Шантаж барои навори шаҳвонӣ. Корманди полиси Истиқлол ба ҷавобгарӣ кашида шуд
Сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии пулиси шаҳри Истиқлол ҳангоми гирифтани пул аз як сокин, бо таҳдиди ҳабс ва ифшои маълумоти беобрӯкунанда дар бораи ӯ дастгир шудааст. Дар ин бора мақомоти зиддифасод рӯзи 14 феврал дар як нишасти хабарии худ дар Хуҷанд хабар доданд.
Биноба иттилои Оҷонси зиддифасоди вилояти Суғд, Шодибой Шамсибойзода, корманди пулиси шаҳри Истиқлол дар шимоли Тоҷикистон А. Атақулов, сокини маҳаллиро ба ҳайси гумонбар дар дуздӣ даъват намуда, аз дохили телефони ҳамроҳи ӯ навори видеоии саҳнаи алоқаи шаҳвониро пайдо кардааст. Сипас бо таҳдиди ин ки ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашаду дар бораи ӯ маълумотҳои беобрӯкунанда паҳн менамояд, аз Атақулов 1 ҳазор доллар барои пинҳон доштани асрори шаҳвонии телефони ӯ талаб кардааст. Шамсибойзода бо ин роҳ дар ду маврид 6 ҳазор сомонии шахси гумонбар ба дуздиро гирифтааст.
Ҳодиса моҳи июли 2018 иттифоқ афтод. Кормандони оҷонсии зиддифасод бо роҳандозии амалиёти фавриву тафтишотӣ Шамсибойзодаро вақти гирифтани 3 ҳазор сомонии боқимонда аз Атақулов дастгир намуданд. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори калон” парвандаи ҷиноятӣ боз ва баъд аз анҷоми тафтиш ба додгоҳ ирсол гардид.