Ду "Боинг"-и "Тоҷик эйр" аз ҳабс озод карда шуд
Мақомоти тоҷик мегӯянд, раҳбарияи нави ширкати "Тоҷик эйр" феълан ду адад ҳавопаймои худ аз ҳабс дар фурудгоҳи "Внуково"-и шаҳри Маскав ва Душанберо озод карда, рӯзҳои наздик истифодаи онҳоро азсар хоҳад гирифт.
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфт, бо қарори ҳукумат ширкати "Тоҷик эйр" муваззаф шудааст барои дарёфти қарзҳои боимтиёз аз бонкҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои молии байналмилалӣ, иқдом бикунад.
Як ҳавопаймои "Боинг 757-200"-и ширкати давлатии "Тоҷик Эйр"-ро дар Душанбе рӯзи 15-уми январ ҳабс карданд. Ин ҳавопаймо бояд он рӯз ба Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон парвоз мекард, вале натавонист. Мақомоти "Тоҷик эйр" он замон гуфтанд, ҳавопаймо ба хотири қарздорӣ аз ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ? ба ҳабс гирифта шудааст. Як "Боинг"-и дигари "Тоҷик эйр" аз ин қабл дар шаҳри Маскав "дармонда буд". Масъулони ширкат гуфта буданд, ин ҳавопаймо дар "таъмир" аст.
Ширкати давлатии "Тоҷик эйр" чаҳор ҳавопаймои тамғаи "Боинг" дорад, ки ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, танҳо як адади он – "Боинг 737-700" – пурра моли ширкат аст. Боқимонда тариқи лизинг (иҷораи техникаву таҷҳизот бо шарти қисм-қисм пардохтани пул ва фоизҳо) ба ширкат ҷалб шудаанд.
“Гаравгонгирии” ҳавопаймоҳои "Тоҷик эйр" ҳодисаи нав нест. Тақрибан шаш моҳ қабл низ айни чунин ҳолат бо як "Боинг"-и ширкати давлатии Тоҷикистон дар Бишкек рух дода буд ва танҳо пас аз пардохти қарз ҳавопаймо озод карда шуд.
Аз рӯзи 5-уми январ парвози ҳавопаймоҳои "Тоҷик эйр" ба дохилу хориҷ мутаваққиф шуд ва бисёре аз кормандони онро ба рухсатии бемузд фиристоданд.
То шаш соли пеш "Тоҷик эйр" беш аз 71 миллион доллар аз ину аз он қарздор буд. Ҳоло бино ба гузоришҳо аз ширкатҳои аэронавигатсияи Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон қарздор аст. Аз фурудгоҳи Душанбе ва ширкати таъминоти сӯзишворӣ дар умум 250 миллион сомонӣ қарздор будааст.