Артиши Тоҷикистон ба Ҳабибуллову Собир чӣ омӯхт? ВИДЕО
Имсол рӯзи артиши миллӣ барои Ҳабибулло Ҳамроев ҷашни хос аст. Ӯ акнун аз ин ҷашн на чун як ҷавони оддӣ, балки чун як сарбози собиқ таҷлил мекунад.Имрӯз дар Тоҷикистон 26-умин солгарди рӯзи таъсиси артиши миллиро ҷашн мегиранд.