Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Новости за 16.11.2023

Хатми кори низоми интиқолҳои пулии QIWI дар Узбекистон

Ozodi.org 

Низоми русиягии интиқолҳои пулии QIWI аз 18-уми декабр ҳамкориашро бо Узбекистон хотима медиҳад. Вебсайти расмии  QIWI Uzbekistan менависад, ки чунин қарор баъди шадидтар шудани қоидаҳои амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷӣ ва ҳам маҳдудиятҳои ҷоришуда дар Узбекистон қабул шуд. Ба навиштаи Радиои Озодлик, ин ширкат аз муштариёнаш тақозо кардааст, ки дар наздиктарин фурсат пулҳои худро аз ин ширкат ба кортҳои Uzcard ва HUMO-и худ гузаронанд. Аз ин пеш сервисҳои  Oson, PayWay ва дигарҳо интиқолҳои байналмилалии пулиро қатъ карданд.

Ҳамсари президенти Узбекистон ба хатми ҷанг дар Ғазза даъват кард

Ozodi.org 

Зироат Мирзиёева, ҳамсари президенти Узбекистон зимни ширкат дар ҷаласае бахшида ба вазъи Фаластин ба хатми ҷанг дар Навори Ғазза даъват кард. Ҷаласае бо номи «Якдилӣ барои Фаластин» таҳти раёсати ҳамсари президенти Туркия Амина Эрдуғон дар Истамбули Туркия баргузор шуд ва дар он, ба иттилои УзА, аз ҷумла, ҳамсари президенти Узбекистон ҳам суханронӣ намуд. Ҳадафи ин нишаст даъват ба хатми ҷанг дар Навори Ғазза ва намоиши ҳамраъйӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳали сулҳомези вазъ дар Ховари Миёна гуфта мешавад. Читать дальше...



Пешниҳоди андозбандии комили муҳоҷирон ба ҷойи патенти корӣ дар Русия

Ozodi.org 

Пешниҳоди андозбандии комили муҳоҷирон ба ҷойи патенти корӣ дар Русия.Вакилони ҳизби “Справедливая Россия” дар Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки низоми патентӣ дар ин кишвар аз байн бурда шавад ва ба ҷойи он муҳоҷирон мисли шаҳрвандони Русия аз даромадашон 13 дарсад андоз супоранд.

Ахбори Озодӣ аз 16-уми ноябри соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ҳафтаи оянда дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин вомехӯрад, Думаи давлатии Русия пешниҳоди андозбандии комили муҳоҷиронро баҳс мекунад, модар хавф дорад, ки писари бемораш дар артиш худ ва ё касеро мекушад ва ҳоли зори муҳоҷирони бозгашта дар Афғонистон.



Мухолифи қазоқ дар боздоштгоҳ 13 килограм лоғар шудааст

Ozodi.org 

Раҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!"Марат Жиланбоев аз оғози гуруснанишинияш дар боздоштгоҳ дар рӯзи 1 ноябр то ҳол 13 килограм лоғар шудааст. "Нав аз боздоштгоҳ баромадам. Дар он ҷо бо Марат Жиланбоев вохӯрдам. Жиланбоев рӯзи 1 ноябр 72 килограм вазн дошт ва 15 ноябр вазни ӯ 59 килограм шудааст", - мегӯяд, вакили дифои мухолифи қазоқ Меиржан Доскараев дар видеое, ки дар шабакаи иҷтимоии TikTok нашр шуд. Доскараев ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки баррасии парвандаи шахси зери ҳимояаш 30 октябр сар шуда... Читать дальше...

Муҷозоти 22 пайрави "Нақшбандия" дар Узбекистон

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Тошканд 22 пайрави тариқати "Нақшбандия"-ро бо гумони “таъсиси созмони ғайриқонунии динӣ” муҷозот кардааст. Бар асоси ҳукм, ки 31 июли соли 2023 аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури Тошканд содир шудааст, маҳкумшудаҳо гуруҳи зиёиён, аз ҷумла соҳибкорон бо шумули як профессор ҳастанд, ки тавассути "таъсиси созмони динии ғайриқонунӣ" ақидаҳои "Нақшбандия"-ро паҳн мекардаанд. Дар ҳукми додгоҳ, ки нусхаи он рӯзи 8 ноябр ба дасти бахши узбекии Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад,... Читать дальше...

Талоши наврасону ҷавонони тоҷик барои ҷоизаҳои қаҳрамонии ҷудои Осиё

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки имрӯз, 16-уми ноябр, дар шаҳри Тошканди Узбекистон шуруъ шуд, иштирок мекунанд.   Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқот 353 варзишгар (181 наврас ва 172 ҷавон) аз 15 кишвари Осиё номнавис шудааст. Тоҷикистонро дар мусобиқаи наврасон 10 нафар миёни писарон ва 1 нафар миёни духтарон намояндагӣ мекунанд:   Лоиқ Қутбуддинов (-55 кг). Икром Шамсов (-55 кг). Ёсин Бобокалонов (-60 кг). Читать дальше...

"Рахна" шудани "Телеграм"-и корбарони тоҷик. Пушти ин ҳамлаҳо кӣ меистад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзҳои ахир бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз "ҳамлаҳои рахнагарона" дар саҳифаҳои шахсии худ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, бехабар аз онҳо паёмрасони "Телеграм"-ашонро нафарони ношинос ё рахнагарон қуфлшиканӣ карда, онро идора мекунанд.

Кӯдакони мактабхони муҳоҷиронро дар Русия аз забони русӣ имтиҳон мегиранд

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Русия сатҳи донистани забони русии кӯдакони муҳоҷиронро дар мактабҳои он кишвар месанҷанд. Баъд аз анҷоми санҷиши кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷир мумкин аст, бархе аз онҳо ба давраҳои иловагии омӯзиши забони русӣ фиристода шаванд. Дар ин бора Сергей Кратсов, вазири маорифи Русия хабар дод. Ин изҳорот дар заминаи гуфтугӯҳо дар ҷомеаи Русия пайдо шудааст, менависад нашрияи "Коммерсант". Роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба ҳуқуқи инсон Валерий Фадеев гуфта буд, аз 50% то... Читать дальше...

Қазоқистон манъи содироти газро барои ним соли дигар тамдид кард

Ozodi.org 

Қазоқистон манъи содироти гази моеъро тавассути роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилӣ барои ним соли дигар тамдид кард. Дар ин бора вазири энержии он кишвар фармон содир кардааст. "Шуруъ аз 14 ноябри соли 2023 ба муҳлати шаш моҳ содироти гази моеъ аз Қазоқистон тавассути роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилӣ манъ карда шавад", - омадааст дар хабари вазорати энержии он кишвар. Пештар манъи содироти гази моеъ аз Қазоқистон барои се сол таъйин шуда буд.

Эрдуғон Исроилро "давлати террористӣ" номид. Нетаняҳу посух дод

Ozodi.org 

Дафтари раёсати ҷумҳури Туркия дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти ин кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми ноябр дар як суханронӣ дар ҳамоиши ҳизби ҳокими Туркия, Исроилро як "давлати террористӣ" номидааст. Нахуствазири Исроил ба ин суханони раиси ҷумҳури Туркия вокуниши тунд нишон додааст.

Сармураббии Тоҷикистон: Дар бозӣ бо Урдун ҳама талошамон барои пирӯзист

Ozodi.org 

Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Урдун дар даври аввали марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G имрӯз, 16-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Сокинон дар Рӯзи президент аз Эмомалӣ Раҳмон чӣ пурсидан мехоҳанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Соли 2016 порлумони Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи президент эълон кард. 16-уми ноябр зоҳиран барои он Рӯзи президент интихоб шуд, ки дар ҳамин рӯз бори аввал соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистон савганд ёд карда буд.

Мардум дар Рӯзи президент аз Эмомалӣ Раҳмон чӣ дархост доранд?

Ozodi.org 

Соли 2016 порлумони Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи президент эълон кард. 16-уми ноябр зоҳиран барои он Рӯзи президент интихоб шуд, ки дар ҳамин рӯз бори аввал соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистон савганд ёд карда буд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки агар имкони суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмонро дошта бошанд, ба президент аз кадом мушкилашон мегӯянд?

Фаронса ҳукми боздошти Башор Асадро содир кард

Ozodi.org 

Фаронса дастури байналхалқии ҳабси президенти Сурия Башор Асад ва се ҳамсафашро, барои истифодаи силоҳи мамнуи кимиёӣ зидди аҳолии осоишта, содир кард. Ин ҳукм аз сӯи додрасҳои маркази ҷиноят алайҳи башарияти Додгоҳи Порис содир шуд Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи Civil Rights Defenders хабар дод. Дастур баъди он содир шуд, ки таҳқиқи ҷиноии ду ҳолати эҳтимолии истифодаи силоҳи кимиёӣ дар шаҳри Дума ва минтақаи Ғутаи Шарқӣ дар моҳи августи соли 2013 ба поён расид. Он замон бештар аз ҳазор кас кушта шуда буд. Читать дальше...



Москва

Оксана Федорова представит премьеру фильма «Петербург Шаляпина и Рахманинова» на выставке-форуме «Россия»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Led Zeppelin

Роберт Плант (Robert Plant) работает над новой версией классической песни Led Zeppelin




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ЦСКА уступил "Балтике" в 26-м туре чемпионата России

"Зенит" потерпел второе поражение подряд в РПЛ

ЦСКА проиграл «Балтике» в гостевом матче 26-го тура РПЛ


Полина Михайлова

Россиянка Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Александр Градский

В Москве семью композитора Градского обязали убрать его машины с парковки концертного зала



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России