Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

Новости за 13.02.2019

Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Эрон 41 нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо аз Эрон, дар ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон 41 узви Сипоҳи посдорони инқилоб кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 13-уми феврал рух дод. Бино ба гузоршиҳо аз Эрон, инфиҷор дар канори мусофирбаре иттифоқ афтодааст, ки коркунони Сипоҳро мекашонд. Қароргоҳи қудси сипоҳи посдорон гуфт, сарнишинони мусофирбар нерӯҳое буданд, ки пас аз анҷоми маъмурияти марзбонӣ бармегаштанд. Онҳо дар ҷодаи Хош-Зоҳидон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифтаанд. Ин манбаъ мегӯяд, ҳамлаи интиҳорӣ... Читать дальше...

Пирӯзии наврасони тоҷик дар озмуни ҷаҳонии нанотехнология

Ozodi.org 

Дар озмуни байналмилалии нанотехнология, ки ба шакли ғоибона ва миёни беш аз 8 ҳазор толибилм аз 28 кишвари дунё баргузор шуд, Тоҷикистонро гурӯҳе аз хонандагони гимназияи Тоҷикистону Русия “Ҳотам П. В” намояндагӣ кард. Далер Пиров, хонандаи синфи 10-и ин мактаб, дар озмун мақоми аввалро касб намуда, хонандагони синфҳои 8 ва 11 Яҳё Шамсиева, Темур Саломатшоев, Фараҳманд Ҳасанов, Муҳаммадҷон Камолиддинзода, Саидансор Саидаҳтамов, Мурод Абдураҳим, Иброҳим Саидов ва Каёнуш Рустамзода натиҷаҳои хуб ба даст оварданд. Читать дальше...



Дар Варшава конфронси Ховари Миёна ҷараён дорад

Ozodi.org 

Дар конфронси калоне дар Варшава, ки ба масоили Ховари Миёна бахшида шуда, ташкилкунандааш ИМА мебошад, Эрон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Теҳронро дар амалҳои душманона гунаҳгор карда дар паёмадҳои номатлуби рафтораш ҳушдор доданд. Майк Помпео, котиби давлатии ИМА ва вазири хориҷаи Полша Ясек Чапутович раҳбарии ин конфронси байналмилалиро ба ӯҳда доранд, ки ду рӯз идома мекунад. Дар он намояндагони 60 кишвар ширкат мекунанд. Дар нишаст инчунин муовини президенти Амрико Майк Пенс ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ширкат доранд.

Ҳалокати як корманди ширкати IRS дар зери тарма

Ozodi.org 

Як ронандаи мошини пуриқтидори пок кардани роҳҳо аз барф дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ шоми 13-уми феврал дар зери тарма монда ва ба ҳалокат расидааст. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ иттифоқ афтод. "Ронанда Туғён Умаров, сокини 65-солаи деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб ҳангоми пок кардани роҳ зери тарма монд", - афзуд ӯ.  Ба қавли Далери Абдулло, айни замон ҷасади Туғён Умаров аз қаъри дара берун оварда шуда, ба манзилаш интиқол ёфт. Читать дальше...

Кори ду комиссиюни интихоботии Афғонистон мавриди таҳқиқ қарор гирифт

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки  аз рӯи иттиҳоми сӯиистифода шудани мақоми аъзои ду коммиссиюни интихоботии ин кишвар дар ҷараёни интихоботи сартосарии соли гузашта таҳқиқот шурӯъ шудааст. Додситонии кулли Афғонистон рӯзи 12 феврал гуфт, ки дар паи ин иттиҳомот 12 узви  Комиссиюни мустақили интихоботӣ ва ҳам Комиссиюни мустақили шикоятҳои интихоботӣ аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ба мақомдорони собиқ инчунин амр шуд, ки кишварро тарк накунанд. Дар паи интихоботи моҳи октябри порсол мақомоти интихоботӣ... Читать дальше...

Кумитаи забон "СССР"-ро ба нақзи қоидаи забон айбдор кард

Ozodi.org 

Беш аз чиҳил расона дар Тоҷикистон, аз ҷумла нашрияи мустақили "СССР", ба нақзи қоидаҳои забони давлатӣ муттаҳам шудаанд. Дар ин байн мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳот аз Додситонии кул хостаанд, ки аз нашрияи "СССР" ҷарима ситонад.



Президенти собиқи Арманистон дар порагирӣ гумонбар мешавад

Ozodi.org 

Муфаттишон дар Арманистон нисбати президенти собиқи ин кишвар Роберт Кочарян парвандаи наве дар робита бо фасодкорӣ боз кардаанд. Дар гузашта Кочарян барои нақзи низоми конститутсионӣ гумонбар шуда буд. Арам Орбелян, вакили дифои Кочарян рӯзи 12 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар иттиҳоми нав гуфта мешавад, ки як соҳибкорзан бо номи Силва Ҳамбартсумян маҷбур шудааст ба як вазири Арманистон пора диҳад. Вакили дифоъ аз ин беш сӯҳбат накард. Худи Ҳамбартсумян моҳи октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 13-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Кумитаи умури занон мегӯяд, ҳадафаш на манъи сатр, балки тарғиби либоси миллӣ аст, шарҳи идораи умури дохилии Суғд дар бораи худсӯзии Истад Қурбонова, манъи ҳаракати қатораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар Туркманистон ва солгарди беруншавии сарбозони Шӯравӣ аз Афғонистон.

Муҳоҷирати модар Ҷаҳонгиру хоҳаронашро бармаҳал ба воя расонд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷаҳонгири 17-сола баъд аз синфи 9 дигар ба мактаб нарафт. На ин ки хондан намехост, балки имкон даст надод, зеро модари танҳояш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва Ҷаҳонгир бояд ду хоҳар ва ду тифли ятиммондаи холаи марҳумашро саробонӣ кунад.

Дар ятимхонаҳои Узбекистон дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Ozodi.org 

Дар ятимхонаҳои Узбекистон то 1 июни соли 2019 дурбинҳои наворбардорӣ насб мешавад. Президенти ин кишвар 11 феврал фармон "Дар бораи чораҳои иловагии тақвияти ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим"-ро имзо кард. Дар асоси ин фармон, вазорати маорифи халқӣ вазифадор шудааст, ки дар ятимхонаҳо дурбини наворбардорӣ насб кунад. Расонаҳо дар бораи хушунат дар ятимхонаҳои Узбекистон дар гузашта борҳо гузориш доданд. Фармони президенти он кишвар ҳамзамон афзоиши маоши омӯзгорону мураббиён ва кумакпулӣ ба тарбиятгирандагони ятимхонаҳоро дар назар дорад.

ИА ва СММ аз Маскав хостанд, дар Донбасс низоъ наангезад

Ozodi.org 

Фаронса, Олмон, Бритониё, Белгия ва Лаҳистон аз Русия даъват карданд, ки низоъандозӣ, пуштибонии молӣ ва низомии ҷудоихоҳонро дар шарқи Украина қатъ кунад. Кишварҳои Аврупо то кунун зидди ғасби Қрим аз сӯи Русия ҳастанд. Амалкарди Маскав истиқлол ва ягонагии марзии Украинаро вайрон ва суботи дунёро халалдор мекунад. Дар ин бора дар изҳороти муштараки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зикр шудааст. Чунин изҳорот дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба вазъи Украина қабул гардид. СММ ҳамзамон созишномаи... Читать дальше...

Қарзи давлатии Амрико аз марзи 22 триллион доллар гузашт

Ozodi.org 

Ҳаҷми қарзи давлатии ИМА бори аввал дар таърихи ин кишвар аз марзи 22 триллион доллар гузашт. Аз замони сари қудрат омадани президент Доналд Трамп қарзи ин кишвар бештар аз 2 триллион доллар афзудааст. Ҳаҷми қарзи давлатӣ баъди он рӯ ба афзоиш ниҳод, ки дар моҳи декабри соли 2017 бо ташаббуси Трамп ислоҳоти андоз рӯи даст гирифта шуд. Дар натиҷа буҷаи федеролӣ 1,5 триллион долларро ҷамъ оварда натавонист. Қонуни афзоиши харҷи низомӣ ва эҳтиёҷҳои дохилӣ низ ба бештар шудани қарзи давлатӣ таъсир расонидаанд. Читать дальше...

Дар ҷануби Қирғизистон баргузории тӯйро маҳдуд мекунанд

Ozodi.org 

Ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон бо таҳияи қоидаҳое мехоҳад, баргузории тӯйю маъракаҳоро дар ин минтақа ба танзим дарорад. Таҳиягарони қоидаҳо мегӯянд, ҳадафи онҳо коҳиши харҷи сокинон ба тӯйю маросимҳо аст. Дар ҳукумати Бодканд гуфтанд, танзими тӯйю маросимҳо пешниҳоди як гуруҳ аз сокинони деҳаи Оқ-Турпоқи ноҳияи Қадамҷой аст. Дар ин деҳа соли гузашта чунин қоида ҷорӣ шуда ва натиҷаи хубе ҳам овардааст. Сокинони деҳа пешниҳод кардаанд, ки ин таҷриба дар саросари ноҳия амалӣ шавад. Вале раҳбарияти Бодканд тасмим гирифтааст... Читать дальше...

"СССР" ва 40 расонаи дигар ба нақзи қоидаи забон айбдор шуданд

Ozodi.org 

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон беш аз чиҳил расона, аз ҷумла нашрияи мустақили "СССР"-ро ба нақзи қоидаҳои забони давлатӣ муттаҳам кард. Мақомоти кумита аз Додситонии кул хостаанд, ки аз нашрияи "СССР" ҷарима ситонад.

Тоҷикистон қасд дорад, ки барқро ба Узбекистон гаронтар фурӯшад

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба Узбекистон пешниҳод кардааст, ки имсол барои истифодаи барқ маблағи бештар пардохт кунад. Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми феврал дар нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки "мо ҳоло ба Узбекистон як киловатт-соат барқро ба нархи 2 сент мефурӯшем." Аммо ин масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки имсол ба Узбекистон нархи баландтареро барои пардохти истифодаи барқ пешниҳод карданд. Рустам Маҷидзода мушаххас нагуфт, ки нархи пешниҳодии онҳо чӣ қадар аст, аммо таъкид намуд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Лоза

Певец Лоза заявил, что Влада Листьева убили из-за денег





Rss.plus
Яндекс

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы




Сергей Шахрай сообщил, как РФ и Китай могут обойти США и Европу в космосе

Экономический эффект Башнефти от внедрения передовых решений достиг 4,8 млрд руб.

Экс-игрок "Спартака" Тихонов: история тренера Слишковича напоминает Карреру

Девушку из Бобруйска, которая пропала в Московской области, нашли.




Асозода: Иддаои Талко дар бораи дегҳои алюминий исбот нашуд

Ozodi.org 

Мақомоти "Барқи Тоҷик" гуфтанд, ки иддаои Талко – корхонаи алюминиюми Тоҷикистон – дар бораи бо айби ин ширкат аз кор мондани дегҳои алюминий "исботи худро наёфт". Дар пайи қатъи интиқоли саросарии барқ дар соли 2016 чанд деги корхонаи Талко аз кор монд. Ширкат қаблан гуфта буд, аз кор мондани дегҳои алюминий бо айби барқ сурат гирифтааст. Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси "Барқи Тоҷик", рӯзи 13-уми феврал гуфт, "ин даъво исботи худро наёфт, чун ширкати "Барқи Тоҷик" дар вақти муқарраршуда садамаро бартараф кард". Читать дальше...

Тақсим шудани ширкати "Барқи Тоҷик" ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Таҷдиди ширкати "Барқи тоҷик" ба таъхир афтодааст. Қарор буд ин ширкат то охири соли 2018 ба ду ширкати алоҳида таъсис ёбад.  Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик", рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, раванди таҷдиди ширкат ба таъхир афтодааст. Ба гуфтаи Маҷидзода, сабаби аслии таъхир дар таҷдиди ширкат, ин тӯл кашидани баррасии санадҳо дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мебошад. Феълан як гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон таҷдиди ширкати "Барқи тоҷик"-ро амалӣ мекунанд. Читать дальше...

Кумитаи занон гуфт, ки ҳиҷоби ҳеҷ як занро аз сараш накашидааст

Ozodi.org 

Масъулини Кумитаи кор бо занони Точикистон мегӯянд, бархе дар ҷомеа "корхои фаҳмондадиҳӣ"-и ин ниҳодро нодуруст мефаҳманд, зеро ин кумита ҳиҷоби ҳеч як занро аз сараш накашидааст. Маҳбуба Азимова, як масъули ин кумита рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар як соли гузашта 48 гурӯҳи кории ин кумита дар якҷояги бо мақомоти интизомӣ рейдҳои фахмондадиҳии сарулибос, фаъолият доштанд. Ба гуфтаи Азимова, манзур аз чорабинии "фаҳмондадиҳӣ"-и кумита танҳо пӯшидани рӯймоли тоҷикӣ аст, на бештар аз он. Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Ивлеева

Блогер Настя Ивлеева пожертвовала полмиллиона рублей бойцам СВО из Забайкалья




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Заммэра Москвы Ефимов: набережная в Южном порту увеличится в 1,5 раза

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании


Даниил Медведев

Тарпищев: нельзя Медведева назвать главным претендентом на золото Олимпиады



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Суд обязал оператора Пулково улучшить защиту от птиц. Тот намерен обжаловать решение



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России