Писари Гулнора Каримова аз Мирзиёев хост, бепарво набошад
Набераи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримови хурдӣ мегӯяд, вазъи сиҳатии модараш Гулнора Каримова, ки дар ҳабси хонагӣ аст, бад шудааст ва ӯ ба кумаки тиббӣ дастрасӣ надорад.
Каримови 26-сола рӯзи 14-уми феврал ба воситаи саҳифаи худ дар "Инстаграм" аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дархост кард, ки ба қазия ва вазъи модари ӯ таваҷҷуҳ карда, садои ӯву хоҳарашро шунавад.
"Бо сабабҳои ғайриинсонӣ ба модарам фишор меоранд ва ҳатто духтуронро ба наздаш роҳ намедиҳанд. Миёни ҷонибҳо созишҳо буд, вале талошҳои ошкоро ва эҷоди ҳангомаҳои кӯчак нишон медиҳанд, ки касе намехоҳад, қазияи мо ором ҳал шавад. Нерӯҳое талош доранд, раҳбариятро бадном карда, зидди модару хоҳарам шӯронанд", - навиштааст писари Гулнора Каримова.
"Аз президент, ҳамчун шахсе, ки аз кӯдакӣ ӯро чун нафари бовиҷдон ва шогирди бобоям мешиносем, дархост мекунам, ба қазияи модарам таваҷҷуҳ карда, садои ману хоҳарамро шунавад. Хоҳарам маҷбур буд, ин рӯзҳо ҳамроҳи модарам бошад. Дилаш дардманд шудааст, вале ҳатто дар ин ҳолат низ табибонро ба назди ӯ роҳ намедиҳанд. Аз вазъи модару хоҳарам нигаронам", - афзудааст Ислом Каримови хурдӣ.
Вале Додситонии кулли Узбекистон иддаои набераи Ислом Каримовро рад мекунад. "Ба Гулнора Каримова ҳеч гуна фишор оварда намешавад. Суханҳои писари ӯ беасосанд", - гуфт намояндаи додситонӣ дар шарҳи муроҷиати Каримови хурдӣ ба Мирзиёев.
Ёдрас мешавем, набераи Ислом Каримов миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта хабар дода буд, ки модараш Гулнора Каримова тасмим гирифтааст, дубора ба ҳаёти иҷтимоӣ баргардад.
Мақомоти Узбекистон то ҳол намегӯянд, ки Гулнора Каримова дар кадом вазъ қарор дорад ва дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад. Як манбаъ дар ҳукумати Узбекистон гуфта буд, ки Каримова тобистони соли гузашта аз маҳбас ба яке аз хонаҳои худ дар шаҳри Тошканд интиқол дода шудааст.
Додситонии кулли Узбекистон 28-уми июли соли 2017 хабар дод, ки Каримова 21-уми августи соли 2015 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуда, тафтиши парвандаҳои дигари ӯ идома дорад.