Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

вавававав

0

Нозироти андоз дар шаҳри Исфара ба фурӯшандагони хушкмева 3 рӯз мӯҳлат додаанд, то патент бигиранд, вагарна муҷозот мешаванд. Ин зарбулаҷали нозирони андоз боғпарваронро нигарон кардааст, чун барояшон сарбории гароне хоҳад шуд.

Хушрӯз Мӯсоев, сокини Исфара мегӯяд, парвариши зардолу ва фурӯши меваи хушки он ягона даромади оилаи 6 нафариаш аст,ва агар патент бигирад беш аз нисфи даромадашро аз даст медиҳад.

Ӯ ҳар сол дар мавсими ҳосил аз 35 то 40 халта меваи хушки задрдолуро захира карда дар мавсими зисмитон, ки каме нархи он боло меравад, дар бозори меваи хушки Исфара халта- халта онро фурӯхта харҷи мавсими зимистон мекунад.

 

Акнун ӯ ва даҳҳо ҳампешагонаш аз нозирони андоз ҳушдор гирифтанд, ки дар давоми се рӯзи оянда барои идомаи ин кор патент бигиранд, вагарна ин фаъоляити онҳо ғайриқонунӣ эътироф шуда ҷаримаҳои ҳангуфте ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

 

«Аз мо талаб карда истодаанд, ки патент гирем ва ҳар моҳ беш аз 500 сомонӣ ба давлат андоз супорем будаст. Ман аз ҳисоби фурӯши зардолӯи хушк дар мавсими тирамоҳу зимистон рӯзе 50-60 сомонӣ даромад дорам. Гоҳо мешавад, умуман савдо намекунем. Агар ҳар моҳ 500 сомонашро ба давлат супорем, барои рӯзгор пулӣ кофӣ намемонад», гуфт ӯ.

 

Мӯсоев мегӯяд, ӯ тоҷир нест ва танҳо он хушкмеваеро мефурӯшад, ки худ парвариш мекунад. Ташвишаш аз он аст, ки даромади ӯ аз ин ҳисоб танҳо пас аз ҳосилғундорӣ дар тирамоҳу зимистон ба даст меояд, баҳору тобистон даромад надорад, аммо пули патентро 12 моҳ дар сол бояд супурд.

 

Дар Исфара боғу мазрааҳои навъҳои гуногуни зардолу парвариш карда мешавад ва даромади аксар сокинони деҳоти ин минтақа низ аз ҳисоби парвариш ва фурӯши меваи хушки он аст. Қисмати зиёди ғулунг ба хориҷи кишвар хусусан Русия содирот мешавад.

Аз ин ҷост, ки таваҷуҳи нозирони андоз низ ба онҳо бештар аст. 

 

 Эҳсон Ғаффорӣ роҳбари нозироти андози Исфара рӯзи 18-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксар нафароне, ки дар бозорҳо ба фурӯши меваи хушк машғуланд, боғпарварон нестанд балки ба тиҷорати ин мева машғуланд ва албатта барои ин фаъолият бояд патент бигиранд.

Ӯ гуфт:

 

«Патент танҳо аз тоҷирони хушкмева талаб карда мешавад. Аз нафароне, ки хоҷагии деҳқонӣ доранд чунин андоз талаб карда намешавад. Аммо нафроне ки ба хариду фурӯши он машғуланд мувофиқи қарори 405 бояд барои ин фаъолият патент бигиранд. Албатта вобаста ба масоҳати дӯкон».

 

Ғаффорӣ гуфт, шахсан худаш барои фаҳмонидани меъёрҳои қонуни андоз ба назди тоҷирон ба бозор рафта буд ва савдогаронеро мушоҳида кард, ки бо мошинҳои боркашон хушкмеваро оварда мефурӯшанд, аммо андоз намесупоранд

 

«Мо ба онҳое ки 10 килову 20 кило мефурӯшанд, эрод нагирифтем. Аммо онҳое як тону ду тон мефурӯшанд бояд андоз супоранд. Мо дар ин ҷо корхонаҳои коркарди хушмеваро дорем, онҳо ҳам ба мо шикоят карданд, ки вақте мол мехаранд фурӯшандагон ягон ҳуҷҷат надоранд. Бинобар ин, мо корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш мебарем ки онҳо патент гиранд ва ҳамин занҷираи парвариш ва истеҳсоли меваи хушк аз оғоз то ба охир шафоф бошаду андоз супорида шавад», иброз дошт Ғаффорӣ.

 

Пойфишории нозирони андоз дар Исфара барои гирифтани патент ва андозситонӣ аз боғапарварони ин минтақа ки умудатан ба павариши зардолу машғуланд, дар ҳолест, ки аз моҳи апрели имсол қарор аст нархи патент боз ҳам боло равад.

 

Тавварум зиёд шуд, патент ҳам гарон мешавад

 

Охиран Вазорати молия ва Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди индексатсияи пули патент қарои муштарак қаблу карданд. Ин қарор барои сабти расмӣ ба Вазорати адлия ирсол шудааст ва бо нашри он мавриди амал қарор мегирад.

Мувофиқи ин қарор, андозаи пули ҳар моҳаи патент вобаста ба навъи фаъолият мувофиқ ба ҳаҷми таваррум (инфлятсия) боло меравад.

Соли гузашта ҳаҷми таваррум дар кишвар, 5,4 дарсад буд ва мутаносибан пули патент ҳам ба ҳамин миқдор боло меравад.

 

Барои мисол овозхонҳои тӯй барои патент худ бояд ҳоло ҳар моҳ 633 сомонӣ пардохт кунанд. Пас аз индексатсияи патент бошад нархи он то ба 667 сомонӣ гаронтар мешавад. Ронадагони мошинҳои боркашон ҳоло 703 сомонӣ ҳар моҳ андоз медиҳанд, минбаъд 741 сомонӣ хоҳанд супурд.

 

Баррандагони тӯй золо 130 сомонӣ ба давлат андоз медиҳанд, минбаъд 147 сомонӣ бояд пардозанд.

 

Мувофиқи қонуни андоз дар Тоҷикистон 48 навъи фаъолият шурӯъ аз фурӯши нос то овозхониву наворбардорӣ таъмири мошину хона ва дуредгариву сантехникӣ тибқи патент иҷозад дода шудааст. Дорандагони патент ба фарқ аз шаҳодатномаи соҳибкорӣ ҳар моҳ новобаста ба ҳаҷми даромадашон як маблағи муайянкардаи Кумитаи андозро ҳар моҳ бояд пардохт кунанд.





Губернаторы России
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин





Москва

На Мальдивы – без лишних трат


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ


Сюзанн Ленглен

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России