Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Новости за 25.12.2019

Дар Тоҷикистон ҷазо барои олуда кардан бо ВИЧ шадидтар мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ҷазои афроде, ки ба воситаи иртиботи ҷинсӣ дигаронро ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ олуда мекунанд, сахттар шуд. Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр бо ислоҳи қонуни ҷиноӣ ба афроди гунаҳкор то даҳ соли зиндон таъйин карданд. Ба иттилои расмӣ, дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 1400 нафари мубтало ба вируси норасоии масунияти бадан сабт шудааст. Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, беш аз 70  дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масунияти одам сироят ёфтаанд. Читать дальше...



Моҷарои ҳиҷоб, насиҳат ба муҳоҷирон ва шодии Аловатов дар “Озодӣ Онлайн”. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тавсия ба муҳоҷирон барои интиқоли пул ва танқиди онҳо барои шикояти зиёдашон, мусулмонӣ дар Русия ва ба қавли муҳоҷирон беинсофӣ дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон, ҷанҷоли бепоёни ҳиҷобу рӯсарӣ ва пирӯзии Чоршанбе Аловатов дар озмуни минтақавии истеъдодҳои Осиёи Марказӣ аз мавзуъҳои суҳбати барномаи имрӯз аст. Иддаои Нилуфар Раҷабова, сокини Душанбе ва духтари як узви зиндонии Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ки гуфт, маъмурони милиса барои ҳиҷобаш бо ӯ бадрафторӣ кардаанд, баҳси доғеро дар вебсайти Радиои Озодӣ барангехт. Читать дальше...

"Чаро дурӯғ мегӯед, ҷанобони мансабдор"

Ozodi.org 

Тавсия ба муҳоҷирон барои интиқоли пул ва танқиди онҳо барои шикояти зиёдашон, мусулмонӣ дар Русия ва ба қавли муҳоҷирон беинсофӣ дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон, ҷанҷоли бепоёни ҳиҷобу рӯсарӣ ва пирӯзии Чоршанбе Аловатов дар озмуни минтақавии истеъдодҳои Осиёи Марказӣ аз мавзуъҳои суҳбати барномаи имрӯз аст.

Президенти Қирғизистон гуфт, нисбати сарнавишти Отамбоев бетаваҷҷуҳ нест

Ozodi.org 

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти кунунии Қирғизистон дар мавриди сарнавишти президенти пешини кишвараш Алмосбек Отамбоев изҳори назар кард. Ҷеенбеков гуфт, нисбати сарнавишти Отамбоев бетаваҷҷуҳ нест ва ҳамзамон ёдовар шуд, ки "замоне ҳамсаф буданд ва дар якҷоягӣ барои озодии кишвар дар солҳои 2005-2010 мубориза бурданд". "Аз замоне ки ман президент шудам, нисбати вай чизе нагуфтам, сарфи назар аз он ки дигарон дар бораи ман чизҳои зиёде гуфтанд. Барои ман муттаҳидии мардум аҳамият дорад. Ман дар бораи изҳороте... Читать дальше...

Дар Ироқ қонуни нави интихобот, яке аз талабҳои эътирозгарон, қабул шуд

Ozodi.org 

Порлумони Ироқ қонуни нави интихоботро қабул кард. Ин санад барои номзадҳои мустақил имкони бештари пирӯзиро дар интихобот фароҳам хоҳад овард. Тақозои эътирозгарони ироқӣ низ маҳз қабули қонуни нав дар бораи интихоботи порлумонӣ буд. Тибқи қонуни нав ҳар яке аз 18 вилояти Ироқ ба ноҳияҳои интихоботӣ тақсим шуда, аз байни сад ҳазор аҳолӣ як вакили мардумӣ интихоб хоҳад гардид. Бар пояи ин қонун, ҳизбҳо наметавонанд, дар асоси рӯйхати ягона номзадҳояшонро пешбарӣ кунанд. Дар гузашта ба ҳамин васила ҳизбҳо имкон доштанд... Читать дальше...



Ҷеенбеков: Дар низоми гумрукӣ ба монанди Матраимов садҳо кас буд

Ozodi.org 

Президент Сооронбой Ҷеенбеков дар нишасти хабарии солонааш ба суолҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ роҷеъ ба фасодкориҳо дар мақомоти гумруки Қирғизистон ва таҳқиқоти рӯзноманигории радио посух гуфт, ки яке аз "қаҳрамонҳо"-и он муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов аст. "На танҳо дар низоми гумруки мо, балки дар низоми гумруки тамоми ҷаҳон пулҳои калон чарх мезананд ва ҳар ҷое пули калон бошад, онҷо фасодкорӣ низ ҳаст. Дар мо низ ин чиз ҳаст. Намегӯям, ки нест. Медонам, онҷо фасодкорӣ мешавад. Читать дальше...

Раҳбари яке аз мактабҳои бузургтарини тасаввуф дар Эрон даргузашт

Ozodi.org 

Нуралӣ Тобанда, раҳбари яке аз бузургтарин мактабҳои тасаввуф дар Эрон, дар 92-солагӣ вафот кардааст. Хабаргузории нимарасмии ИСНО гузориш дод, ки Тобанда рӯзи 24-уми декабр дар шифохонаи "Меҳр"-и Теҳрон даргузашт. Тобанда пешвои тариқати сӯфиёни Неъматуллоҳӣ аст, ки марказаш дар вилояти Хуросон аст ва пайравонаш дар саросари Эрон мебошанд. Солҳои ахир Тобанда ва пайравонаш чанд дафъа дастгир шудаанд. Онҳо аз ҷумла бо нерӯҳои амниятӣ ва гурӯҳҳои ниманизомии тарафдори давлат даст ба гиребон шудаанд. Читать дальше...

Дар Тошканд як мард кӯдаки ҳамхонаашро аз ошёнаи чорум ба замин партофтааст

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон мардеро боздошт карданд, ки дар натиҷаи баҳсе духтари чаҳорсолаи ҳамхонаашро аз ошёнаи 4-ум ба замин партофтааст. Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, В. К. - марди 41-сола ва сокини кӯчаи Шаҳриободи ноҳияи Мирзоулуғбек, ки доғи судӣ дорад, шаби 20-уми декабр ҳамроҳи ҳамхонааш - М.К. арақ нӯшида, бо ҳам баҳс кардаанд. Мард духтари занро аз ошёнаи 4-ум ба замин андохтааст, ки дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат расидааст. Додситонии ноҳияи Мирзоулуғбек роҷеъ ба ин ҳодиса... Читать дальше...

Аз нафақа то суҳбати рӯ ба рӯ. Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанде аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки дар паёми имсолаи раиси ҷумҳур ба порлумон масъалаи боло бурдани нафақаи бознишастагон, ташкили ҷойҳои корӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзгорон ва интихоби кадрҳои шоиста таъкид шавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр ба порлумон ва мардум паём дода, нақшаи кори ҳукуматро барои соли оянда муаррифӣ хоҳад кард. Дар остонаи ироаи паём ва баъди он тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо коршиносон мегӯянд, дар умум дар кору ҳаёти сокинон тағйироти чандоне намешавад. Читать дальше...

Аз пули нафақа то суҳбати рӯ ба рӯ. Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон

Ozodi.org 

Чанде аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки дар паёми имсолаи раиси ҷумҳур ба порлумон масъалаи боло бурдани нафақаи бознишастагон, ташкили ҷойҳои корӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзгорон ва интихоби кадрҳои шоиста таъкид шавад. Президент Раҳмон рӯзи 26-уми декабр ба порлумон ва мардум паём хоҳад дод.

Вазири молия: "Созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои маблағгузории Роғун пешниҳодҳо кардаанд"

Ozodi.org 

Вазири молия мегӯяд, созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи "Роғун", ба Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол кардаанд. Дар ҳоле, ки қаблан мақомот мегуфтанд, ташкилотҳои молии хориҷӣ ба эҳтимоли зиёд дар "Роғун" маблағгузорӣ нахоҳанд кард. Ҳукумати Тоҷикистон неругоҳи "Роғун"-ро "иншооти тақдирсоз" барои кишвар мехонад ва барои бунёди он бо маблағи ним миллиард евробонд фурӯхтааст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таваҷҷуҳ... Читать дальше...

Сабти 6 ҳазор шикоят дар 2 рӯз. Оё интихоботи Афғонистон ба даври дувум меравад?

Ozodi.org 

Пас аз эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентии Афғонистон, марҳилаи сабти шикоятҳо идома дорад. Тимҳои интихоботӣ ҳаққ доранд, ки то се рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, шикоятҳои худро ба Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ пешниҳод намоянд. Қутбиддин Рӯйдор, узви Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ рӯзи сешанбе эълом кард, ки то соати соати 2-и пас аз зуҳр, беш аз шаш ҳазор шикоят аз сӯи тимҳои интихоботи сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан то рӯзи чаҳоршанбе, ки рӯзи поёнии сабти шикоятҳо аст, шумораи шикоятҳо ба даҳ ҳазор бирасад. Читать дальше...

Кумитаи ҷавонон 42 варзишкори беҳтарини солро бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ кард

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълон кард, ба 42 нафар варзишкорони тоҷик, ки барандаи ҷоизаи Президентӣ шуданд беш аз 900 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд

Сокинони Алмато озодии фаъолони боздоштшударо талаб карданд

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 24-уми декабр пушти дари боздоштгоҳи махсуси шаҳр ҷамъ шуданд ва озодии наздики 20 танеро талаб карданд, ки дар гирдиҳамоиҳои рӯзи 16-уми декабр боздошт ва аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд. Ахиран хабар расид, ки бештар аз 25 боздоштшудаи рӯзи 16-уми декабр бо талаби раҳоӣ аз ҳабс гуруснашинӣ эълом кардаанд. Сокинон пушти дари боздоштгоҳи махсуси шаҳри Алмато рӯзи 24-уми декабр бо нидоҳои "Озодӣ" шиорпартоӣ карданд. Касе аз намояндагони боздоштгоҳ назди онҳо набаромад. Читать дальше...

Чаҳор коршинос "Ояндаи бузург"-и Узбекистонро тарк карданд

Ozodi.org 

Чаҳор узви Шӯрои коршиносони "Ояндаи бузург"-и Узбекистон ин созмонро тарк карданд. Миёни инҳо раиси шӯро Алишер Калонов, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози созмон Собир Шодиев, Шерзод Юсупов ва Баҳром Исмоилов ҳастанд. Ин иттилоъро ҳаммуассиси созмон Баҳром Исмоилов тасдиқ кард. Ин дувумин гуруҳи коршиносон ҳастанд, ки "Ояндаи бузург"-ро тарк мекунанд. Онҳо сабабҳои рафтан аз созмонро шарҳ надоданд. Гуруҳи аввал иборат аз 10 коршинос "Ояндаи бузург"-ро моҳи сентябр тарк карда буданд. Яке аз вазифаҳои... Читать дальше...

Сабти номи расонаҳоро дар Узбекистон осон мекунанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон барои сабти ном кардани расона муроҷиати ҳатмӣ ба Оҷонсии иттилоъ ва иртибототи кишварро бекор карданд. Ҳамакнун дар Узбекистон сабти номи расонаи нав дар Маркази хадамоти давлатӣ сурат мегирад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба девони вазирони Узбекистон хабар доданд. Муқаррароти нави сабти номи расона танҳо талаб мекунад, ки муассис ба Маркази хадамоти давлатӣ ва Портали ягонаи хадамоти мутақобилаи давлатӣ бо нишонии my.gov.uz муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод кунад. Расонаҳо менависанд... Читать дальше...

ИА барои дастгирии низоми маорифи Қирғизистон 8 млн евро медиҳад

Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо 23-уми декабр барои ҳукумати Қирғизистон ба маблағи 8 млн 50 ҳазор евро грант ҷудо кардааст. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Бишкек хабар дод. Ба иттилои намояндагии иттиҳод дар Бишкек, Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ҳукумати Қирғизистон дар иҷрои Стратегияи рушди маориф то соли 2020 32 миллион евро ҷудо хоҳад кард. "Ҳадафи ин барномаи ИА мусоидат дар таҳияи низоми иттилоотии идораи маориф, баланд бардоштани сифати омӯзиш, низоми баҳо додани дастовардҳои донишомӯзон... Читать дальше...

Ҳалокати сокинони осоишта дар зарбаҳои ҳавоии Русия ба Идлиб

Ozodi.org 

Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои Русия дар шимолу ғарби Сурия, дар вилояти Идлиб 8 кас, аз ҷумла 5 кӯдак кушта шуданд. Ба огаҳии СММ, аз 16-уми декабр амалиёти низомии ҳукумати Сурия ва Русия дар Идлиб афзоиш ёфта, даҳҳо ҳазор одамро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст. Маркази мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, дар давоми ин муддат ҳудуди 80 сокини осоишта ҷон бохтааст. Нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад дар пайи задухӯрдҳои худ бо ҷиҳодиён даҳҳо маҳаллаву шаҳракро дар ҷануби Идлиб ғасб кардаанд. Читать дальше...

Ҷавони муттаҳам ба фурӯши билетҳои қалбакӣ пайдо шуд, аммо мегӯяд, ӯ қурбонӣ аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Маҳмуд Абдураҳмонов, сокини шаҳри Ваҳдат, ки даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия ӯро ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймо муттаҳам мекунанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттиҳомро беасос хонд. Ду ҳафта пеш даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия иддао карданд, ки ба "доми фиреб"-и Абдураҳмонов афтиданд ва дар маҷмуъ аз 8 то 10 миллион рубли русӣ зиён дидаанд. Ин муҳоҷирон он замон гуфтанд, Маҳмуд Абдураҳмонов аз Русия фирор кардааст ва ӯро пайдо карда наметавонанд. Абдураҳмонов рӯзи... Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Песня

Вывод Песни, Альбома, Клипа в ТОП Музыкальных Чартов!




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Заммэра Москвы Ефимов: набережная в Южном порту увеличится в 1,5 раза

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


Андрей Рублёв

Рублёв в трёх сетах обыграл Маркоса Гирона и вышел в третий круг «Мастерса» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Москве прошла Премия Green Awards 23/24, которая объединила более 250 ведущих компаний и экспертов в ЗОЖ/ЭКО индустрии, инфлюенсеров



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России