Даргузашти пирамарди тоҷик ҳангоми адои Ҳаҷи умра
Як шаҳрванди 70-солаи Тоҷикистон зимни адои Ҳаҷи умра дар Арабистони Саудӣ даргузаштааст. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 22-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидшо Ғафуров, сокини шаҳри Ваҳдат, рӯзи 19-уми феврал бар асари сактаи қалб дар шаҳри Макка даргузаштааст ва наздиконаш хоҳиш кардаанд, ки ӯ дар ҳамонҷо дафн шавад.
Афшин Муқим афзуд, пирамарди тоҷикро ҳамсару фарзандаш ҳамроҳӣ доштаанд. Писари Саидшо Ғафуров, гуфтааст, ки падараш қабл аз адои маносики ҳаҷ фавтидааст.
Чаҳор сол қабл ба гуфтаи Кумитаи дин чаҳор нафар аз ҷумлаи беш аз 1300 зойир вилояти Суғд ба сабаби солхӯрдагиву беморӣ ҳангоми адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ вафот карданд.