Венесуэла нерӯҳояшро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард
Фармондеҳии артиши Венесуэла "ба хотири ҳифзи сулҳу амнияти мардум тариқи бастани сарҳад" нерӯҳоро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард.
Дар ин бора артиши Венесуэла дар Твиттер хабар дод. Қарор буд, 23 феврал амалиёти интиқоли кумаки башардӯстона ба Венесуэла сурат бигирад.
Муовини президенти Венесуэла Делсӣ Родригес низ тасдиқ кард, ки марзҳо бо Колумбия баста шуданд. "Ҳукумат ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки пулҳои ба номи Симон Боливар, Сантандер ва Унион ба далели таҳдидҳои ҷиддӣ ва ғайриқонунии ҳукумати Колумбия зидди сулҳ ва тамомияти арзии Венесуэла муваққатан баста шуданд", - гуфт ӯ.
Дар шаҳри Кукутаи Колумбия, ки бо Венесуэла ҳаммарз аст, корвони мошинҳои кумаки башардӯстонаи ИМА қарор доранд. Мақомоти Венесуэла дастур доданд, марзҳо бо Колумбия ва Бразилия баста шаванд, зеро ба гуфтаи онҳо, кумаки башардӯстона ба тағйири қудрат дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ба навиштаи хабарнигори "Новая газета", президенти худхондаи Венесуэла Хуан Гуайдо дар шаҳри Кукута қарор дорад. Ӯ 22 феврал дар як консерти хайрия дар Колумбия иштирок кард, ки барои ҷамъоварии кумаки башардӯстона ба сокини Венесуэла баргузор шуда буд.