Русия, Чин ва Қазоқистон шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон номбар шуданд
Бар асоси омории расмӣ, дар соли 2018 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар як соли гузашта 4222,9 миллион долларро ташкил додааст, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2017 - 250 миллион доллар зиёд будааст. Гулнора Ҳасанзода, раиси оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар ин муддат Тоҷикистон ба маблағи 1073,3 миллион доллар мол содир кардааст.
Воридоти мол 3149,6 миллион доллар будааст. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми содироти мол коҳиш ва аммо ҳаҷми воридот афзоиш ёфтааст. Ҳасанзода гуфт, Тоҷикистон бо 100 кишвари хориҷи дур ва бо 10 кишвари узви ҷомеаи Муштаракулманофеъ муносибати савдои хориҷӣ дорад.
Мувофиқи маълумоти оҷонси омори Тоҷикистон, Русия бо 30 дарсади ҳаҷми умумии содироти мол ба ин кишвар шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон аст. Чин бинобар арзон ва рақобатпазир будани молҳояш дар Тоҷикистон харидори зиёд дошта ва 19 дарсади савдои хориҷи Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд. Қазоқистон бо 18 дарсад севвумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.