Тоҷикистон 5 ҳазор тақвими созмони масеҳиро нобуд кард
Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасдиқ кард, ки 5 ҳазор тақвими як созмони масеҳӣ ҳангоми ворид кардан ба кишвар мусодира шудааст. Масъулини Хадамоти гумрук мегӯянд, ин тақвимҳо хусусиятҳои таблиғи дини бегонаро доштанд.