Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Новости за 27.11.2023

СММ гуфт, дар Тоҷикистон 78 % занон бо хушунат рӯбарӯ ҳастанд

Ozodi.org 

Як пажӯҳиши барномаи рушди СММ (UNDP) муайян кардааст, ки  занҳо дар Тоҷикистон бо намудҳои гуногуни хушунат дучор мешаванд.   Дар хулосаи ин гузориш, ки рӯзи 27 ноябр дар саҳифаи Х (собиқ Твиттер)-и ин созмон нашр шуд, аз ҷумла, омадааст, бар пояи таҳқиқоте, ки соли 2019 дар Тоҷикистон барпо шуд, муайян гардид, ки "31% бо хушунати иқтисодӣ, 21% - бо хушунати равонӣ, 20% - бо хушунати ҷисмонӣ ва 6% занони дигар бо хушунати ҷинсӣ рӯбарӯ мешаванд. Вале омори воқеӣ, эҳтимол, метавонад аз ин бештар бошад". Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 27-уми ноябри соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Дар Маскав намозгузорон аз тахриби масҷид пешгирӣ карданд, нишасти маҳфили "Муколамаи Ҳирот" дар Душанбе, табодули гаравгонҳову маҳбусон миёни Исроил ва ҲАМОС, истифодаи таксиҳои барқӣ дар Душанбе ва омодагиҳо ба муҳокимаи афроди муттаҳам бо қатли бонкдори тоҷик.



Боздошти се мард дар Қирғизистон бо гуноҳи арӯсрабоӣ

Ozodi.org 

Полис дар минтақаи шимолии Иссиқкӯли Қирғизистон гуфт, ки се мардро бо иттиҳоми талоши арӯсдуздӣ боздошт кардааст. Масъалаи арӯсрабоӣ дар Қирғизистон як мушкили ҷиддӣ аст, ки бо вуҷуди ҷорӣ кадани ҷазои ҷиноӣ барои кор аз соли 2013  то ҳол решакан нашудааст. Дар давоми солҳои охир чандин ҳодисаи марги духтарон ва ба хушунати хонаводагӣ печидани ин қазияҳо ба қайд гирифта шудааст. СММ соли гузашта гуфт, бо вуҷуди талошҳои мақомоти Қирғизистон барои ташвиқи баробарии ҷинсӣ, ҳамоно дар бисёр ҳолатҳо... Читать дальше...



Истиқболи Байден аз раҳоии духтари чорсола дар Ғазза

Ozodi.org 

Духтари чаҳорсолаи исроилӣ ва амрикоӣ, ки дар асорати Ҳамос буд, рӯзи якшанбе дар асоси созиши оташбас миёни ин гурӯҳ ва Исроил озод шуд. Ҷо Байден, президенти ИМА раҳоии кӯдакро истиқбол ва изҳори умедворӣ кард, ки оташбас давом хоҳад ёфт.

Истисмори шаҳвонии духтари 17-сола дар Узбекистон

Ozodi.org 

Як зан дар ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи Узбекистон бо гумони истисмори шаҳвонии духтари 17-сола боздошт шудааст. Хадамоти матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон иттилоъ дода, ки сокини 17-солаи ноҳияи Китоб аз моҳи майи имсол то 15 ноябри соли 2023 дар хонаи гумонбар дар Шаҳрисабз мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтааст. Духтар гуфтааст, давоми 7 моҳ ӯро бо таҳдиду фишор маҷбур карданд, ки бо мардон ҳамхобагӣ кунад. Додситонии кулли Узбекистон бо дархости ваколатдор ҳодисаро таҳқиқ ва гумонбарро дастгир кардааст. Читать дальше...

Ҷаласаи “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе идома дорад

Ozodi.org 

Баррасии вазъи кунунии Афғонистон, ки беш аз ду сол аст зери назари Толибон қарор дорад ва ҳеҷ як кишваре дар ҷаҳон онро ба расмият намешиносад, дар  нишасти 11-уми ҳамоиши “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” баррасӣ мешавад. Ҳамоиш субҳи 27-уми ноябр бо ширкати ҳудуди 150 таҳлилгару фаъоли ҷамъиятӣ, намояндагони доираҳои сиёсии Афғонистон шурӯъ шуд ва қарор аст то фардо  идома бикунад. Дар миёни ширкатдорони ин ҳамоиш инчунин намояндагони СММ, сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд. Читать дальше...

Додгоҳи олӣ: санаи мурофиаи қотилони Ш.Исматуллоев аввали декабр маълум мешавад

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки парвандаи гумонбарон дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк”-ро дастрас кардааст. Дар курсии айбдорӣ 14 нафар нишастаанд. Як масъули Додгоҳи олӣ 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи тартибот, додгоҳ ду ҳафта парвандаро меомӯзад ва баъд санаи мурофиаро таъин мекунад. “Аввали моҳи декабр санаи шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ аниқ мешавад,”-гуфт ҳамсуҳбати мо. Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа ошкоро баргузор мешавад ё паси дарҳои баста. ... Читать дальше...

Барфи зиёд сокинони Молдоваю Руминияро бебарқ гузошт. НИГОРИСТОН

Ozodi.org 

Дар паи бориши зиёди барф дар Руминияву Молдова садҳо шаҳру деҳот аз дастрасӣ ба барқ маҳрум шудаанд. Дар ин бора рӯзи 27-уми ноябр мақомоти ин ду кишвари воқеъ дар Аврупои ҷанубушарқӣ хабар доданд. Роҳҳои зиёде баставу масдуд шуда, дар чандин шаҳр таҳсили мактабҳо боздошта шудааст. Мақомот аз сокинон хостаанд, бесабаб аз хона берун нараванд. Дар Руминия аз 41 шаҳру 170 деҳот - дар 22 макон, аз ҷумла дар пойтахт, Бухарест аз барфбории зиёд осеб дидаанд. Дар Молдова 123 ҳазор сокини 200 минтақаи зист бебарқ мондаанд. Читать дальше...

Интерпол исми Иброҳим Дониёрзодаро аз феҳристаш берун кард

Ozodi.org 

Пулиси Байналмилалӣ ё Интерпол номи Иброҳим Дониёрзодаи 27-сола,  як ҷавони тоҷик, ки дар Маҷористон (Венгрия) ним сол бо гумони ширкат дар ҷангҳои Сурия дар боздошт буд,  аз руйхати пайгардаш ихроҷ кардааст.

Рӯзноманигорони шинохтаи расонаҳои Узбекистон фаъолиятро қатъ мекунанд

Ozodi.org 

Рафтани рӯзноманигор Илёс Сафаров аз хабаргузории "Kun.uz", яке аз бузургтарин нашрияҳои интернетии Узбекистон нигарониҳо аз вазъи озодии баён ва матбуот дар он кишварро дубора ба бор овардааст. Хабари аз кор рафтани Сафаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоле нашр шуд, ки дар Узбекистон мурофиаҳои додгоҳӣ ва тафтиши парвандаҳо алайҳии як қатор блогеру рӯзноманигорони маҳаллӣ идома дорад. Илёс Сафаров чаҳорумин рӯзноманигор аст, ки давоми чанд моҳи ахир аз "Kun.uz" меравад. Қаблан чанд рӯзноманигор низ гуфтанд... Читать дальше...

"Ҳамос" хостори тамдиди оташбас шуд. Исроил қабул кард, аммо бо як шарт

Ozodi.org 

Дар пайи дархости раиси ҷумҳури Амрико аз нахуствазири Исроил дар бораи тамдиди оташбас бо гурӯҳи "Ҳамос", Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, "омодаи анҷоми ин кор аст". Кобинаи Исроил ҳам шаби гузашта дар ин робита ҷаласа доир кардааст. Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" низ хостори тамдиди ин оташбаси муваққат шудааст.

Дар деворҳои канисаи яҳудиён дар Тошканд шиорҳои фаластинӣ навиштаанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар деворҳои як канисаи яҳудиён шиорҳои фаластинӣ пайдо шудааст. Мақомоти Узбекистон ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд. Охири моҳи октябр телеграмканали AZfront навишта буд, ки дар шаҳри Тошканд ба ду намояндаи ҳаракати мазҳабии яҳудии "Хабад" ҳамла сурат гирифтааст. Мақомоти Узбекистон он хабарро низ шарҳ надода буданд. Ҷониби Исроил баъди он ҳамла аз афзоиши яҳудиситезӣ дар Узбекистон ҳушдор дода буд. Мақомоти Узбекистон он замон гуфтанд, ки каниса ва дигар иншооти... Читать дальше...

Боздошти раиси як ширкати қазоқӣ барои "ташкили ғайриқонунии ҳаҷ"

Ozodi.org 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон мегӯянд, роҳбари ширкати сайёҳии "Zam Zam Qazaqstan" ҳангоми "ташкили ҳаҷҷи ғайриқонунӣ" даст ба қаллобӣ задааст. "Ҳангоми тафтишот муайян шуд, ки роҳбарияти ширкати "Zam Zam Qazaqstan" даст ба қаллобӣ задааст. Муайян шуд, ки сомонаи шабеҳ ба сомонаи расмии мақомоти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъсис дода шудааст, ки гӯё қонунӣ будани визаҳои зоирони Хонаи Худоро тасдиқ мекунад", - хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон. Гумонбарро рӯзи 23 ноябр боздошт ва ба ҳасб гирифтаанд. Читать дальше...



Москва

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин поздравил работников скорой помощи с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Анастасия Стоцкая появилась на публике в откровенном наряде




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Динамо" и "Зенит" назвали стартовые составы на матч 26-го тура РПЛ

Результаты забега на 5 км на Московском полумарафоне. Аплачкина и Голоктионов установили рекорды соревнований

"Спартак" обыграл "Локомотив" в 26-м туре чемпионата России


Андрей Рублёв

Теннисист Рублев в Мадриде отыгрался на тай-брейке со счета 0:5



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России