Қорӣ Нуриддин ва чаҳор муҳофизашро куштанд
Як мақоми баландпояи Толибон ҳангоми задухӯрд бо нерӯҳои давлатӣ дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон кушта шудааст. Қорӣ Нуриддин ва чаҳор муҳофизи ӯро рӯзи 30-уми ноябр дар ноҳияи Менгаҷик, ки Толибон нуфузи зиёд доранд, нобуд кардаанд. Абдулмаъруф Озар, сухангӯи ҳукумати вилояти Ҷузҷон рӯзи 30-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни даргирии шабона чаҳор ҷангҷӯи дигари Толибон ҷароҳат бардоштаанд.
Ин гуруҳ ҳануз дар бораи ин талафот шарҳе надодааст. Абдулмаъруф Озар ҳамчунин гузоришҳои расонаҳои дохилиро тасдиқ кард, ки 25 узви Толибон дар Менгаҷик аз ин гуруҳ ҷудо шудаанд ва ба зиндагии маъмулӣ баргаштаанд. Ба қавли Озар ҳамаи онҳо сокинони ҷавони Менгаҷик будаанд ва аксарияташон барои кор ё ба Эрон ва ё Туркия рафтаанд.