Кушнер бо президенти Туркия ва шоҳзодаи саудӣ мулоқот кард
Мушовири аршади Кохи сафед Ҷаред Кушнер ба думболи мулоқот бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин гуфтугӯҳо дар чаҳорчӯби ибтикори сулҳи маъмурияти ИМА дар Ховари Миёна анҷом шуданд.
Дафтари Эрдуғон рӯзи 27 феврал гуфт, ки дар мулоқот бо Ҷаред Кушнер -домоди президент Трамп, ҳамчунин Берат Албайрақ, вазири иқтисоди Туркия ва домоди Эрдуғон иштирок кард.
Хабаргузории Анадолу гуфт, ки мулоқот ду соат идома дошт, аммо дар бораи он тафсилот надод.
Ба гуфтаи Кохи сафед, сафари Кушнер талоши пешбурди ибтикори сулҳ дар Ховари Миёна аст, ки бояд рӯнамоӣ шавад. Кушнер гуфт мехоҳад ҷузъиёти барномаро баъди интихоботи Исроил эълон кунад, ки ба 9 апрел барномарезӣ шудааст.
Рӯзи 26 феврал Кушнер бо валиаҳди қудратманди саудӣ Муҳаммад бин Салмон дар Риёз мулоқот кард. Ин нахустин дидори рӯ ба рӯ баъди кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, журналисти муқими Амрико буд, ки моҳи март дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул ба қатл расид. Ба думболи ин ҳодиса мавҷи танқидҳо ва иттиҳомот алайҳи шоҳзода Салмон баланд шуданд.
Риёз даст доштани Муҳаммад бин Салмонро дар ин кушттори Хашоқҷӣ рад мекунад ва онро кори дасти "мақомоти саркаш" дар консулгарӣ медонад.
Кушнер ҳамчунин бо раҳбарони Иморати Араб ва Омон мулоқот анҷом дод.