Раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Айнӣ 7 сол зиндонӣ шуд
Икром Ҷумъазода, раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, бо ҷурми ришвагирӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст.
Дар ин бора Муҳаммад Мирзозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи вилояти Суғд, рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ҳукми Ҷумъазодаро Додгоҳи олии Тоҷикистон содир кард.
Раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Айнӣ тобистони соли гузашта аз тарафи маъмурони Оҷонси зидди фасод дастгир шуда буд. Мақомот ӯро дар ду ҳолат ба гирифтани тақрибан ҳаштсад доллар айбдор карданд. Аммо баъзе аз манобеъ маблағи ришваро 16 ҳазор доллар шумурда буданд.
Қарори барканории Икром Ҷумъазода рӯзи 30-юми июл аз мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ содир шуд. Сабаби барканории ӯро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “содир намудани кирдоре” донист, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”.
Масъалаи боздошти Икром Ҷумъазода баъди он доғ шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли озодӣ ваё бараъкс бад шудани вазъи саломатии ӯ дар СИЗО-и рақами дуи Хуҷанд хабарҳо паҳн шуд.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳоли Ҷумъазода баъди боздошт ва вақти бурдан ба Душанбе дар роҳ бад шуда, ба ҳолати "беҳушӣ" афтода буд. Баъдан ӯро дар бемористон табобат кардаанд.
“Ҳукми Икром Ҷумъазода мавриди иҷро қарор гирифтааст ва ҳоло ӯ дар зиндон адои ҷазо мекунад”, - гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи вилояти Суғд.