Ҷамшед Зиёев беш аз 10 миллион $-и "Тоҷпромбонк"-ро баргардонд
Ҷамшед Зиёев, раиси боздоштшудаи “Тоҷпромбонк”, ба маблағи 103 миллион сомонӣ (муодили беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ) амволи худро дар ихтиёри ин бонк гузоштааст. Зиёев моҳи апрели соли гузашта бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва “аз худ кардани маблағҳои бонк” дастгир шуда буд.