Дар як кони тило дар Қирғизистон 18 кас заҳролуд шудааст
Пулиси вилояти Таласи Қирғизистон таҳқиқи хабари заҳролудшавии 18 нафар дар кони тилои Ҷеруйро оғоз кардааст. Чанде пеш корбаре бо номи Султонбек Аманбеков дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, ки дар кони Ҷеруй 18 кас аз маводи ғизоӣ заҳролуд шудаанд, вале кормандон метарсанд ин хабарро расонаӣ кунанд. Ҷеруй баъди Қумтор дувумин кони бузурги тилои Қирғизистон аст. Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳаҷми захираи он 84 тонна тило ва ҳудуди 10 тонна нуқраро ташкил медиҳад. Иҷозатномаи коркарди кон соли... Читать дальше...