Тақрибан 600 сокини Суғд – дар Ироқу Сурия ва Афғонистон
Раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тақрибан 600 нафар аз сокинони минтақа дар Афғонистону Сурия ва Ироқ ҳастанд. Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи шахсият ва синну соли онҳо чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки “аксари ин афрод роҳи бозгашт ба кишварро меҷӯянд”.
“Якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо 12 нафари онҳоро баргардондем. Дар суҳбат гуфтанд, ки дар Афғонистону Сурия ва Ироқ чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронданд. Марҳала ба марҳала ҳамаи онҳоро ба ватан меорем”, - афзуд ӯ охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо хабарнигорон.
Аҳмадзода гуфт, ин сокинони вилоят Суғд дар солҳои 2014-2015 ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтаанд. Ба қавли ӯ, солҳои охир пайвастани сокинони минтақа ба сафи ҷангҷӯён дар Афғонистону Сурия ва Ироқ сабт нашудаааст.
Бино ба иттилои расмӣ тақрибан 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, ба майдонҳои ҷанг дар Ховари Миёна рафтаанд. Бархе аз ин афрод кушта ва бархеи дигар пинҳон шудаанд.
Тайи як соли охир додгоҳҳои Ироқ беш аз чиҳил зани тоҷикро бо ҷурми пайравӣ аз гуруҳи “Давлати исломӣ” ва ҳамзистӣ бо ҷангҷӯён ба солҳои тӯлонӣ, ҳабси абад ва қатл маҳкум кард. Дар ҳоли ҳозир масъалаи ба Тоҷикистон овардани 95 кӯдаки ин занҳо аз Ироқ ба Душанбе Баррасӣ мешавад.
Дар ҳоле ки мақоомт мегӯянд, аксари ин афрод аз камсаводӣ ва таассуб ба гуруҳҳои тундгаро печидаанд, иддае аз коршиносон ин вазъиятро ба бекории шадид дар кишвар низ рабт медиҳанд.