Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Новости за 10.11.2023

Эрдуғон дар Тошканд аз Исроил интиқод кард

Ozodi.org 

Ҷанги Исроил бо ҲАМОС дар маркази таваҷҷуҳи нишасти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ буд. Нишасти 16-ум дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 9-уми ноябр гузашт.

Президенти Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ рафт

Ozodi.org 

Рӯзи 10 ноябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод. Ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, дар ҷаласаи изтирорие, ки фардо, шанбе, дар Риёз таҳти раёсати Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ҷараён мегирад, вазъи Ховари Миёна дар маркази баррасиҳо қарор хоҳад гирифт. Тоҷикистон аз замони шурӯи ҷангҳо миёни... Читать дальше...

Дар рӯзи милиса дар Тоҷикистон аз эътимод ва камбудиҳои полис гуфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пажуҳишгоҳи амрикоии арзёбии афкори ҷомеаи  Gallup  дар радабандии кишварҳо дар масъалаҳои қонун ва тартибот Тоҷикистонро бар пояи назари сокинонаш "амнтарин кишвари ҷаҳон дар соли 2023" донистааст. Аммо бо ин андеша дар Тоҷикистон на ҳама розӣ аст.



Додгоҳи Қирғизистон қарорашро дар бораи шикояти "Вечерка" аз болои "Кактус Медиа" тағйир дод

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Қирғизистон қисман қарорашро дар бораи шикояти "Вечерний Бишкек" аз болои расонаи "Kaktus.media" тағйир дод. Ба ин тартиб, додгоҳ қарор кардааст, ки хабарнигори "Kaktus.media" на 500 ҳазор сом, балки 100 ҳазор сом (бештар аз 1100 доллари ИМА) ҷарима пардозад. Ҷаримаи "Kaktus.media" бидуни тағйир боқӣ мондааст. Расона ба пардохти 500 ҳазор сом вазифадор шудааст. Моҳи феврали соли ҷорӣ расонаи "Вечерний Бишкек" "Kaktus.media"-ро ба додгоҳ кашид. Баҳси ин ду расона баъди он сар зад... Читать дальше...

Президенти Португалия порлумонро пароканда кард

Ozodi.org 

Президенти Португалия Марселу Ребелу де Соуза эълом кард, ки баъди истеъфои сарвазир Антониу Кошта порлумонро пароканда мекунад. Интихоботи нави порлумонӣ дар он кишвар 10 март барпо хоҳад шуд. То он замон Кошта иҷрокунандаи вазифаи сарвазир хоҳад буд. Баъди ду рӯзи истеъфои Кошта порлумонро пароканда карданд. Рӯзи 7 ноябр дар Португалия кофтукоб ва панҷ тан, аз ҷумла роҳбари дастгоҳи Коштаро дар доираи парвандаи фасодкорӣ боздошт карданд. Парвандаи ҷиноӣ ба канданиҳои фоиданок ва сохтани корхона марбут буд. Читать дальше...



Акмалиддин Каримов медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро гирифт

Ozodi.org 

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки имрӯз, 10-уми ноябр, дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван оғоз ёфт, медали биринҷӣ ба даст овард. Ин варзишгари 33-сола дар вазни то 58 кило баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Қайрат Уулуи қирғизистонӣ ва Жассулан Наримонови қазоқистонӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Акмалиддин дар нимфинал аз Саян Хертеки рус, ки ба финал баромад, мағлуб шуд. Дар воқеъ, ин рақобати сеюми ҳарду ба шумор меравад. Қаблан дар финали... Читать дальше...

Сел дар ноҳияи Панҷ. Даҳҳо замини наздиҳавлигӣ осеб дид

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи селе, ки рӯзҳои 8-9 ноябр дар ноҳияи Панҷ мушоҳида шуд, 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини наздиҳавлигӣ осеб дидааст.  Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Хабаргузории "Ховар" бо такя ба  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон менависад, бориши шадид дар ҳудуди деҳаи  «10-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и ҷамоати деҳоти Намуна ба амал омад.  Дар шарҳи хабар омадааст, "дар натиҷаи пур шудани заҳбури Овзикент-2 сел омада, ба 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини  наздиҳавлигӣ  зарар расонд. Читать дальше...

Сомонаи мустақили Kloop-ро дар Қирғизистон бастанд

Ozodi.org 

Дастрасӣ ба саҳифаи қирғизии расонаи мустақили Kloop дар ҳудуди Қирғизистон маҳдуд шудааст. Аз идораи Kloop.kg гуфтанд, ин тасмим дар пайи қарори вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон гирифта шудааст. Вазорати фарҳанг дар номае аз санаи 1 ноябри соли ҷорӣ ба вазорати рушди рақамии Қирғизистон гуфтааст, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дастури бастани сомонаро додааст. "Сомонаи Kloop.kg ба далели нашри мақолаи "Сиёсатмадор Равшан Ҷеенбеков гуфт, ӯро дар боздоштгоҳ шиканҷа кардаанд" баста шуд. Читать дальше...

Расонаҳо: Вазири пешини иқтисоди Қазоқистон ҳамсарашро то дами марг латтукӯб кардааст

Ozodi.org 

Як қатор расонаҳои Қазоқистон шоми 9 ноябр аз боздошти вазири пешини иқтисоди ин кишвар Қуандиқ Бишимбоев хабар доданд. Бино ба хабарҳо, Қуандиқ Бишимбоев дар латтукӯби ҳамсараш, ки бар асари бардоштани ҷароҳати вазнин ҷон додааст, муттаҳам мешавад. Расонаи "Tengrinews" бо истинод ба Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дода, ки шоми 9 ноябр дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Остона миёни муштариён ҷанҷол сар зада, дар натиҷа як зан ҷон бохтааст. Гумонбарро пулис дастгир кардааст. Қуандиқ Бишимбоев... Читать дальше...

Жасмин Ан-Нимр нишони тиллои қаҳрамонии бадансозии ҷаҳонро бурд

Ozodi.org 

Жасмин Ан-Нимр, варзишгар аз Тоҷикистон  дар 14-умин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ (WBPF), ки дар Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон дар вазни то 75 кило медали тилло гирифт.

Забон ва Қонуни асосӣ: Чаро бояд аз истилоҳоти бегона парҳез кард?

Ozodi.org 

Душанбеи гузашта, 6-уми ноябр, рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон буд. Бисёре аз корбарони тоҷики фазои маҷозӣ ба муносибати ин рӯз дар бораи Қонуни асосӣ ва аҳаммияти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлаб нашр карданд.

Равуои бидуни виза байни Қазоқистону Чин ба иҷро даромад

Ozodi.org 

Рӯзи 10 ноябр низоми дуҷонибаи равуои бидуни виза байни Қазоқистону Чин ба иҷро даромад. Шуруъ аз ин сана қазоқистониҳо метавонанд, бидуни дарёфти виза то 30 рӯз дар Чин қарор бигиранд. Чиниҳо низ дар ҳамин муддат метавонанд, бидуни виза ба Қазоқистон ворид ва онҷо ҳузур ёбанд. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон қаблан гуфта буд, ки низоми бидуни раводид ҳуқуқ ба кор, таҳсил ва ё фаъолиятҳои таблиғотиро намедиҳад. Мақомоти ҳавопаймоии Қазоқистон гуфтанд, теъдоди парвозҳои байни ду кишвар афзудааст. Читать дальше...

Баҳси лафзии дипломатҳои афғон дар Тоҷикистон. Консулгарии Хоруғ дасти намояндагони ҳукумати пешин аст ё Толибон?

Ozodi.org 

Ду рӯз пас аз он, ки Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе як номаи паҳншударо аз номи "Толибон", ки муҳтавои он таъйини шахсе ба унвони котиби аввали сафорат аст, дар ҳузури хабарнигорон пора кард, Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, ба гунае ба он вокуниш нишон дод.

Боздошти нуҳ пайрави дини баҳоӣ дар Эрон 

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон дастикам нуҳ пайрави оини баҳоиро боздошт кардаанд. Дар ин бора Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар додааст. Ба қавли манбаъ, дар рӯзҳои ахир мақомоти эронӣ манзили 20 пайрави дини баҳоиро дар ғарби ин кишвар, дар Ҳамадон кофтукоб кардаанд.

Муҳоҷирони узбек дар Русия филмеро ба навор гирифтаанд

Ozodi.org 

Муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон дар Русия филми кутоҳеро бо номи "Модар" ба навор гирифтаанд. Гурӯҳи филмбардорӣ ва ҳунармандон муҳоҷирони одӣ ҳастанд. Муҳтаво ва муколамаҳо дар филм барои бисёре аз муҳоҷироне, ки дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд, шояд ошно бошад. Рӯзноманигорони "Мигрант медиа", тарҳи Радиои Озодӣ бо ҳунарманд Фотимахон Мамадқулова, ки нақши асосиро дар филм бозидааст, суҳбат карданд. Мамадқулова, ки нақши модарро бозидааст, 22 сол пеш барои кор ба Русия рафта буд. Читать дальше...

"Равшан" бохт ва имкони мубориза барои Ҷоми Осиёро аз даст дод

Ozodi.org 

Дастаи «Равшан»-и Тоҷикистон, ки дар даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар меҳмонӣ аз тими «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи баъдии мусобиқот маҳрум шуд. Бозӣ миёни футболбозони тоҷику қирғиз дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» шоми панҷшанбеи 9-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек доир гардид. Голи ягонаро дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, Айзар Акматов зад. Вай тӯби... Читать дальше...

Амрико: Исроил ба оташбаси чаҳорсоатӣ дар Ғазза розӣ шуд

Ozodi.org 

Исроил ба хотири кӯч бастани сокинони боқимондаи минтақаи шимолии Ғазза ба ҷануб ва интиқоли кумакҳои башардӯстона розӣ шудааст, ки ҳамарӯза чаҳор соат ҳамлаҳоро қатъ кунад. Кохи Сафед дар ин бора рӯзи панҷшанбе хабар дода, афзуда, ки бар иловаи долони башардӯстона аз шимол ба ҷануби Ғазза як долони дигар ташкил карда мешавад. Намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА Ҷон Кирбӣ гуфтааст, қатъи чаҳорсоатии ҳамлаҳоро президенти ин кишвар Ҷо Байден дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу дархост кардааст. Читать дальше...



Москва

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин поздравил работников скорой помощи с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Вольфганг Амадей Моцарт

Моцарт в рок-формате: ставропольские музыканты представили свою версию известного мюзикла




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Зенит" потерпел второе поражение подряд в РПЛ

Результаты забега на 5 км на Московском полумарафоне. Аплачкина и Голоктионов установили рекорды соревнований

"Спартак" обыграл "Локомотив" в 26-м туре чемпионата России


Полина Михайлова

Россиянка Полина Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России