Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Новости за 06.11.2023

Даъват аз Раисӣ: “Бо Раҳмон озодии маҳбусони сиёсиро матраҳ кунед”  

Ozodi.org 

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон як  ташаккули оппозитсионии мамнӯъ дониста мешавад, дар даъват аз президенти Эрон хост, дар мулоқоташ бо президент Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи озодии маҳбусони сиёсиро дар миён гузорад. Дар номаи саркушодае, ки 6-уми ноябр дар саҳифаи фейсбукии ПМТ нашр шуд, дар муроҷиат ба президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, аз ҷумла, ёдоварӣ шудааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчун яке аз кафилони иҷрои Созишномаи сулҳи соли 1997 масъулият дорад, то ба поймол шудани он расидагӣ кунад. Читать дальше...

Назари мардум: Оё дар Тоҷикистон Қонуни асосӣ риоя мешавад? ВИДЕО

Ozodi.org 

6-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Дар Қонуни асосӣ  пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда фароҳам меорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд.



Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза 200 каси дигар кушта шудаанд

Ozodi.org 

Шаби 5 ба 6-уми ноябр дар ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза беш аз 200 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Ғазза хабар дод, ки зери назорати гуруҳи “Ҳамос” аст.   Интизор меравад, ки бо омори ахири Вазорати тандурустии Ғазза, шумораи талафот дар ин борика аз 10 ҳазор нафар зиёд шавад.   Артиши Исроил дар посух ба ҳамлаи 7-уми октябри неруҳои “Ҳамос” ба ин кишвар, қариб як моҳ аст Ғаззаро бомбборон мекунад. Дар ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил беш аз 1400 кас ва асосан сокинони мулкӣ кушта шуда, зиёда аз 240 нафар ба асорат афтоданд.

Манбаъҳои Рейтерс мегӯянд, Путин дар интихоботи соли 2024 иштирок мекунад

Ozodi.org 

Владимир Путин қарор кард, ки дар моҳи марти соли 2024 дар интихоботи президентии Русия иштирок кунад ва дар ин сурат, ҳузури ӯ дар қудрат то соли 2030 таъмин хоҳад шуд. Шаш манбаи мухталиф ба хабаргузории Рейтерс гуфтанд, ки қарори дар интихобот иштирок кардани Путин ба он рабт дорад, ки ӯ бовар дорад бояд Русияро дар  хатарноктарин марҳилаи  таърихии ин кишвар раҳбарӣ кунад. Путин қудратро дар поёни соли 1999 аз дасти президенти собиқ Борис Елтсин ба даст овард ва баъди диктатори шӯравӣ Иосиф... Читать дальше...



Як қарни Низорамоҳ Зарипова: "Якуним моҳ раҳбари Тоҷикистон будам". ВИДЕО

Ozodi.org 

Ходими давлатии Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи бачагиҳои сахту сангинаш дар давраи ташаккулёбии Тоҷикистони советӣ, фирори Амир Олимхон аз Тоҷикистон, мулоқоташ бо Сталин, таҷрибаи корӣ зери раҳбарии Бобоҷон Ғафурову Турсун Ӯлҷабоев ёдовар шуд.

Як қарни Низорамоҳ Зарипова: "Якуним моҳ раҳбари Тоҷикистон будам"

Ozodi.org 

Ходими собиқадори Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова рӯзи 6-уми ноябр 100-сола шуд. Ходими давлатии Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи зиндагиву кораш дар як қарни гузашта ёдовар шуд.

Фаронса барои истихроҷи урани Узбекистон сармоягузорӣ мекунад

Ozodi.org 

Бобир Исломов, вазири саноати куҳӣ ва геологияи Узбекистон гуфт, ширкати фаронсавии "Orano" барои истихроҷ ва коркарди уран дар Узбекистон то 500 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Ба иттилои вазир, ширкати фаронсавӣ дар ду қитъа дар вилояти Навоии Узбекистон корҳои иктишофиро ба роҳ мондааст. То охири соли 2023 тарҳи ибтидоии асосноксозии иқтисодиву техникӣ таҳия хоҳад шуд. Рӯзи 2 ноябр дар шаҳри Самарқанд президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Читать дальше...

Дар Қазоқистон қудои пешини Назарбоев ба озодӣ баромад

Ozodi.org 

Тоҷири қазоқистонӣ Кайрат Боронбоев, ки соли ҷорӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, ба озодӣ баромад. "Маҳкумшуда Боронбоев, ки муҳлати боқимондаи ҳабсаш ба маҳдудсозии озодӣ иваз шуда буд, рӯзи 6 ноябр аз маҳбас озод шуд", - хабар доданд аз мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қазоқистон ба расонаҳо. Боронбоев - қудои пешини Дариға Назарбоева, духтари президенти собиқи он кишвар Нурсултон Назарбоевро шартан аз зиндон озод кардаанд. Дар иттилоияи додгоҳи Қазоқистон гуфта шуда, ки ҳангоми тағйири ҳукми Боронбоев чандин омил... Читать дальше...

Шавҳари пешини Гулнора Каримоваро дар Ҳонконг боздошт карданд

Ozodi.org 

Бино ба иттилои дастрасшуда, Рустам Мадумаров - шавҳари пешини Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов - президенти пешини Узбекистонро моҳе пеш дар Ҳонконг боздошт кардаанд. Радиои Озодлик дар ин замина таҳқиқоти худро нашр кардааст.  Рустам Мадумарови 46-сола дар гузашта овозхон ва шарики тиҷориву шавҳари Гулнора Каримова буд. Вай ҳамчунин дар таҳқиқи байналмилалии зидди Гулнора Каримова шахси муҳим ба ҳисоб меравад. Ин дар ҳолест, ки Мадумаровро ибтидои соли 2014 дар Узбекистон боздошту ҳабс карда буданд. Читать дальше...

Дар фурудгоҳҳои Маскав қоидаи гирифтани акс ва изи ангушти муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Ozodi.org 

Русия мехоҳад назорати вуруди муҳоҷиронро сахттар кунад. Бо ин мақсад қарор аст ба зудӣ  дар фурудгоҳҳои Маскав гирифтани изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон роҳандозӣ  шавад. Валентина Казакова, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират охири ҳафтаи гузашта гуфт, чунин навоварӣ  аз вуруди онҳое, ки ному насабашонро иваз  карда ба Русия меоянд, ҷилавгирӣ  мекунад.  Тартиби гирифтани изи ангушт ва аксбардории ҳатмӣ барои  муҳоҷирони меҳнатӣ аз моҳи декабри соли 2021 ҷорӣ шудааст. Читать дальше...

Пурсиш аз мардум: Барои зимистон чӣ омодагӣ доред? ВИДЕО

Ozodi.org 

Тибқи пешбинии обуҳавшиносон, ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар кишвар то 8-10 дараҷа паст мешавад ва ба дунболи он сардиҳо оғоз хоҳад шуд. Мардуми Тоҷикистон барои зимистони имсола чӣ омодагӣ доранд? Нархи сӯзишворӣ бахусус ангишт то куҷо барои аҳолӣ дастрас аст.

Дархости ниҳодҳои СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза

Ozodi.org 

Раисони 11 ниҳоди зертобеи Созмони Милали Муттаҳид ва 6 созмони башардӯстона бо нашри баёнияи муштарак, хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза, муҳофизат аз ҷони ғайринизомиён ва иҷозаи интиқоли ҳарчи зудтари об, дору ва маводи сӯхт ба Ғазза шуданд.

Дар Туркия эътирозгарон талош карданд, ба пойгоҳи ИМА ворид шаванд

Ozodi.org 

Пулиси Туркия зидди эътирозгароне, ки талош карданд, ба пойгоҳи ҳавоии Инҷирлики Амрико дар канори шаҳри Адана ворид шаванд, гази ашковар истифода кардааст. Телевизиони "NTV" иттилоъ додаааст, ки гуруҳе аз мардум зидди Исроил ва Амрико эътироз карда, талаб намуданд, ки пойгоҳ баста шавад. Ба иттилои телевизион, бархе аз иштирокдорон аз Истамбул ба Адана рафтаанд ва ба онҳо сокинони маҳаллӣ пайвастаанд. Кормандони пулис роҳ ба сӯи пойгоҳро бастанд.   Рӯзи 7-уми октябр "Ҳамос", ки Ғаззаро зери назорат дошт, ба хоки Исроил ҳамла кард. Читать дальше...

Ёвари вазири умури хориҷии Амрико ба Қазоқистон рафт

Ozodi.org 

Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзҳои 4-11 ноябр аз Қазоқистон, Узбекистон ва Ҳиндустон боздид мекунад. Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии ИМА омадааст, Лу ҳайати амрикоиеро раҳбарӣ мекунад, ки ба хотири тақвияти комёбиҳои нахустини саммити "C5+1" дар моҳи сентябри имсол, ба кишварҳои мазкур сафар хоҳад кард. Интизор меравад, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар шаҳри Остона бо мақомоти баландпояи ҳукумати Қазоқистон мулоқот... Читать дальше...

Амрико 13 ширкати русӣ ва узбекистониро таҳрим кард

Ozodi.org 

Мақомоти Амрико рӯзи 2 ноябр барои 12 ширкат аз Русия ва як ширкати узбекистонӣ маҳдудият ҷорӣ карданд. Дар иттилоияи Вазорати молияи Амрико омадааст, ки ин ширкатҳо ба хариду фурӯш ва истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин машғуланд. Онҳо дар таъмин кардани Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин гумонбар ҳастанд. Ба рӯйхати таҳримшудаҳои ИМА ширкати узбекистонии "Mvizion" шомил шудааст. Ин ширкат моҳи июни соли 2022 дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд таъсис ёфтааст. Ҳаҷми сармояи оиномавии он 1 миллион сӯм гуфта шудааст. Читать дальше...

Таърихи тоҷикон ё Тоҷикистон? Фитрат. Бахши дувум

Ozodi.org 

Оё Фитрат ва Айнӣ рақиб буданд? Ҳарду порсизабон буда, барои ислоҳи ду забони адабии минтақа - тоҷикӣ ва узбекӣ талошҳои бузург кардаанд. Миёни онҳо дар соли 1917 маҳз барои он ихтилофи назар ба вуҷуд омад, ки чӣ гуна бояд дар Бухоро ислоҳот гузаронд.



Москва

Врач Тяжельников рассказал, какое мясо лучше всего подходит для шашлыка


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин поздравил работников скорой помощи с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Александр Градский

В Москве семью композитора Градского обязали убрать его машины с парковки концертного зала




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ЦСКА проиграл «Балтике» в гостевом матче 26-го тура РПЛ

«Динамо» подложило под «Зенит» бомбу! «Краснодар» может возглавить РПЛ за четыре тура до конца

"Зенит" потерпел второе поражение подряд в РПЛ


Полина Михайлова

Россиянка Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Оксана Фёдорова

Оксана Федорова представит премьеру фильма «Петербург Шаляпина и Рахманинова» на выставке-форуме «Россия»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России