Мулло Бародар имкони сӯҳбат бо намояндаи Амрикоро надорад
Толибони Афғонистон рӯзи 21-уми феврал гуфтанд, ки раҳбари нави сиёсии онҳо ҳафтаи оянда дар гуфтугӯ бо намояндаи Амрико дар Қатар ширкат нахоҳад кард.
Намояндагони Амрико мехоҳанд, бо Мулло Абдул Ғанӣ Бародар, яке аз муассисон ва узви собиқадори ин гурӯҳ роҳҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистонро баҳс кунанд.
Аммо як мақоми баландпояи Толибон гуфтааст, Мулло Бародар бинобар мушкили дастрасӣ ба сандаҳои шахсӣ, ки барои сафар лозиманд, ба Қатар сафар карда наметавонад.
Мулло Бародар моҳи октябри соли гузашта аз зиндони Покистон озод шуд. Қарори мулоқот бо ӯ, ба хотири расидан ба сулҳ дар Афғонистон пешниҳод шуда буд. Гуфта мешавад, ӯ як шахсияти таъсиргузор дар миёни Толибони Афғонистон мебошад.