Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Новости за 13.12.2019

Ба вакилони анҷумани ҲХДТ дастур додаанд, ки бо расонаҳо суҳбат накунанд (Бе шарҳ)

Ozodi.org 

Рӯзи 13-уми декабр, баъд аз поёни анҷумани ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, аксар аъзои он аз шарҳи он чи дар дохили "Кохи Борбад"-и Душанбе гузашт, худдорӣ карданд. Баъзе фишори баланду бархеи дигар сарпӯш ва иддае камии вақтро баҳона пеш оварданд. Вале яке аз онҳо гуфт, барояшон дастур шудааст, ки бо намояндагони расонаҳо суҳбат накунанд. Ин ҳамаро хабарнигори Радиои Озодӣ ба навор гирифт ва он бе ҳеч шарҳ пешниҳод мешавад.



Аз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" кӣ огоҳ кард? Нақли шоҳидон. САДО

Ozodi.org 

Ба нақли шоҳидону мақомот, ҳангоми ҳамлаи хунини шаби 6-уми ноябри имсол ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон амали як сарбоз аз талафоти зиёд пешгирӣ кардааст. Дар ҳоле ки ҳамлаварон, ба гуфтаи онҳо, чанд нафарро қатл кардаву силоҳҳоро ба даст гирифта буданд ва дигаронро низ ба қатл таҳдид мекарданд, яке аз сарбозон худро ба берун ба хандақ андохта, ба наздиктарин хонаи сокини деҳаи Ишқобод рафтааст. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи мустақил ғайримумкин аст.  Дидбонгоҳи... Читать дальше...

Сокинони Қалъаихумб мегӯянд, бомбаборон дар он сӯи марз хонаҳояшонро ба ларза овард

Ozodi.org 

Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон шаби панҷшанбе мавзеъҳои гурӯҳи Толибон дар ноҳия ё вулусволии Нусайи Дарвози он кишварро бомбаборон кардаанд. Сокинони Қалъаихумб -- маркази Дарвози Тоҷикистон мегӯянд, аз шиддати бомбаборон дару тирезаи манзили онҳо дар ин сӯи марз ба ларза даромад. Ноҳия ё вулусволии Нусай дар рӯ ба рӯи Дарвози Тоҷикистон воқеъ аст ва ин ду минтақаро дарёи Панҷ аз ҳам ҷудо мекунад. Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 12-уми декабр иттилоъ доданд, ки "дар як ҳамлаи ҳадафмандонаи... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 13-уми декабри соли 2019

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Хатлон як марди 36-соларо бо азияти ҷинсии духтарандараш муттаҳам мекунад, як шаҳванди Тоҷикистон ба садҳо муҳоҷири тоҷик билети қалбакии ҳавопаймо фурӯхтааст, баъди гузориши Радиои Озодӣ зани серфарзанд ба хонааш баргашт ва матолиби дигар.



Тағйирот дар ҳизби ҳоким. ҲХДТ киро номзад ба интихобот кард? ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Саидмурод Фаттоҳзода ва Раъно Бобоҷониён рӯзи 13-уми декабр ду номзади асосии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи соли ояндаи порлумонӣ муаррифӣ шуданд. Фаттоҳзода ва Бобоҷониён то ин дам ба ҳайси муовинони раиси ҳизби ҳоким кор мекарданд ва рӯзи ҷумъа дар анҷумани ҳизб аз мақомҳои худ барканор шуданд. Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзадии 28 нафарро пешбарӣ кардааст. Ин ҳизб феълан низ аксар курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад. Мухолифон... Читать дальше...

Пирӯзии муҳофизакорҳо боиси тарки Иттиҳоди Аврупо кардани Бритониё мешавад

Ozodi.org 

Ҳизби муҳофизакори ҷонибдори Брекзит барандаи интихоботи Бритониё шуд. Натиҷаҳои расмии  интихоботи парлумоние, ки рӯзи 13 декабр эълон шуд,  ҳокист, ки нахуствазир Борис Ҷонсон метавонад акнун ваъдаи худ барои  берун кардани кишвараш аз узвияти Иттиҳоди Аврупоро амалӣ кунад. Дар паи шумориши қариб тамоми овозҳо маълум шуд, ки ҳизби Борис Ҷонсон  364 курсии маҷлиси иборат аз 650 курсиро бурдааст. Ҷонсон гуфт, ки баъди пирӯзии қотеи муҳофизакорҳо, Бритониё метавонад мувофиқи нақшаи қаблӣ, рӯзи 31 январ Иттиҳоди Аврупоро тарк кунад. Читать дальше...

Бархӯрди фарҳангҳо: Оё фарҳанги муосир бо суннатӣ созгор мешавад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъд аз як соли баҳсҳои доғ дар фазои расонаии Тоҷикистон дар мавриди наққошиҳои Маърифат Давлатова, ки дар онҳо бадани урёни духтарон тасвир шуда буд, дар Қирғизистон ҳам ин гуна ҷанҷол сар зад. Намоишгоҳи муосири “феминнал” бо ҳузури густардаи мардуми ҷанҷолофарин шуд. Суннат ё навгароӣ? Ҳафтаи дувум аст, ки Қирғизистон баҳсҳо перомуни ҳунари муосири “феминнал”(занона), ки дар оғози декабр дар осорхонаи ҳунарҳои зебои ба номи Ғаффор (Гапар) Айтиеви Бишкек баргузор шуд хомӯш намешаванд. Дар... Читать дальше...

Отамбоевро дар куштори афсари амниятӣ муттаҳам карданд

Ozodi.org 

Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар куштори як афсари амният дар ҷараёни муноқишаи байни нирӯҳои интизомиву тарафдоронаш дар моҳи август гумонбар дониста шуд. Қошғар Ҷунушалиев, вазири умури дохилии Қирғизистон рӯзи 13 декабр гуфт, ки Отамбоев ба таври расмӣ огоҳонида шуд, ки дар куштори полковник Усенбек Ниёзбеков, падари шаш фарзанд, ки рӯзи 7 август дар рейди ҳавлии Отамбоев дар деҳаи Кой Таши канораҳои Бишкек аз тири туфанг ба ҳалокат расид, айбдор мешавад.  Ҷунушалиев гуфт,  санҷиши баллистикӣ собит кард... Читать дальше...

Сенати ИМА куштори арманиҳоро "наслкушӣ" эътироф кард

Ozodi.org 

Қатъномае, ки аз ҷониби аъзои Сенати Амрико якдилона қабул шуд, қатли арманиҳо аз ҷониби имперотурии Усмониро  наслкушӣ эътироф мекунад. Нахуствазири Арманистон овоздиҳӣ дар Сенатро «пирӯзии адолат ва ҳақиқат» номид. Қатъномае, ки бо  ташаббуси сенатори демократ Боб Менендез қабул шуд, эътироф мекунад, ки дар хушунатҳои солҳои 1915-1923-и замони императории Усмонӣ 1,5 миллион арманиҳоро қатл кардаанд.   Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар вокуниши худ тавассути Твиттер гуфт, ки «аз номи... Читать дальше...

Фабрикаи "ҳуҷҷатҳои қалбакӣ" ва ё қиссаи ғуломони муосир дар Аврупо. ФИЛМИ МУСТАНАД

Ozodi.org 

Дар Шветсия ҷомеае пинҳон аз назарҳо вуҷуд дорад, ки касе намехоҳад онро бибинад. Онҷо хориҷиён истисмор мешаванд – дар шароите ки метавон ғуломдории даврони муосир номид. Дар ҳама ҷо ҳастанд – дар сохтмонҳо, мактабҳо, бемористонҳо ва дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо. Интизор меравад, сиёсатмадорони Шветсия барои поён додан ба истисмор ба ҳар кори мумкин даст зананд. Ҳоло истисмори мардум ба ин шева гуноҳ ҳисоб мешавад. Вале таҳқиқоти Ҷессика Ҷозефсон аз "Шабакаи 4"-и Шветсия ва Сироҷиддини Ислом аз Радиои Озодӣ нишон медиҳад... Читать дальше...

Баҳси интиқоли пул ба Тоҷикистон. Мақомот аз беҳбудӣ мегӯянд, мардум аз камбудӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯз ба ҳар куҷое нигоҳ накунем, масъалаи фиристодани пул ба Тоҷикистон баҳс мешавад. Бонки Миллӣ даҳ рӯз пеш низоми нави пулгузарониро фаъол кард. Мақомот аз беҳбудӣ мегӯянд, мардум аз камбудӣ.  Як корбари сомонаи Радиои Озодӣ аз Русия наворе фиристод ва гуфт, ки барои интиқоли пул ба Тоҷикистон ба воситаи низоми “Юнистрим” соатҳо мунтазир мемонанд. Ду навори дигаре, ки гирифтем ба ин масъала рабт дорад ва онро аз Маскаву Ростови лаби Дон фиристодаанд. Муаллиф мегӯяд, пул доранд, аммо онро фиристода наметавонанд ва агар фиристанд ҳам... Читать дальше...

Баҳси интиқоли пул ба Тоҷикистон. Мақомот аз беҳбудӣ мегӯянд, мардум аз камбудӣ

Ozodi.org 

Имрӯз ба ҳар куҷое нигоҳ накунем, масъалаи фиристодани пул ба Тоҷикистон баҳс мешавад. Бонки Миллӣ даҳ рӯз пеш низоми нави пулгузарониро фаъол кард. Мақомот аз беҳбудӣ мегӯянд, мардум аз камбудӣ.

Баъди ҳамла ба Багром музокироти Халилзод бо Толибон боздошта шуд

Ozodi.org 

Фиристодаи ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод рӯзи 12 декабр гуфт, баъди он ки гурӯҳи шӯришӣ алайҳи пойгоҳи низомии ИМА ҳамла анҷом дод, музокироти сулҳ бо Толибон муваққатан боздошта мешавад. Рӯзи чоршанбе ҷангҷӯёни Толибон дар наздикии пойгоҳи низомии Багром ҳамла анҷом доданд, ки дар натиҷа, ду шаҳрванди мулкии Афғонистон  кушта ва беш аз 70 нафар, аз ҷумла, панҷ низомии гурҷӣ маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлае, ки аз ҷумла бо ширкати як мошини бомбгузоришуда рух дод, як ҳафта баъди азсаргирии музокираҳо бо Толибон рух дод. Читать дальше...

Полиси Маскав: ҷинояткории хориҷиҳо коҳиш ёфтааст

Ozodi.org 

Як мақоми полиси Маскав гуфт, ки соли 2019 мизони ҷинояткорӣ дар миёни хориҷиҳо коҳиш ёфтааст. Оҷонсии Интерфакс бо истинод ба Дмитрий Сергиенко, як мақоми муҳоҷирати ВКД-и шаҳри Маскав навишт, ки шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 5,5 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки 16,7 дарсад камтар назар ба соли гузашта будааст. Инчунин, мизони ҷиноятҳои сангине, ки аз ҷониби хориҷиҳо дар шаҳри Маскав содир шудааст, 23 дарсад коҳиш ёфтааст, гуфт Сергиенко дар як мизигирди Палатаи ҷамъиятӣ. Ӯ гуфтааст, ки 96 дарсади ҷиноятҳоро шаҳрвандони Узбекистон... Читать дальше...


Музыкальные новости
Композитор

Композитор Классической музыки





Rss.plus
Геннадий Зюганов

Геннадий Зюганов возложил цветы к Вечному Огню Мемориала танкистам-первогвардейцам




В Самаре началась проходка тоннеля до станции метро "Театральная"

Движение транспорта временно закроют на участке трассы М-7 «Волга» 14–17 мая

Посетитель кафе в Щелкове избил сотрудника заведения

Голкипер ярославского «Локомотива» назван лучшим вратарем сезона




Беш аз 35 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Русия шуданд

Ozodi.org 

Як мақоми вазорати умури дохилии Русия гуфт, ки соли 2019 шумори хориҷиҳои соҳиби шаҳрвандии ин кишваршуда аз 270 ҳазор то 360 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошанд. Валентина Казакова, сардори раёсати умури муҳоҷирати ВКД Русия дар сӯҳбат бо ТВ "Россия-24" гуфт, ки баъди соли 2013 майли хориҷиҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия бештар мешавад. Ӯ гуфт, ки қисмати зиёди онҳоро украиниҳо ташкил медиҳанд ва соли ҷорӣ 130 ҳазор шаҳрванди Украина соҳиби шиносномаи Русия шудаанд. Читать дальше...

Интиқоди HRW аз Русия барои "айбномаҳои сохта" дар парвандаи бомбгузории метро

Ozodi.org 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё HRW мегӯяд, нокомии мақомоти Русия дар таҳқиқи айбномаҳои сохтакорӣ дар парвандаи бомбгузории метро дар шаҳри Санкт Петербург дар соли 2017, таҳқири қурбониҳо ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад. Дар ин робита 11 нафаре, ки ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд, исрор меварзиданд, ки тавассути сохтакории шаҳодатҳо ва шиканҷа ин ҷиноятро ба гардан гирифитанд. Изҳороти Таня Локшина, намояндаи Ҳюман Райтс Вотч дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ 11- уми декабр нашр шуд. Як рӯз пеш... Читать дальше...

Нақлиёти ройгон барои сокинони Хоруғ дар рӯзи мавлуди Шоҳзода Карим Оқохон

Ozodi.org 

Имрӯз, 13-уми декабр Шоҳзода Карим Оқохон, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон 83-сола шуд. Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо дар вилояти Бадахшон ҳастанд ва ин санаро бо баргузории барномаҳои мухталиф таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат имрӯз дар Маркази ислоилияи шаҳри Хоруғ ва Литсейи Оқохон дар ин шаҳр, чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз, нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хоруғ барои сокинон ройгон хизмат мекунанд. Баргузории намоишгоҳе низ дар ин шаҳр назар аст. Читать дальше...

Сомон ва Беҳрӯз дар "Qingdao Judo Masters 2019" ноком шуданд

Ozodi.org 

Ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода - дар мусобиқаи устодони ҷудо “Qingdao Masters 2019”, ки дар шаҳри Қингдаои Чин ҷараён дорад, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Ҳарду гуштигири тоҷик имрӯз, 13-уми декабр, дар вазни то 73 кило ба рақобат пардохтанд. Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бар Ҷиованни Эспозито аз Италия ғолиб омад. Вале ӯ дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Тоҳар Бутбул аз Исроил бохт. Беҳрӯзи Хоҷазода бошад... Читать дальше...

Издиҳоми хашмгин дар Бағдод навҷавони 16-соларо кушт ва ҷасадашро овезон кард

Ozodi.org 

Мақомоти ироқӣ мегӯянд, издиҳоми хашмгин дар Бағдод рӯзи панҷшанбеи 12-уми декабр як навҷавони 16-соларо, ки дар ҷараёни эътирозҳои зиддидавлатӣ дар ин кишвар шаш нафар, аз ҷумла чаҳор нафар аз муътаризонро кушта буд, ба қатл расонида, ӯро аз по ба сар аз пояи чароғаки раҳнамо, овезон карданд. Даҳҳо нафар аз мардум, ки дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуда буданд, бо телефонҳои мобилии худ аз ҷасади овезоншудаи ин навҷавон дар яке аз майдонҳои марказии шаҳри Бағдод акс ва видео гирифтанд. Видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о препарате для лечения болезни Бехтерева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт в музее-заповеднике им. П.И. Чайковского




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


Новак Джокович

Открытый чемпионат Италии: Новак Джокович получил сильный удар после выхода в третий раунд после Корантена Муте | Теннисные новости



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Сергей Шойгу

В связи с «желтым» уровнем в Крыму и Севастополе не выполнили приказ Шойгу



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России