Гӯштфурӯшони норозӣ дар Фархор дӯконҳояшонро бастанд. ВИДЕО
Гӯштфурӯшони бозори марказии Фархор дар эътироз ба тасмими идораи андоз, дари дӯконҳои худро бастаанд. Мақомот аз онҳо хостаанд, ки бидуни мошинҳои хазинадорӣ ё "кассовий аппарат", дигар фаъолият накунанд.