Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

Матни Сарвиноз

0

Талаби мақомот барои расмӣ кардани фаъолияти шахсоне, ки кироякор ҳастанд, аксар мардикорони тоҷикро нигарон кардааст. Дар ҳоле, ки мақомот аз иҷрои талаботи қонун ва талоши таъмини кафолатҳои иҷтимоии ин табақаи ҷомеа мегӯянд, худи мардикорон бар инанд, ки барои онҳо на оянда, балки ғами имрӯзашон масъалаи сахту сангин аст. 

Музаффар Элназаров, сокини шаҳри Ваҳдат замоне ба мардикорбозор омад, ки арзиши патент дар Русия то 5 ҳазор рубл боло рафт ва ӯ ночор тарки муҳоҷират кард. Ӯ устои барқ аст, вале барои ӯ ҳам дар ин бозор кори муштарии зиёд пайдо намешавад.

Мақомот мегӯяд, пурсишҳои онҳо дар бозори мардикорҳо нишон додааст, ки худи кироякорон намехоҳанд фаъолияташонро расмӣ кунанд ва бо 50 то 100 сомонӣ дар рӯз қаноат мекунанд.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки дар ҳавои сарди кӯча интизори корфармое нишаста буд, аз он нороҳат мешуд, ки ин субҳаш ҳам бидуни даромаде шом мешавад. Падари 7 фарзанд мегӯяд, ягона ноновари оила буда зиндагӣ ба хотири номунтазам будани даромадаш сахту сангин пушти сар мешавад. Рӯзи 7 феврал ӯ боз ҳам бидуни дираме монд ва мебоист бо дасти холӣ ба назди зану фарзандонаш баргардад. Мегӯяд, ду писари маъюб дорад ва ҳамсараш бемор аст.

Вай гуфт, "ман устои барқ ҳастам ва ин касбро дар Русия омӯхта диплом ҳам дорам. Агар рӯзе кор барояд, то 50 сомонӣ ба даст меорам. Ин ҳам барои таъмини зиндагӣ ва роҳкиро аст. Агар мақомот барои ҳамин коре, ки ҳатто барои хӯроки нисфирӯзӣ ҳам намерасад, андоз ҷорӣ кунанд, дигар намедонам куҷо меравему чӣ кор мекунем".

Ӯ мегӯяд, интизори корфармо нишастан ҳам дар мардикорбозор дарди сари зиёде дорад. Гоҳе милисаҳо барои ҳузурашон онҳоро ба шӯъбаи милиса мебаранд ва гоҳи дигар талаб мекунанд онҷоро тарк кунанд. Музаффар ва ҳамроҳони ӯро дар мардикорбозори Душанбе талошҳои мақомот барои расмӣ кардани фаъолияташон нороҳат кардааст. Онҳо мегӯянд, дар шароити кунунӣ наметавонанд талаботи мақомотро оид ба пардохти андоз иҷро кунанд.

Мақомоти вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд, мардикорони дохилӣ фаъолияти худро расмӣ кунанд то кафолати иҷтимоии онҳо таъмин шавад. Муовини вазир Эмин Сангинзода рӯзи 7-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, шуғли ғайрирасмӣ ё фаъолияти устоҳое, ки бо корфармо шартномаи шифоҳӣ доранд, ҳақи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳоро тазмин намекунад.

Сангинзода гуфт, "бархе аз ин устоҳо соҳиби касбу кори гуногуне ҳастанд, ки дар мардикорбозорҳо пули хубе ба даст меоранд ва аз ин лиҳоз ба танзим даровардани муносибатҳои ғайрирасмии корфармо ва корманд дар як муддати кутоҳ ғайриимкон аст. Дар ин самт вазорат кор бурда истодааст". 

Талошҳо барои расмӣ кардани фаъолияти кироякорҳо дар ҳолест, ки баҳори соли гузашта ҳам нозирони андоз дар Душанбе маъракаи тафтиши санади устоҳои таъмири хонаро роҳандозӣ карданд. Нозирон асосан ба биноҳои навбунёд мерафтанд, ки аксари устоҳо маъмулан дар онҷо машғули таъмиранд.

Талаби нозирон ҳам аз устоҳо доштани "патент" буд. Дар ғайри сурат, нозирони андоз мегуфтанд, ҳақ доранд ҳам усто ва ҳам соҳиби хонаро ҷарима банданд. Андози "патент"-и устои таъмири хона 120 сомонӣ, муодили 12 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Агар барои бисёриҳо ин маблағ чандон зиёд набошад, аммо устоҳо мегӯянд, ҳар моҳ пардохти ҳатмии ин маблағ барояшон гарон мебошад.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори расмии Оҷонсии шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар як соли ахир 63 ҳазор сокини кишвар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Таҳлилгарон бозори меҳнат, маоши паст ва мавсимӣ будани аксари шуғлро омили аслии номувофиқии оморҳо унвон мекунанд. Гузашта аз ин мардикорон ҳам мегӯянд, шуғли ғайрирасмӣ нисбат ба кори доимӣ барояшон беҳтар аст.

Саидикром Файзуллоев ки аз ноҳияи дурдасти Темурмалик барои пайдо кардани кор ба пойтахт омадааст, мегӯяд, фақат ғами таъмини имрӯзаи фарзандонашро мехӯрад ва ҳатто умед ҳам надорад, ки бо ин шароит ба синни нафақа мерасад.

Саидикром мегуяд, "ман ҳам мехоҳам андоз супорам ва дар оянда нафақа гирам, аммо андозро бояд аз кадом ҳисоб супорем? Корхона бошад кор кунем ва ман донам ки охири моҳ маош мегирам ягон мушкиле нест. Лекин дар ин шароите, ки худи шумо мебинед, аз саҳар то бегоҳ дар кӯча ва ҳавои хунук ҳеҷ фикр накунам то 50 ё 60 солагӣ расам".

Тибқи омори расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили меҳнат ба 2,5 миллион баробар буда, танҳо дар соли 2018 ба 55 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Аммо бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, шумори бекорон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ се маротиба бештар будааст. Чун ба гуфтаи таҳлилгарон, як гаштугузор дар кӯчаву бозорҳои кишвар сатҳи бекори миёни сокинонро бозгӯ мекунад. Дар ин авохир садҳо муҳоҷири кории тоҷик бо шадид шудани низоми кор дар Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуда, дар пайи ҷустуҷӯи кор ҳастанд. 

Ниёз Қурбонов муовини раҳбари Оҷонсии шуғли аҳолӣ, ки солҳо боз ин вазъро омӯхта пурсишҳои иҷтимоӣ анҷом додааст, ягона роҳи ҳали ин мушкилро дар таъсиси ягона марказҳое медонад, ки метавонанд теъдоди мардикоронро дар кишвар дақиқ ва бо онҳо кор кунанд. Қурбонов мегӯяд, пурсишҳои сотсиологии саротосарии онҳо дар бозори мардикорҳо нишон додааст, ки худи кироякорон намехоҳанд фаъолияташонро расмӣ кунанд ва бо 50 то 100 сомонӣ дар рӯз қаноат мекунанд.

"Дар ин ҳолат мо ҳуқуқи онҳоро маҷбур карда, бо шуғл таъмин карданро надорем. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмонем, ки агар шумо шуғли расмӣ дошта бошед ва дар ягон муассиса ё ташкилот кор кунед, кафолатҳои иҷтимоии шумо таъмин мешавад. Ва бояд барои оянда ҳам фикр кунед, дар бораи таъминот ва нафақа вале онҳо аз ин чиз даст мекашанд ва мегуянд ҳамин пул кифоя",-афзуд Қурбонов.

Дар Тоҷикистон беш аз 20 "мардикорбозор" амал мекунад, аммо ҳеҷ ниҳоде то ба ҳол теъдоди мардикоронро ба таври дақиқ ҳисоб накардааст. Чанд сол пеш мақомот барои расмият даровардани фаъолияти мардикорбозорҳо кӯшиш карданд, то заминаи бештар барои дифоъ аз ҳуқуқи онҳо фароҳам гардад. Аммо баракси ин, ҳоло мақомот талош мекунанд фаъолияти онҳоро назорат ва аз даромади онҳо ба давлат андоз ситонанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: На юге Москвы в этом году благоустроят четыре зеленые зоны





Москва

ONYX отправляется в Большой тур по России


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

В новой Москве соревновались нештатные формирования

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня


Надежда Петрова

Теннисистка Петрова: Карацеву не хватает игровой уверенности



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства Южного округа Москвы



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России