Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Новости за 10.12.2019

Вазири тоҷик ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро шарҳ дод

Ozodi.org 

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳамлаи моҳи ноябр ба посгоҳи "Ишқобод" занону кӯдакон кушта шуданд. Ин ҷавоби дипломати баландпояи тоҷик ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми декабр баъд аз ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел садо дод.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба "Ишқобод"-ро шарҳ дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳамлаи моҳи ноябр ба посгоҳи "Ишқобод" занону кӯдакон кушта шуданд. Ин ҷавоби дипломати баландпояи тоҷик ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми декабр баъд аз ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел садо дод. "Гурӯҳи мусаллаҳи бистнафарӣ ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод"-и қисми ҳарбии "Султонобод" ҳамла кард. Онҳо панҷ автомати Калашниковро ғасб намуданд. Дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои вижа, ин гурӯҳ безарар гардонида шуд. Читать дальше...



Машварати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар остонаи интихоботҳо

Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон машварат додааст, ки дар пешорӯи интихоботи порлумонӣ ва президентии соли 2020 дар кишвар "фазои сиёсиро бозтар кунад". Ин нукта дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо рӯзи 10-уми декабр зикр шудааст, аммо ҷузъиёте дар даст нест.  Рӯзи сешанбе дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Бино ба иттилоияе, ки баъди нишаст нашр шуд, "дар ҷаласа масоили ҳуқуқи башар низ баррасӣ шуд, масалан, талошҳои Тоҷикистон барои ислоҳи низоми маҳбасҳо... Читать дальше...



Отамбоев нахост, аз ташхиси равонӣ гузарад

Ozodi.org 

Вакилони порлумони Қирғизистон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина аз ташхиси судиву равонӣ гузаштанд. Дар ин бора Асел Кодуранова хабар дод. Мақомоти Қирғизистон пештар аз ин хабар доданд, ки гумонбарони парвандаи гаравгонгирӣ ва ташкили бетартибиҳо дар деҳаи Кой-Тоши Қирғизистон аз ташхиси судӣ-равонӣ хоҳанд гузашт. Ба огаҳии ВКД Қирғизистон, дар доираи ин парванда 16 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд, ки дар анҷоми ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсус айбдор мешаванд. "Ин талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноӣ аст. Читать дальше...

Суқути ҳавопаймои низомии Чилӣ бо 38 сарнишин

Ozodi.org 

Дар Чилӣ ҳавопаймои низомии борбари C-130 Hercules суқут кард. "Ин ҳавопаймо ба пойгоҳи низомии Чилӣ дар Антарктида парвоз мекард",- хабар доданд мақомоти Чилӣ субҳи 10-уми декабр. Дар ҳавопаймо 17 узви экипаж ва 21 мусофир ҳузур дошт. Ҳавопаймо аз шаҳри Пунта-Аренаси Чилӣ парвоз кард ва тақрибан баъди 1 соату 15 дақиқаи парвоз аз радарҳо нопадид шуд. Талошҳои барқарор кардани робита бо ҳавопаймо бебарор анҷом шуд. Ҳавопайморо халабони ботаҷриба идора мекард. Мақомоти Чилӣ гуфтанд, низомиён ва... Читать дальше...

Аз мадрасаҳои Бангладеш тақрибан даҳ навраси тоҷикро баргардонданд

Ozodi.org 

Тақрибан 10 навраси тоҷикро, ки дар мадрасаҳои исломии Бангладеш мехонданд, ба кишвар баргардондаанд. Мақомот гуфтанд, онҳоро дар мактаби кӯдакони душвортарбия нигоҳ медоранд ва ба шароити Тоҷикистон мутобиқ мекунанд. Волидони баъзе аз кӯдакон аз он нигаронанд, ки фарзандашонро дар рӯзҳои истироҳат низ ба хона рухсат намедиҳанд. Роҳҳои чӣ гуна то ба Бангладеш расидани кӯдакони тоҷик пурра ошкор намешавад.   Волидони С.М., навраси 13-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, гуфтанд, ки писарашонро соли 2015, баъди... Читать дальше...

Чанд фаъоли қазоқро дар остонаи эътирозҳои эҳтимолӣ боздошт карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон ду фаъоли шаҳрвандӣ - Гулмира Холиқова ва Галия Тамабоеваро 10-рӯзӣ ва як фаъоли дигар - Марат Мусобоевро 15 рӯз ҳабс кард. Ба иттилои фаъолон, ҳамаи ин се ҳабсшуда дар вайрон кардани тартиби ташкили ҷамъомадҳои сулҳомез айбдор шуданд. Ба гуфтаи фаъолон, Холиқова ва Тамабоева охири моҳи ноябр дар макони баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҳузур доштаанд. Он замон ширкатдорони гирдиҳамоӣ аз дипломатҳои аврупоӣ даъват карда буданд... Читать дальше...

Дар Узбекистон хизматчиёни давлатиро аз бюрократия "наҷот" медиҳанд

Ozodi.org 

Академияи идораи давлатии назди президенти Узбекистон дастур гирифтааст, ки роҷеъ ба решакан кардани бюрократия барои кормандон ва раҳбарони муассисаву ниҳодҳои давлатӣ курсҳоеро ташкил кунад. Иштирок ҳатмӣ ва омӯзиш пулакӣ аст. Дар ин бора дар фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта шудааст. "Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар вазорату ниҳодҳо ва мақомоти иҷроияи давлатӣ ҳанӯз ҳам равишҳои куҳнашудаи бюрократӣ боқӣ мондаанд",- омадааст дар фармони Мирзиёев. Барои таҳияи барномаи омӯзишӣ ду моҳ ҷудо шудааст. Читать дальше...

Тазоҳуроти занони Узбекистон дар эътироз ба камбуди газ

Ozodi.org 

Дар маҳаллаи Чигатойи ноҳии Шовоти Узбекистон як гурӯҳи занон 9-уми декабр дар эътироз ба камбуди газ роҳ ба сӯи ҳукумати ноҳияро барои чанд соат бастанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷа кормандони пулис занони эътирозгарро пароканда карданд. Худи он рӯз масъулони идораи гази Шовот ба додситонии ноҳия даъват шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ягон хел эътирозе сурат нагирифтааст. Ҳодиса субҳи 9-уми декабр дар наздикии бинои ҳукумати ноҳияи Шовот рух додааст. Дар аксҳое, ки шоҳидон фиристоданд, дида мешавад... Читать дальше...

Муҳокимаи куштори дастҷамъии мусалмонони Роҳинҷа дар Додгоҳи Гаага

Ozodi.org 

Қарор аст рӯзи сешанбеи 10-уми декабр Додгоҳи байналмилалии Гаага ба баррасии шикоят аз ҳукумати Мянмар (Бирма) ба хотири наслкушии мусалмонони Роҳинҷа, оғоз кунад. Аунг Сан Сучи, ки раҳбари ҳукумати Мянмар мебошад, низ ба Гаага рафтааст ва интизор меравад дар ин додгоҳ аз кишвараш ҳимоят кунад. Артиши Мянмар ва афроди зери ҳимояти он ба ҳамла ба деҳаҳои мусалмонони ақалияти Роҳинҷа ва куштан, вайрон кардани дороиҳо ва овора намудани чанд сад ҳазор тан аз онҳо, муттаҳам мебошад. Кишвари африқоии... Читать дальше...

Юрий Лужков, собиқ шаҳрдори Маскав даргузашт

Ozodi.org 

Собиқ мири шаҳри Маскав Юрий Лужков имрӯз дар синни 83-солагӣ даргузашт. Манбаи Интерфакс гуфтааст, ки Лужков дар ҳалқаи азизонаш “дар Аврупо даргузашт”. Телевизиони РЕН ТВ гуфт, ки Лужков дар як беморхонаи шаҳри Мюнхени Олмон буд ва ба ҳангоми амалиёти ҷарроҳии дил даргузашт.  Хабари даргузашти Лужковро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ҳам тасдиқ кард. Собянин дар саҳифааш дар  "Твиттер" навишт, ки "як инсони пурэнержӣ ва зиндадил, ки Маскавро дар як марҳилаи бисёр сангини баъди пошхӯрии  Иттиҳоди... Читать дальше...

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистону Аврупо дар Брюссел

Ozodi.org 

Рӯзи 10-уми декабр дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин раҳбарӣ дорад. Аз Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷаласа Гордан Грлич Радман, вазири умури хориҷа ва умури аврупоии Ҷумҳурии Хорватия ба намояндагӣ ширкат хоҳад кард. Дар хабари расмии Шӯрои Аврупо гуфта шудааст, ки ҷаласа дар чаҳорчӯби стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки моҳи июни имсол қабул шуд. Читать дальше...

Дар Тоҷикистон кай озодии инсон фаро мерасад?

Ozodi.org 

Дуруд эй ҳаммеҳан! Медонӣ имрӯз чӣ рӯзест? Агар то ба ҳол хабар наёфтӣ, лозим нест дунболи тақвим бигардӣ, ишколе надорад, ҳоло мегӯям. Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар аст. Ба назарат ҳуқуқи башар яъне чӣ? Аслан он чӣ аҳамияте дорад, ки бихоҳанд рӯзи бахусусеро ба он ихтисос диҳанд? Ва дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар дар кадом сатҳ аст? Ҳуқуқи башар, яъне асоситарин ва ибтидоитарин ҳуқуқҳое, ки ҳар фард ба таври зотӣ, фитрӣ ва ба сирфи инсон будан аз он баҳраманд мешавад. Ба назар мерасад... Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

Кажется, мы начинаем забывать Урганта: ведущего не пустили на 100-летие Окуджавы





Rss.plus
Яндекс

Продвижение Песен и Музыки в Плей-листах Яндекс.Музыка.




Врач предупредила об опасности для здоровья «мясного клея» в продуктах

Читинку, похитившую у своего парня почти миллион, задержали в Иркутске

Собянин: Почти 800 событий прошло в праздники на площадках «Вместе с культурой»

В Минтрансе Подмосковья подвели итоги генеральной уборки дорог после зимы




Дар як тирандозӣ дар беморхонаи Чехия шаш нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Чехия гуфтанд, ки дар як тирандозӣ дар дохили беморхонаи шаҳри шарқии Острава шаш нафар кушта шуд ва қотили гумонбар фирор намуд. Полиси чех гуфт, ки тирандозӣ субҳи 10 декабр дар беморхонаи донишгоҳи Острава, 350-километрии шарқи Прага рух дод. Дар як изҳороти телевизиониаш Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия гуфт, “ин як фоҷеа аст. ман ҳатто намефаҳмам, ки ин чист”. Бабиш дар идома гуфт, “феълан ман иттилои зиёд надорам. Медонам, ки чор нафар дар ҷои ҳодиса ҷон доданд ва ду нафари дигар, ки ҷароҳати сангин бардошта буданд... Читать дальше...

Дар Тошканд ронандаи маст аз тири нозири роҳ захмӣ шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон нозири роҳ як ронандаи мастро парронд. Дар ин бора мақомоти шаҳри Тошканд хабар доданд. Ҳодисаи мазкур шоми 7 ба 8 декабр дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд рух дод. "Эҳтимол мерафт, ки ронанда дар ҳолати сархушӣ қарор дорад. Нозири роҳ мехост, ба далели вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ нисбати ронанда санад тартиб диҳад. Вале ногоҳ ронанда ба муқовимат гузашта, бо корде ки дар даст дошт, таҳдид мекард, ҳар кӣ ба наздаш ояд, ҳамла хоҳад кард",-хабар медиҳанд мақомот. Читать дальше...

Эътирози Туркия ба тақдими ҷоизаи Нобел ба Петер Ҳандке

Ozodi.org 

Мақомоти Туркия мегӯянд, ба Албания ва Косово ҳамроҳ шуда, рӯзи 10-уми декабр дар маросими тақдими ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт ба Петер Ҳандке аз Австрия ширкат намеварзанд. Ҳандкеро ба пуштибонӣ аз раҳбари пешини Сербия Слободан Мелошевич муттаҳам мекунанд. Сафири Туркия дар Шветсия Ҳаққӣ Эмре Юнт дар суҳбат бо нашрияҳои туркӣ гуфт, 10-уми декабр намояндагони Туркия дар маросими тақдими ҷоизаи Нобел дар Стокҳолм иштирок намеварзанд. Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз ду ҳамоиши мухолифини Ҳандке дар пойтахти Шветсия баргузор шавад. Читать дальше...

Вазъи рӯҳии Алмосбек Отамбоевро ташхис мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфттанд, президенти собиқ Алмосбек Отамбоев аз муоинаи пизишкони рӯҳӣ хоҳад гузашт. Вазорат рӯзи 9-уми декабр иброз дошт, ки табибони рӯҳӣ ё психиатрҳо бояд вазъи равонии Отамбоев ва 15 муттаҳами дигар дар бархӯрдҳои дурӯзаи моҳи август миёни тарафдорони Отамбоев ва нерӯҳои амниятро таҳқиқ кунанд. Собиқ президенти Қирғизистон 8-уми августи имсол баъди бархӯрд таслим шуд. Муқовимат бо Отамбоев замоне оғоз шуда буд, ки се дафъа ба бозпурсии Вазорати умури дохилӣ наомад. Читать дальше...

Раҳоии як фаъоли "Гурӯҳи 24" пас аз 5 рӯзи боздошт дар Русия

Ozodi.org 

Мақомоти Русия як фаъоли созмони сиёсии дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуи "Гурӯҳи 24"-ро пас аз панҷ рӯзи боздошт, озод карданд. Хурсанд Наҷмиддинов рӯзи 5-уми декабр аз ҷониби Хадамоти марзбонии Русия дар фурудгоҳи Внуково боздошт шуда буд. "Гурӯҳи 24" дар баёнияе, ки рӯзи душанбеи 9-уми декабр нашр кард, гуфт, ки Хурсанд Наҷмиддинов бинобар рӯйхати пешниҳодкардаи мақомоти тоҷик боздошт шуда буд. Тибқи баёнияи "Гурӯҳи 24, баъд аз 4 рӯзи баррасии парванда, додгоҳ ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ "беқайду шарт озод намуд". Читать дальше...

Тавофуқи Путин ва Зеленский барои оташбас ва табодули зиндониён

Ozodi.org 

Президентҳои Русия ва Украина пас аз мулоқоте, ки соатҳо давом кард ва раҳбарони Олмон ва Фаронса низ дар он ҳузур доштанд, созиш карданд, ки то поёни соли ҷорӣ "ба таври комил ва фарогир" оташбас барқарор кунанд. Музокироти Владимир Путин, Володимир Зеленский, Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон, раҳбарони Русия, Украина, Олмон ва Фаронса, ки рӯзи 9-уми декабр дар Порис баргузор шуд, 8-9 соат давом кард. Ин музокирот бо ҳадафи поён додан ба даргирӣ байни нерӯҳои украинӣ ва ниманизомиёни мавриди... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Свыше 4 тысяч человек стали участниками акции «Мы помним»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России