Толибон: мулоқоти навбатӣ бо амрикоиҳо дар Покистон мегузарад
Толибон гуфтанд, ки рӯзи 18 феврал дар чаҳорчӯби музокироти сулҳи Афғонистон дар Покистон бо намояндаи ИМА дидору гуфтугӯ мекунанд, вале мақомоти Департаменти давлатӣ гуфтанд, ки ҳанӯз даъватномаи ширкат дар нишастро дастрас накардаанд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи 13 феврал гуфт, ки мулоқоти онҳо дар Исломобод мегузарад ва дар ду ҳафтаи баъди ин, яъне 25 феврал, қарор аст дар Қатар, музокироти дуҷониба барпо шавад. “Дар ҳоле, ки мо эълони Толибонро шунидем, ҳанӯз барои ширкат дар ин нишаст даъватномаи расмӣ дарёфт накардем”, гуфт сухангӯи Департаменти давлатӣ.
Сухангӯи Толибон гуфт, ки ҷониби онҳо инчунин қарор аст бо нахуствазири Покистон Имрон Хон барои “баррасии фаротари равобити миёни Покистону Афғонистон” дидору гуфтугӯ кунанд. Музокироти сулҳи миёни ИМА ва Толибон дар моҳҳои охир бештар шудааст.