва баъди он кушта шуд, ки нерӯҳои фаронсавӣ, чархболҳо ва як ҳавопаймои бесарнишини ин кишвар ба корвони мошинҳои ӯ ҳамла карданд.

Рӯйхати оилаҳои "ноустувор". Гапи хона ба кӯча мебарояд?

Ozodi.org 

Тарси афзоиши талоқ ва нимаятим шудани кӯдакон, ҳукумати Кӯлобро водор кардааст, то барои ба ифоқа овардани оилаҳои ноустувор чора андешад. Сол ба сол дар ин шаҳр шумораи оилаҳое, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, афзоиш меёбад.



Москва

Сервер российского вендора DатаРу прошел сертификацию и показал рекордную производительность при работе с SAP HANA


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Певец Юрий Лоза обвинил в убийстве Владислава Листьева «финансовых воротил»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


ATP

Хачанов вышел в третий круг турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России