Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Новости за 09.12.2019

Тоҷирони бозори "Корвон"-и Душанбе изи ангушт месупоранд

Ozodi.org 

Беш аз як ҳафта боз дар "Корвон", бозори бузургтарини Душанбе, маъракаи гирифтани изи ангушт ва тафтиши санадҳои соҳибкоронро ба роҳ мондаанд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, "ин иқдом ба хотири чораҳои бештари амниятӣ гирифта шудааст", вале шарҳ надоданд, ки аз чӣ нигарон ҳастанд. Тоҷирон мегӯянд, далели рафтори мақомотро намедонанд.



Ҷоизаи Дилноза Муҳиддинова ва Афсона Акобиршоева барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ

Ozodi.org 

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун дар Тоҷикистон фаъоли ҷамъиятӣ Дилноза Муҳиддиноваро бо дипломи “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқ” қадрдонӣ кард. Аъзои ҳакамон талошҳои ӯро барои роҳ надодан ба болоравии нархи Интернет дар баҳори соли 2018 ситоиш карданд. Дилноза Муҳиддинова дар маъракаи ҷамъоварии имзо ба зидди тасмими боло бурдани нархи Интернет иштирок кард. Дар ду рӯз ба ин мактуб беш аз 600 нафар имзо гузоштанд. То ин ки мактуб ба дастгоҳи президент расад, раиси ҷумҳур қарори боло бурдани қимати Интернетро муваққатан боздошт. Читать дальше...

Вокуниши мақомоту корбарон ба як тарона. Фирӯза Ҳафизова: Касеро таҳқир накардам. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як таронаи шарҳиҳолии овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки ба гуфтаи худаш "посухе ба бадгӯён дар Интернет аст", баҳс барангехт. Мақомот ба ӯ барои истифода аз калимаи "фу" дар тарона огоҳӣ доданд ва гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беэҳтиромӣ хонданд. "Фу" як навъ вокуниш ба чиз ё бӯйи бадест. Фирӯза Ҳафизова рӯзи 9-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин тарона намехост касеро озурда кунад ва баъд аз баҳсҳои зиёд онро аз саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бардошт. Клип ё намоҳанги... Читать дальше...

Фирӯза Ҳафизова: "Ман касеро таҳқир накардаам"

Ozodi.org 

Як таронаи шарҳиҳолии овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки ба гуфтаи худаш "посухе ба бадгӯён дар Интернет аст", баҳс барангехт. Мақомот ба ӯ барои истифода аз калимаи "фу" дар тарона огоҳӣ доданд ва гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беэҳтиромӣ хонданд. "Фу" як навъ вокуниш ба чиз ё бӯйи бадест. Фирӯза Ҳафизова рӯзи 9-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин тарона намехост касеро озурда кунад ва баъд аз баҳсҳои зиёд онро аз саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бардошт.

Ҳосили чанд соли мубориза бо фасод дар Тоҷикистон чӣ будааст?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мубориза бо фасод мушкили танҳо ниҳодҳоди давлатӣ нест ва бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар он нақш дошта бошанд. Бархе аз соҳибназарон гуфтанд, мардум аз вуҷуди фасоди молӣ борҳо шикоят кардаанд ва ин ба иродаи мақомот вобастааст, ки барои пурра решакан кардани он иқдоми ҷиддӣ кунанд, ё на. Радиои Озодӣ дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод, ки ҳар сол 9-уми декабр таҷлил мешавад, ба ин масъала рӯй овард ва аз сокинону коршиносон пурсид, ки мубориза бо фасод дар Тоҷикистон то куҷо муассир будааст? Читать дальше...



Путин ва Зеленский дар Париж мулоқот мекунанд

Ozodi.org 

Президентҳои Украина ва Русия рӯзи 9-уми декабр дар Париж барои гуфтугӯи деринтизор оид ба ҳалли муноқишаи низомӣ дар шарқи Украина вомехӯранд, ки дар он аз соли 2014 ба ин тараф зиёда аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. Гуфтугӯи миёни президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳамтои русаш Владимир Путин аз ҷониби президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар форуми ба ном "Нормандия"  кумак  мекунад. Бори аввал аст, ки сарони Украина ва Русия аз соли 2016 ба ин тараф... Читать дальше...

Марги як нафар дар Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ аз сабзавоти консервашуда як нафар ҷон бохта, шаш каси дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Абдукарим Шокиров, пизишки бемористони Кӯлоб, 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса як рӯз пеш иттифоқ афтод. "Назрулло Мардонов ва шаш каси дигарро дар ҳолати вазнин ба бемористон оварданд. Баъди ташхсис маълум шуд, ки онҳо аз сабзавоти консервашуда заҳролуд шудаанд. Назрулло Мардонов даргузашт, боқимондаҳо табобат мегиранд," -- афзуд ӯ.  Инҳо сокинони Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб буда... Читать дальше...

Ҷасади табибе, ки “ҷонашро барои Афғонистон қурбон кард”, ба Токио расид

Ozodi.org 

Ҷасади табиби 73-сола Тетсу Накамура, як табиби ҷопонӣ, ки давоми даҳсолаҳо дар шарқи Афғонистон кору зиндагӣ мекард, барои хоксупорӣ ба ватанаш Ҷопон оварда шуд. Накамура рӯзи 4 декабр ҳамроҳ бо панҷ муҳофизи афғон ва дигар ҳамкоронаш аз тири туфанг кушта шуд. Мақомоти ҳукумати Ҷопон баробари ба  Токио расидани ҷасад барои арзи эҳтиром ба ҳамсар ва фарзандони табиб дар фурудгоҳ маросими ёдбуд барпо карданд. Накамура раҳбарии созмони ҷамъиятии “Хамоти тибби Ҷопон барои сулҳ”-ро ба ӯҳда дошт ва моҳи... Читать дальше...

Мулоқоти Путин ва Зеленский дар Париж. Ҷонибҳо чӣ умед доранд?

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 9-уми декабр дар Париж ба таври расмӣ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский гуфтугӯ хоҳад кард. Пас аз буҳрон дар шарқи Украина дар соли 2014, бори аввал аст, ки президентҳои ду кишвар ба ҳам мулоқот мекунанд. Раҳбарони Фаронса ва Олмон заминаи ин мулоқотро фароҳам сохтаанд.  Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, интизор намеравад, дар мулоқоти Путин ва Зеленский, ки бо миёнҷигарии Эммануэл Макрон ва Ангела Маркел сурат мегирад, тавофуқномаи сулҳ ба даст биояд... Читать дальше...

Қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC иштирок мекунад

Ozodi.org 

Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) теъдоди бошгоҳҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо иштирок мекунанд, афзун гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, сар аз соли 2021 дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC на 32 бошгоҳ, чунонки пештар буд, балки 40 бошгоҳ ширкат меварзад. Қаҳрамони Тоҷикистон-2020 ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи аз ҳама пурнуфузи бошгоҳии Осиё иштирок намояд. Ба ғайр аз ин... Читать дальше...

ИМА ва Толибон азсаргирии музокираҳоро тасдиқ карданд

Ozodi.org 

Гузоришҳо ҳокист, ки нахустин бор баъди бо қарори президенти ИМА Доналд Трамп ногаҳон қатъ шудани музокираҳо бо Толибон, ки шароити хатми ҷанги 19-сола дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд, ҳам ИМА ва ҳам Толибон расман дар бораи азсаргирии ин гуфтугӯҳо хабар доданд.  Ин гузоришҳо ҳокист, ки фиристодаи ИМА Залмай Халилзод рӯзи 7 декабр дар макони қаблӣ дар Қатар бо мақомоти Толибон мулоқот карда, инчунин рӯзи 8 декабр ҳам ин гуфтугӯҳоро идома додааст. Азсаргирии ногаҳонии музокираҳо баъди он имконпазир шуд... Читать дальше...

Санна Марин сарвазири ҷавонтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд

Ozodi.org 

Санна Марини 34-сола аз Финландия сарвазири ҷавонтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд. Номзадии ӯро ҳизби пештози эътилофи раҳбарикунандаи сотсиал-демократи Финландия тасдиқ кардааст. Ин зани ҷавон ҳамчунин раҳбари ҷавонтарини ҳукумат дар таърихи Финландия хоҳад буд. Қаблан Марин дар мақоми вазири нақлиёти Финландия кор кардааст. Ӯ аз Алексей Гончарук, сарвазири Украина ва раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чин Ун ҳам ҷавонтар аст. Ҳафтаи гузашта Антти Ринне бо сабаби ихтилофҳо дар ҳукумати Финландия, ки дар масъалаи коршикании кормандони почта пеш омад... Читать дальше...

Вулқон дар Ҷазираи шимолии Зеландияи Нав 5 нафарро кушт

Ozodi.org 

Ба гуфтаи мақомоти пулис, дар натиҷаи таркиши вулқон дар Ҷазираи шимолии Зеландияи Нав  ба камияш 5 кас кушта ва 20 каси дигар захмӣ шуданд. Шумори бедаракшудагон беш аз даҳ нафар будааст. Мақомот мегӯянд, 23 нафар аз мавзеи White Island (Ҷазираи сафед) наҷот дода шуданд. Ба гуфтаи онҳо, дар атроф ҳудуди 100 нафар қарор доштанд. Дар изҳороти пулис гуфта мешавад, ҳадди ақал яке аз нафароне, ки ба соҳил оварда шуд, сахт захмӣ аст. Пулис меафзояд, дар минтақа ҳама гуна паровзҳо манъ карда шуд. ... Читать дальше...

Русия барои чор сол аз ширкат дар Олимпиада ва бозиҳои ҷаҳонии варзишӣ маҳрум шуд

Ozodi.org 

WADA ё Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ дар ҷаласаи рӯзи 9 декабри худ қарор кард, ки Русия ба мӯҳлати чор сол аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ ва ҳам мусобиқаҳои ҷаҳонии варзишӣ маҳрум мешавад. Ҳанӯз вокуниши Русия ба ин тасмим маълум нест. Моҳи гузашта аъзои ин оҷонсӣ пешниҳод карданд, ки Русия барои чор соли дигар аз ҳақи ширкат дар мусобиқаҳои ҷаҳонии варзишӣ, аз ҷумла, олимпиадаи соли 2020-и Токио маҳрум шавад. Мутахассисони  WADA гуфтанд, ки дар иттилои аз ҷониби озмоишгоҳ ба унвонии оҷонсӣ пешниҳодшуда  бархе “номувофиқатҳо” ошкор шуд. Читать дальше...

Аксу изи ангушти тоҷирони "Корвон"-ро мегиранд. Тафтиши саросарӣ, чаро?

Ozodi.org 

Беш аз як ҳафта боз дар "Корвон", бозори бузургтарини Душанбе, маъракаи гирифтани изи ангушт ва тафтиши санадҳои соҳибкоронро ба роҳ мондаанд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, "ин иқдом ба хотири чораҳои бештари амниятӣ гирифта шудааст", вале шарҳ надоданд, ки аз чӣ нигарон ҳастанд. Тоҷирон мегӯянд, далели рафтори мақомотро намедонанд. Гирифтани изи ангушти тоҷирон ва санҷиши ҳуҷҷати соҳибкории онҳо баъд аз як моҳи ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ сурат мегирад. Читать дальше...

Зоиров аз Раҳмон хост, гаравпулии интихоботро бекор кунад

Ozodi.org 

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва мушовири пешини раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки гаравпулии номзадҳо барои интихоботи порлумониро бекор кунад. Ин гаравпулӣ барои ҳар номзад 5 ҳазору 800 сомонӣ (баробар ба тақрибан 600 доллар) муқаррар шудааст. Зоиров рӯзи 9-уми декабр дар изҳороте гуфт, "барои 10 номзади ҳизб 58 ҳазор сомонӣ ва барои 22 нафар беш аз 127 ҳазор сомонӣ зарур аст. Ин ғорат дар рӯзи равшан аст." Мақомоти Тоҷикистон гаравпулиро... Читать дальше...


Музыкальные новости
Сергей Арутюнов

Сергей АРУТЮНОВ на своём сольном концерте в Государственном Кремлёвском Дворце презентовал дуэт с Родионом Газмановым. Артисты вместе исполнили хит “Люси”





Rss.plus
ЦСКА

Гол Чалова с пенальти принес ЦСКА победу над «Зенитом» в матче РПЛ




Открытие сезона: Московский мотофестиваль стартует с Садового кольца

Разрушение здания усадьбы Поречье предотвратят в Звенигороде

Бывший глава Анабарского района осужден к длительному сроку лишения свободы

Правила велоезды разъяснили в «Мособлпожспасе»




Пайдо шудани ҷасади марди 41-сола дар Кӯли ҷавонони Душанбе

Ozodi.org 

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, рӯзи 8-уми декабр аз дохили “Кӯли ҷавонон” дар Душанбе ҷасади марди 41-соларо пайдо кардаанд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, гуфт, ин мард 17-уми ноябр дар пайи баҳси оилавӣ аз хона баромада, “бедарак шуда буд”. “Ҷасади ӯро рӯзи якшанбе аз об берун оварданд ва таҳқиқ идома дорад,” – афзуд ӯ. Вале ҳоли ҳозир аз марди ҳалокшуда ном бурда намешавад. Мақомот мегӯянд, марди ҳалокшуда сокини ноҳияи Синои пойтахт буда, соҳиби ду маълумоти олӣ: тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ будааст.

Мирзиёев бархе аз "тундгароён"-ро афв кард

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар робита ба таҷлили 27-солагии қабули Қонуни асосии он кишвар қонуни авф қабул кард. Дар асоси ин қонун 92 шаҳрванди он кишвар, аз ҷумла 79 касе, ки бо айбҳои марбут ба иштирок дар фаъолияти гуруҳҳои мамнуъ зиндонӣ шуда буданд, авф мешаванд. Аз маҷмуи авфшудаҳо 20 тан комилан озод ва 37 тани дигар шартан пеш аз муҳлат аз зиндон мебароянд. Ҳукми 16 тани дигар сабук мешавад. Ба илова, муҳлати ҷазои 19 каси дигар кам мешавад. Миёни авфшудаҳо 3 марди аз 60-сола боло ҳаст. Читать дальше...

Додситон хост, ду шаҳрдори пешини Бишкек аз 15 то 20 сол зиндонӣ шаванд

Ozodi.org 

Дар Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек баррасии парвандае идома дорад, ки дар доираи он 13 нафар, аз ҷумла ду шаҳрдори пешини пойтахти Қирғизистон Кубаничбек Қулматов ва Албек Ибраимов ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Айбдоркунандаи давлатӣ 9 декабр дар мурофиа хост, Кубаничбек Қулматов 15 сол ва Албек Ибраимов 20 сол зиндонӣ шаванд. Кубаничбек Қулматов дар фасодкорӣ ҳангоми сохтани мактабе айбдор мешавад. Албек Ибраимов якбора дар доираи чанд парванда айбдор мешавад - фурӯши истироҳатгоҳи "Соҳили офтобӣ" бо арзиши ниҳоят паст... Читать дальше...

Худдорӣ аз намоиши филм дар бораи собиқ додситони кулли Узбекистон

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 майи соли 2018 дар як ҷаласа додситони кулли пешини ин кишвар Рашид Қодировро пеш аз содир шудани қарори додгоҳ "дузди воқеӣ" номида, гуфт, дар давоми ду се моҳи оянда ба воситаи телевизион тавба хоҳад кард. Бо вуҷуди 1,5 сол гузаштан аз ин "ваъда"-и президенти Узбекистон филм дар бораи додситони кулли пешини ин кишвар ҳанӯз ҳам намоиш дода нашудааст. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо, ки филми 70-дақиқагӣ дар бораи додситони кулли пешинро тамошо кардааст, "Гирдоб"... Читать дальше...

Туркманистон, Ветнам ва Умон - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё

Ozodi.org 

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард. Қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал 6-уми декабр дар меҳмонхонаи «Олимпия»-и Ишқобод доир гардид. Бар асоси қуръакашӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуд. Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон ба гурӯҳи  “А” дохил аст. Читать дальше...

"Соро компания" қаҳрамони дукаратаи футзали Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Мавсими имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Соро компания»-и Душанбе ба поён расид. Ин даста, ки таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов барои дувумин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи  қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2020 мушарраф гардид. “Соро компания” дар бозии чаҳоруми силсилаи ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон, ки 8-уми декабр доир шуд, бар дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Ҳисоби умумӣ 3:1 ба нафъи душанбегиҳо шуд. “Соро компания” бо... Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Певец Лоза заявил, что Влада Листьева убили из-за денег




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Не успели программисты сдать ГТО. Теперь УМО?

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Композитор

Композитор Классической музыки



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России