Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Новости за 16.12.2019

"Фаромӯш намекунем ва намебахшем". Эътирозҳо ва боздоштҳо дар Қазоқистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар саросари Қазоқистон даҳҳо нафар, аз ҷумла журналистон ва фаъолони сиёсиву маданиро ҳангоми намоишҳои эътирозӣ дастгир карданд. Намоишҳо бо талаби озодиҳои бештари сиёсӣ ва раҳоии зиндониёни сиёсӣ рӯзи 16-уми декабр баргузор гардид. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, боздоштҳо пеш аз баргузории гирдиҳамоиҳо шуруъ шуд. Боздоштҳои субҳи душанбе дар рӯзи истиқлоли Қазоқистон ва ҳафтае баъд аз дастгир шудани дастикам 20 фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳри Нурсултон ва Алмато ҷараён гирифт. Ин нафаронро додгоҳҳои... Читать дальше...



Интиқоди футболбози турк аз Чин ва қатъи пахши телевизионии бозии Арсеналу Манчестер

Ozodi.org 

Ширкати садову симои CCTV-и Чин намоиши бозии миёни дастаҳои футболи “Арсенал”-и Лондон ва Манчестер Ситиро дар таърихи 15 декабр қатъ кард. Сабаби ин тасмим дар интиқоди бозигари турктабори клуби Лондон Месут Озил аст, ки ҳукумати Пекинро барои саркӯби мусалмонҳои бумии туркзабони  Шинҷон интиқод кард. Клуби  футболи англисӣ бо Чин дар заминаи пахши телевизионии бозиҳояш доллар то соли 2022 созишномае бо арзиши 700 миллион имзо кардааст, ки барояш як бозори боимтиёз ба шумор меравад. Озил, ки решаҳои туркӣ дорад... Читать дальше...

Дар Когони Узбекистон кӯдакон дар ҳоҷатхона дарс мехонанд

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Бухорои Узбекистон тасдиқ карданд, ки дар мактаби шумораи 9 дар Когон кӯдакон дар ҳоҷатхонаи мактаб дарс мехонанд. Рӯзи 14-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси синфхонае дар дохили ҳоҷатхона нашр шуд. Корбарон гуфтанд, ки ин ҳолат дар ноҳияи Когони Бухоро рух додааст. Мактаби шумораи 9 дар Когон соли 1986 сохта ва барои таҳсили 1051 хонанда пешбинӣ шудааст. Аммо дар ҳоли ҳозир ин мактаб 1573 хонандаро фаро мегирад. Ба далели норасоии синфхонаҳо, мудирияти мактаб тасмим гирифтааст... Читать дальше...



Таҳқиқи Озодӣ. Аксар ширкатҳои "Фароз" аз фаъолият намондаанд

Ozodi.org 

Як таҳқиқи фишурда нишон дод, “Фароз” – ширкати пуровозае, ки қариб се моҳ пеш хабари қатъи ногаҳонии фаъолияти он расонаҳоро такон дод, ҳамчунон фаъол аст, ҳарчанд ин хабар ба андозаи зиёд номи онро аз сари забонҳо поин овард ва бардошта шудани лавҳаҳо ҳастияшро аз назарҳо канортар бурд.

Дар Покистон маъракаи зидди фалаҷи атфол шурӯъ шуд

Ozodi.org 

Дар Покистон маъракаи панҷрӯзаи эмкунӣ бар зидди фалаҷи атфол шурӯъ шуд, дар ҳоле, ки соли ҷорӣ шумори гирифторон ба ин беморӣ аз марзи 100 нафар гузашт. Барномаи муқобила бо фалаҷи атфоли Покистон мегӯяд, қарор аст шурӯъ аз 16 декабр даҳҳо ҳазор корманди маъракаи эмкунӣ дар ба дари мардум гашта, 39 миллион тифли то панҷсоларо бо давои зидди ин беморӣ фаро бигиранд. Танҳо 19 миллион тифле, ки бар асоси ин барнома бояд эм карда шаванд, дар вилояти Панҷоб зиндагӣ мекунанд ва имсол қарор аст тамаркузи бештар дар ҳамин минтақа сурат мегирад. Читать дальше...

Милисаҳои муттаҳам ба шиканҷа аз 7 то 17 сол зиндонӣ шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Душанбе чаҳор милисаи муттаҳам ба шиканҷаи боздоштшудаҳоро мутаносибан аз 7 то 17 сол равонаи зиндон кард. Дар ҷаласаи ниҳоии додгоҳ, ки имрӯз, душанбеи 16-уми декабр баргузор шуд, додрас барои Фарҳод Нурхонов, муовини пешини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ дар Раёсати умури дохилии Душанбе 17 сол, барои Аваз Сабзаев ва Ирониддини Аҳлиддин 9-солӣ ва барои Умед Ваҳҳобов 7 сол зиндон эълон кард. Муҳокимаи Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин аз севуним... Читать дальше...

Боздошти даҳҳо нафар дар Ҳинд дар паи қабули қонуни шаҳрвандӣ

Ozodi.org 

Эътирозҳо аз қабули қонуни баҳсбарангези шаҳрвандӣ дар Ҳинд боиси эътирозҳои сартосарӣ ва бархӯрди мардум бо полис дар чандин шаҳру манотиқи ин кишвар шуд. Дар пойтахт, шаҳри Деҳлии Нав рӯзи 16 декабр полис бо истифода аз гази ашковар эътирозгаронро боздошт кард, дар ҳоле, ки эътирозгарон автобусҳоро оташ зада роҳҳоро масдуд карданд. Қонуни нави шаҳрвандиро парлумони Ҳинд рӯзи 11 декабр қабул кард  ва баъди ин дар  қисматҳои шарқ ва шимоли Ҳинд намоишҳои эътирозӣ шурӯъ шуд, дар чанд шаҳр хадамоти интернетиро масдуд карданд. Читать дальше...

Дар ҷашни истиқлолияти Қазоқистон эътирозгарон озодиҳои сиёсиро талаб карданд

Ozodi.org 

Рӯзи 16 декабр даҳҳо мухолифин ва фаъолони ҷамъиятӣ дар майдони марказии шаҳрҳои калонтарин - Нурсултон  ва Алмаато ҷамъ омада, аз ҳукумат озодиҳои бештар ва раҳоии ҳамаи зиндониҳои сиёсиро тақозо карданд. Беш аз 100 нафар дар Алмаато ва даҳҳо нафар дар Нурсултон ба муносибати таҷлили рӯзи истиқлолияти Қазоқистон ҳамоиш карданд. Ин сана ҳамчунин бо 33-юмин солгарди намоишҳои эътирозии зиддишӯравӣ дар Алмаато – пойтахти собиқи Қазоқистон ва ҳам ҳаштсолагии саркӯбҳои хунини зидди кормандони ширкатҳои... Читать дальше...

Ҷулианӣ мегӯяд, барои бегуноҳии Трамп далел дорад

Ozodi.org 

Рудӣ Ҷулианӣ, вакили мудофеи президенти ИМА гуфт, дар ҷараёни сафари ахираш ба Будапешт, Вена ва Киев вай шавоҳид ва ҳуҷҷатҳоеро пайдо кардааст, ки бегуноҳии Трампро дар доираи парвандаи изҳори нобоварӣ собит мекунанд. Ҷулианӣ ҳамзамон гуфт, ҳуҷҷатҳои ёфтааш, "тамоми ҳақиқат"-ро дар бораи раванди изҳори нобоварӣ ошкор мекунанд. Ҳуқуқшиноси Трамп дар саҳифаи Твиттер навишт, ки "баъди пажуҳиши чандсадсоата ва кори чандинмоҳа" хулосагирӣ кардааст. Вай ҳамчунин ваъда кард, ки натиҷаи корашро дар "Твиттер" нашр мекунад. Читать дальше...

Қирғизистон қонуни манъи истихроҷи конҳои уранро қабул кард

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков қонуни манъи фаъолиятҳои марбут ба ҷустуҷӯ, иктишоф, коркард ва истихроҷи конҳои урану торийро имзо кард. Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, ин қонун ҳамчунин воридоти ашёи хомеро ба он кишвар манъ мекунад, ки дар таркиби худ уран ва маводи торий доранд. Дар Қирғизистон моҳи апрели соли равон пас аз нашри хабарҳо дар бораи тасмими истихроҷи уран дар кони Қизил-Омполи вилояти Иссиқкӯл сокинон дар Бишкек, Қоракӯл ва Балиқчӣ зидди коркарди конҳои уран даст ба тазоҳурот заданд. Читать дальше...

Узбекистон дахлнопазирии додситону "амниятиҳо"-ро бекор кард

Ozodi.org 

Аз ин ба баъд додситонҳо ва маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон бе розигии раҳбарият ба ҷавобгарии маъмурии кашида хоҳанд шуд. Бино ба хабарҳо, Сенати порлумони Узбекистон аз тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо дар бораи фаъолияти мақомоти додситонӣ, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Горди миллии ин кишвар пуштибонӣ кардааст. Аз ҷумла, бар пояи банди 49 (дахлнопазирии кормандони мақомоти додситонӣ)-и қонуни Узбекистон дар бораи додситонӣ, кормандони додситонӣ бо розигии раҳбарияташон ба ҷавобгарии интизомӣ ё маъмурӣ кашида мешуданд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

Певец ЮрКисс заявил, что никогда не хотел совместного трека с Тимати





Rss.plus
Арцах

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?




В контакт-центре Стройкомплекса обработали почти 200 тыс. запросов за 7 лет

Anti-age средства: революция в вашей косметичке от Рии Горбуновой.

Жителей Щелкова приглашают посетить «Ночь музеев»

Подмосковные студенты подготовили флешмоб ко дню медицинской сестры




AI: Дар Эрон маъракаи саркӯбҳои сартосарӣ ҷараён дорад

Ozodi.org 

Amnesty International ё созмони Афви байнулмилал гуфт, ки баъди эътирозҳои сартосарии моҳи гузашта, ки дар ҷараёни он 304 кас кушта шуд, мақомоти эронӣ «маъракаи бераҳмонаи саркӯб»-ро идома медиҳанд. Дар изҳороте, ки 16 декабр нашр шуд, созмони воқеъ дар Лондон гуфт, мақомот даст ба саркӯбҳои шадид зада, ҳазорҳо ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ, хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва донишҷӯёнро боздошт мекунанд, то ки «дар бораи саркӯбҳои бераҳмона ҳарфе назананд». Филипп Лютер, раиси барномаҳои таҳқиқотӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мегӯяд... Читать дальше...

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни муҳоҷирони латтукӯбшуда дар Хабаровск

Ozodi.org 

Сафорати Тоҷикистон дар Русия тасдиқ кард, ки дар миёни муҳоҷироне, ки аз ҷониби пулиси Хабаровск латтукӯб шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Қирғизистон аллакай дар бораи латтукӯби шаҳрвандонаш аз сӯи пулиси вижа ё ОМОН, ба Русия нота фиристодааст. Вале мақомоти тоҷик то ҳанӯз қазияро пайгирӣ доранд ва мегӯянд, ки дар сурати пурра исбот шудани латтукӯби шаҳрванди Тоҷикистон, ба ҷониби Русия нота мефиристанд. Ҳодисаи боздошт ва латтукӯби як гурӯҳ муҳоҷирон дар шаҳри Хабаровск рӯзи 12-уми декабр рух додааст. Читать дальше...

Украина блогнависи озариро истирдод кард

Ozodi.org 

Украина блогнависи озарбойҷонии мухолифи ҳукумати ин кишвар Элвин Исоевро ба Боку истирдод кард. Номбурда дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи Додситонии кулли Озарбойҷон қарор дошта, бо ҷиноятҳои сангин муттаҳам будааст. Хадамоти муҳоҷирати Украина, рӯзи 14-уми декабр гуфт, Исоев қонунҳои муҳоҷиратро поймол карда буд ва аз ин рӯ, 12-уми декабр ба Озарбойҷон истирдод шуд. Аснои вуруд ба Озарбойҷон, Элвин Исоев боздошт гардид. Ҳукумати Озарбойҷон нагуфтааст, ки сабаби ҳабс чист ва Исоев ба чӣ муттаҳам мешавад. Читать дальше...

Ҳалокати як шаҳрванди Қазоқистон дар сӯхтори Душанбе

Ozodi.org 

Бар асари сӯхтор дар як бинои баландошёна дар маркази Душанбе як шаҳрванди Қазоқистон ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳодиса баъд аз зӯҳри якшанбеи 15-уми декабр дар як бинои 11-ошёна воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ иттифоқ афтодааст. Ба иттилои манбаъ, Натела Гугиневаи 39-сола, миллаташ гурҷӣ ва шаҳрванди Қазоқистон, ки дар яке аз манзилҳои ин бино иҷоранишин будааст, қабл аз расидани оташнишонҳо, "аз таъсири дуди ғализ" ҷон бохтааст. Мақомоти ВКД сабаби ин сӯхторро... Читать дальше...

Раҳматилло Зоиров: "Ман давоми 15 моҳ хомӯш будам, вале..."

Ozodi.org 

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ​мегӯяд, дар интихоботи гузашта 35 000 доллараш сӯхтааст. Ва ҳам мегӯяд, давоми 15 моҳ хомӯш буд, аммо ҳизб корашро давом медод ва акнун бояд дар интихоботи нав ширкат кунад. Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи яке аз сиёсатшиносон, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон солҳои охир тақрибан фаъолияте надошт, аз ёди мардум рафтааст ва ширкати он дар интихобот дигаргунии ҷиддие ба бор оварда наметавонад. Зоиров ҳафтаи гузашта ба бекор шудани... Читать дальше...

Ҳокими Алмато: Сокинони бинои садамавӣ кӯчонида мешаванд

Ozodi.org 

Бакитҷон Сагинтаев, ҳокими шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, ки сокинони бинои садамавӣ аз манзилҳояшон кӯчонида мешаванд. "Мо тасмим гирифтем, шуморо кӯчонем. Маблағ ҷудо шудааст",-гуфт Сагинтаев дар ҷамъомади рӯзи 14 декабр дар ҳузури сокинон. Ҳафти гузашта сокинони бинои № 179 минтақаи Зерделии шаҳри Алмато гуфтанд, ки бинояшон каҷ шудааст. Ин сокинон дар ҷаласаи рӯзи 14 декабр аз мақомот хостанд, ки бинои онҳоро садамавӣ эътироф ва ба онҳо манзилҳои нав диҳанд. Сокинон ҳамчунин талаб карданд... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганту не дали выступить на вечере памяти Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


Новак Джокович

Новак Джокович с позором вылетел с турнира в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Интернет

Портативный ТСД корпоративного класса Saotron RT-T70



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России