Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

Рамазон Раҳимзода моҷарои пулис ва Истад Қурбоноваро шарҳ дод

0
Рамазон Раҳимзода моҷарои пулис ва Истад Қурбоноваро шарҳ дод

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ ба қазияи сокини ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваи 70-сола низ дахл кард ва гуфт, ки дар рафтори кормандони милиса дар пайванд ба ин қазия, ҳеҷ амали ҷиноятӣ дида намешавад. Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабариаш ба суоли Радиои Озодӣ дар ин робита посух дод.

Ӯ дар шарҳи ин қазия гуфт, ки Истад Қурбонова қаблан се маротиба, аз ҷумла, барои "авбошӣ" ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд ва ин маротиба аз сӯи додситонии ноҳияи Айни алайҳи вай барои "ғасби намудани қитъаи замин" ва "қасдан нест намудани молу мулк" парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд ва ӯро ба ҳабс гирифтанд.

Ба гуфтаи вазир, Истад Қурбонова замони дар ҳабс будан кӯшиши сӯзонидани худро кард. "Мо барои сари вақти пеши роҳи инро нагирифтан, се корманди корҳои дохилиро ҷазои интизомӣ додем",-афзуд вай.

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, ин зан се маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ва ҳамчунин чор фарзанди ӯ ва се бародараш низ қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонида шуда буданд. Оқои Раҳимзода аз хонаводаи Истад Қурбонова бо ин сабабҳо, "оилаи ноустувор" ном бурд.

Сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд Истад Қурбонова рӯзи 2-юми январи имсол бо иттиҳоми ғасби замин дастгир шуд ва баъди даҳ рӯз ӯро бо бадани сӯхта ба бемористон бурданд. Ӯ ва наздиконаш иддао карданд, ки Қурбонова дар боздоштгоҳи пулис шиканҷа шудааст.

Худи ӯ рӯзи 30-юми январ дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки "ҳафт-ҳашт кас даромаданд. Онҳо табибро низ даъват карда ва гуфтанд, як "укол" кун, то баданаш карахт шавад". Истад Қурбонова мегӯяд, баъди ин давоми ҳодисаро дар ёд надорад, аммо замоне ки ба худ омад, "куртааш месӯхт".

Мақомот мегӯянд, ӯ барои сарпечӣ аз ҳозир шудан ба бозпурсӣ моҳи октябри соли гузашта таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифта ва аввали моҳи январ дастгир шудааст.

Дар ҳоли ҳозир се корманди ИВС ё боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ "барои хунукназарӣ ҳангоми адои вазифа, ки боис ба қасди худсӯзии Истад Қурбонова шуд”, аз кор ронда шудаанд. Таҳқиқи парвандаи Истад Қурбонова аз тарафи додситонӣ ҷараён дорад.

Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашидааст. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини ин корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас гирифта шавад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

Выгодно ли покупать квартиру в новостройке?


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Элвис Пресли

Родстер BMW Z4 попытались сделать похожим на BMW 507 Элвиса Пресли




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Елена Рыбакина

Рыбакина, Путинцева и Бублик стартуют на Ролан Гаррос. Кто в соперниках и чего ждать?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России