Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2019

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар “Grand Slam Duesseldorf 2019” маълум шуданд

0
Рақибони паҳлавонони тоҷик дар “Grand Slam Duesseldorf 2019” маълум шуданд

Қуръакашии мусобиқоти байналмилалӣ оид ба ҷудо “Grand Slam Duesseldorf 2019” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 22-24-уми феврал  дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, рақибони паҳлавонони тоҷикро маълум кард.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти байналмилалии “Grand Slam Duesseldorf 2019” 606 варзишгар (362 мард ва 244 зан) аз 93 кишвар иштирок мекунад. Мусобиқот дар толори бузургтарини варзишӣ - ISS Dome, ки дорои 15 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошогарон аст ва дар онҷо бозиҳои лигаи ҳоккей барпо мегарданд, сурат мегирад.

Тоҷикистонро панҷ варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ, ки 21-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир гардид, дар даври аввали рақобатҳо Беҳрӯзи Хоҷазода бо Артём Хомула (Украина), Сомон Маҳмадбеков бо Игор Вандтке (Олмон), Акмал Муродов бо Тимо Кавелиус (Олмон), Комроншоҳи Устопириён бо Маркус Ниман (Шведсия) ва Саидҷалол Саидов бо Ҷоаким Дварбӣ  (Шведсия) қувваозмоӣ мекунанд.

Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали гузашта барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор кард. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор мешавад.

Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» - 700 ва «биринҷӣ» - 500 имтиёз дода мешавад.

Имрӯз, 22-юми феврал, занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбеи 23-юми феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 24-уми феврал, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, се гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов - рӯзи шанбеи 23-юми феврал, ду нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – рӯзи якшанбеи 24-уми феврал – рақобат мекунанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

МакSим

МакSим навестила врачей, которые спасли ее от алкогольной зависимости




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России