ВКД-и Тоҷикистон: "Соли гузашта 11 амали террористӣ ошкор шуд"
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти интизомӣ 298 тан аз аъзои тарафдорони гурӯҳҳои экстремистӣ боздошт шудаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта аз сӯи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар 11 амали террористӣ ошкор ва тарроҳони онҳо дастгир карда шуданд. Ба гуфтаи генерал Раҳимзод 7-тои ин амалҳои террористиро кормандони ВКД ошкор карданд.
Рамазон Раҳимзода дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар натиҷаи корҳои таблиғотии мақомоти корҳои дохилӣ, соли гузашта 99 шаҳрвандони кишвар, ки дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимзода, дар маҷмӯъ давоми солҳои гузашта 188 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷ иштирок доштанд, ба кишвар баргардонида шуданд.
Баъди шикасти ДИИШ ва озод шудани манотиқи зиёде аз дасти онҳо, занону кӯдакони зиндамондаи тоҷик дар Ироқ дар зиндон ва дар Сурия дар паноҳгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Ба ин ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна наздики 1900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон сафар кардаанд. Сарнавишти бештари онҳо маълум нест.