"Ҳамос" гуфт, даври дувуми озодии гаравгонҳо ба таъхир уфтод
Иззуддини Қассом, ҷиноҳи ҳарбии гурӯҳи тундрави "Ҳамос", рӯзи 25-уми ноябр гуфт, ба Навори Ғазза ёрии кофии башарӣ ворид нашудааст ва тасмим гирифт, ки даври дувуми раҳоии гаравгонҳоро ба таъхир андозад. Интизор мерафт, рӯзи шанбе чанд гаравгони исроилӣ бо зиндониёни фаластинӣ иваз шаванд.