Ҳезер Нойерт аз мақоми сафири Амрико дар СММ даст кашид
Ҳезер Нойерт, ки аз тарафи раиси ҷумҳури Амрико сафири ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуда буд, мегӯяд, аз ин мақом даст кашидааст. Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро ин хабарро тасдиқ кард.
Нойерт рӯзи 16-уми феврал дар баёнияи расмӣ гуфт, ба нафъи худу хонаводааш медонад, ки аз пазируфтани ин мақом сарфи назар кунад.
Шуморе аз мунтақидон аз номзадии Ҳезер Нойерти 49-сола суолҳоеро матраҳ карда буданд. Онҳо иддао мекарданд, ки ӯ дар мавриди дипломатияи хориҷӣ ва сиёсатсозӣ таҷриба надорад ва шароиташ барои гирифтани чунин як курсӣ мусоид нест.
Ҳезер Нойерт дар гузашта ба ҳайси муҷрӣ ва хабарнигор дар телевизиони “Фокс Нюз” кор мекард. Вай соли 2017 сухангӯи Вазорати умури хориҷии Армико таъйин шуд.
Қарор буд ӯ ба ҷои Никкӣ Ҳейлӣ ба ҳайси сафири Амрико дар Созмони Миллати Муттаҳид кор кунад, аммо ин симатро напазируфтааст.