Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Новости за 27.12.2019

Донишҷӯи тоҷик бо гуноҳи қатли ҳамдарсаш 24 сол зиндонӣ шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Душанбе Убайдулло Қурбонов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо гуноҳи қатли ҳамдарсаш Дилмурод Фозилов 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳодиса моҳи сентябри имсол рух дода буд. Ҷузъиёти ҳукм дастрас нест. Пештар мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, ки Убайдулло Қурбонов ба "авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард" ва "куштор" айбдор аст. Афроди наздик ба хонаводаи ин ҷавон ҳукми додгоҳро сангин медонанд.  Убайдулло Қурбонов ва Дилмурод Фозилов моҳи сентябри имсол таҳсилро... Читать дальше...



Гуруснанишинии ду академики зиндонӣ дар Эрон

Ozodi.org 

Ду академики зиндонӣ дар зиндони Эвини Теҳрон даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Онҳо талаб кардаанд, муҳаққиқону зиндониҳои сиёсӣ дар Эрон, ки бар асоси иттиҳоми сохта пушти панҷара рафтаанд, озод карда шаванд. Муҳаққиқи фаронсавии зодаи Эрон Фарибо Одилхоҳ ва устоди донишгоҳи Австралия Кайли Мур-Гилберт бар асоси баъзе хабарҳо рӯзи 24-уми декабр ба гуруснанишинӣ сар карданд. Дар бораи эътирози онҳо созмон Маркази ҳуқуқи башари Эрон дар шаҳри Ню-Йорк ва ҳам маркази илмиву насарсанҷии CERI, ки Одилхоҳ барои он кор мекард, хабар доданд. Читать дальше...

Гирифти офтоб дар Тоҷикистон. Бовари мардум ва назари донишмандон

Ozodi.org 

Сокинони Тоҷикистон субҳи 26-уми декабр гирифти офтобро мушоҳида карданд. Мутахассисон гуфтанд, ки моҳ танҳо 25 дарсади офтобро пӯшондааст. Интизор меравад, моҳи июни соли оянда гирифти хуршед то 80 дарсад бирасад. Тафсилот ва назари мардуму мутахассисонро дар ин гузориши видеоӣ бинед.



Назарсанҷӣ: Сокинони Украина аз вазъи кишвар розӣ ҳастанд

Ozodi.org 

Тахминан нисфи украиниҳо гуфтанд, ки кишварашон дар самти дуруст ҳаракат мекунад. Ин нишондод ду баробар бештар назар ба ҳамин давраи соли гузашта будааст. Натиҷаҳои назархоҳие, ки рӯзи 26 декабр аз ҷониби Бунёди ташаббусҳои демократӣ ва маркази Разумков нашр шуд, мегӯяд, ки 44 дарсади сокинони Украина ба саволи ин ки дар бораи вазъи имрӯзаи кишвар чӣ назар дорад, посухи мусбат додаанд. Ин нишондод 18 дарсад бештар назар ба соли гузашта будааст. Соли гузашта аз ҳар даҳ нафар 7 сокини Украина гуфтанд, кишвар дар самти нодуруст пеш меравад. Читать дальше...

Парвиз шифо ёфт

Ozodi.org 

Парвизи 11 сола, наврасе, ки Радиои Озодӣ дар борааш гузориш дода буд, ба қавли пайвандонаш ба бемории саратон пирӯз омадааст.

Ахбори Озодӣ аз 27-уми декабри соли 2019

Ozodi.org 

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Қазоқиситон, тақдими пули интиқолшудаи "Золотая Корона" ба сокинони Тоҷикистон, боздоштҳои солинавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва қарзе, ки соҳиби хонаро дар ҳоли ногувор қарор дод.

Духтари эҳтимолии Путин узви Шӯрои нави варзиш шуд

Ozodi.org 

Зане, ки бовар меравад духтари президенти Русия Владимир Путин аст, ба як шӯрои тозатаъсиси  ҳукуматӣ оид ба рушди варзиш интихоб шуд. Катерина Тихонова яке аз 28 увзи  гӯрои ба раҳбарии муовини нахуствазир Олга Голодетс мешавад. Чандин расона дар солҳои гузашта иддао кардаанд, ки Тихонова дар асл духтари президенти Русия мебошад. Худи Путин ҳам дар нишасти хабарии рӯхи 19 декабраш ин хабарро тасдиқ ё рад накард. “Ведомости” хабар дод, ки шӯрои нав роҳҳои пешбурди машқи бадан ва варзишро аз роҳи... Читать дальше...

Фаъолони сулҳ баъди ду шабонарӯз аз гарави Толибон озод шуданд

Ozodi.org 

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки 27 фаъоли сулҳи ин кишвар, ки дар ғарби кишвар аз ҷониби Толибон рабуда шуданд, баъди 45 соати ин ҳодиса озод карда шуданд. Бисмиллоҳ Ватандӯст, сухангӯи ин ҷумбиш гуфт, фаъолон аз Ҷумбиши сулҳи мардумӣ бидуни ҳеҷ осеб ё зараре озод шуданд. Ӯ ҷузъиёти аз ин беш надод. Фаъолон замоне боздошт шуданд, ки аз ҳудуди ноҳияи Бала Булуки вилояти Фароҳ ба самти Ҳироти ҳамсоя барои таблиғи барномаҳои сулҳи худ ҳаракат мекарданд. Як узви ин ҳаракат иддао кард, ки барои озод... Читать дальше...

Дар як тирандозии Кашмир чор нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Мақомот дар Покистон ва Ҳинд гуфтанд, ки дар ҳодисаи тирандозӣ дар минтақаи пуртаниши Ҳимолои Кашмир дасти кам чор нафар кушта шудааст. Генерал-майор Осиф Ғафур, сухангӯи артиши Покистон рӯзи 26 декабр гуфт, ки дар ҳодисаи тирандозӣ ду сарбози покистонӣ  ва се низомии ҳинду кушта шуданд. Вале полковник Раҷеш Калиа, сухангӯи артиши Ҳинд гуфт, ки дар хати ҷудокунандаи ду кишвар дар минтақаи ҷудоиталаб як афсари ҳиндӣ ва як марди мулкӣ  кушта шуданд. Ҷузъиёти аз ин бештар дар даст нест. Покистон, ки аксар сокинонаш мусалмон ҳастанд... Читать дальше...

Дар суқути ҳавопаймои Қазоқистон 12 нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Дар паи суқути як ҳавопаймо бо 93 мусофир ва 5 халабон дар фурудгоҳи Алмаато 12 нафар ба ҳалокат расид. Ҳавопаймои ширкати  Bek Air рӯзи 27 декабр лаҳзае чанд баъди баланд шудан аз фурудгоҳ ба замин афтод. Мақомот гуфтанд, ки 66 нафарро баъди ин ҳодиса ба беморхонаҳо интиқол доданд ва 44 нафари онҳо ҳанӯз дар бемохона мемонанд. Аз миёни онҳо ҳолати 18 нафар сангин арзёбӣ мешавад. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 28 декабрро мотами миллӣ эълон кард. Мақомоти ҳавонавардии Қазоқистон гуфтанд... Читать дальше...

Миёни Узбекистон ва Тоҷикистон гузаргоҳи нав боз мешавад

Ozodi.org 

Ҳаждаҳумин гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ифтитоҳ хоҳад шуд. Дар ин бора Илҳом Неъматов, муовини аввали вазири умури хориҷии Узбекистон дар сӯҳбат бо хабаргузории русии РИА Новости хабар додааст. То ду соли пеш миёни ду кишвар танҳо ду гузаргоҳи марзӣ фаъолият мекард ва сокинон тариқи раводид ба кишварҳои якдигар сафар мекарданд. Ҳоло низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аз байн бурда шудааст ва шаҳрвандон метавонанд дар кишварҳои якдигар то 30 рӯз бидуни виза иқомат кунанд. Читать дальше...

"Гуфтанд, шукри доллар кунед ва саратонро дар бало намонед". Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Боздоштҳои саросарӣ ва худсаронаи муҳоҷирон дар остонаи Соли нав дар Русия ва тарси тоҷирону сармоягузорон аз як "бало" дар Тоҷикистон ду мавзӯе ҳастанд, ки имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" дар бораи онҳо гап мезанем. Дар остонаи соли нави милодӣ аз муҳоҷирон дар Русия видеоҳои зиёде гирифтем, ки дар онҳо аз боздоштҳои бесабаб аз сӯи маъмурони пулис шикоят мекунанд. Ва яке аз ин наворҳо аз шаҳри Маскав аст, ки аз дохили мошини пулис гирифта шудааст.  Видеои дигар аз идораи пулиси Аликовский дар Ҷумҳурии Чувашистони Русия мебошад. Читать дальше...

Таҳқиқи консерти Юлдуз Усмоноваи "қалбакӣ" дар Истаравшан. Ду нафар бозпурсӣ шуд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба таҳқиқи қазияи консерти Юлдуз Усмоноваи "қалбакӣ" оғоз кардаанд. Созмондиҳандагони барномаи ҳунарӣ - ду сокини шаҳри Истаравшан - шоми 26-уми декабр ба идораи милиса даъват ва бозпурсӣ шудаанд. Консерт бо иштироки гӯиё Юлдуз Усмонова - овозхони шинохтаи Узбекистон - рӯзи 25-уми декабр дар тарабхонаи "Садбарг"-и шаҳри Истаравшан баргузор шуда буд. Даҳҳо мухлиси Юлдуз Усмонова дар Истаравшан мегӯянд, аз лаҳзаҳои аввали консерт эҳсос карданд, ки фиреб хӯрдаанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Ивлеева

Блогер Настя Ивлеева пожертвовала полмиллиона рублей бойцам СВО из Забайкалья





Rss.plus
Динамо

"Динамо" обыграло "Балтику", дважды забив в компенсированное время




Суд вынес административное наказание Макаревичу

В Москве построят МФК с Музыкальным театром будущего имени И.Д.Кобзона

Вице-мэр Москвы Ракова рассказа о всплеске интереса школьников к колледжам

«Верди-гала» при информационной поддержке Relax FM




Порлумони Монтенегро қонуни баҳсбарангези ҷомеаҳои диниро қабул кард

Ozodi.org 

Порлумони Монтенегро (Черногория) дар як ҷаласае, ки бо ихтилофу хушунат ҳамроҳ буд, тарҳи қонуни ҷомеаҳои диниро қабул кард. Ҳамакнун мухолифони ҷонибдори сербҳо ҳарос доранд, ки бар асоси ин қонун Калисои ортодокси сербӣ аз моликияти худ маҳрум мешавад. Дар овоздиҳии субҳи 27-уми декабр 45 вакил ба ҷонибдории ин қонун овоз дода, ҳеҷ як нафар мухолиф набаромад. Пеш аз ин аъзои ҷабҳаи демократии мухолифин дар баробари аъзои ҳизби ҳоким дар порлумон ҳозир шуда талош карданд пеши роҳи овоздиҳиро бигиранд. Читать дальше...

Зилзилаи 5,1-дараҷаӣ Бушаҳри Эронро ларзонд

Ozodi.org 

Заминларзаи 5,1-дараҷа, ҷануби Эрон -- манотиқи наздик ба нерӯгоҳи ҳаставии Бушаҳрро такон додааст. Коршиносони амрикоиву аврупоӣ субҳи 27-уми декабр гузориш доданд ки зилзила миёна аст ва имкон дорад ки зиёни қобили таваҷҷӯҳ расонида бошад. Моҳи ноябр Эрон сохтмони дуввумин реактори ҳаставӣ дар Бушаҳрро оғоз кард. Ин тарҳ бо кӯмаки Русия амалӣ мешавад. Бушаҳр дар соли 2011 бо фанновариҳои Русия сохта шуда, аввалин нерӯгоҳи ҳаставӣ дар Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Маркази заминларазаи 27-уми... Читать дальше...

Русия дар Қирғизистон ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷобаҷо мекунад

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия санадеро ба баррасии Думаи давлатии кишвараш фиристод, ки иҷоза медиҳад, дар пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Қирғизистон зерсохтори дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин таъсис дода шавад. Ба иҷро даромадани санади мазкур ба Русия имкон медиҳад, ки "дар пойгоҳи ҳавоӣ зерсохтори бесарнишинон ва истифодаи онҳоро роҳандозӣ кунад". Русия дар ҳудуди Қирғизистон чаҳор иншооти низомӣ: пойгоҳи ҳавоии "Кант"; пойгоҳи озмоишӣ дар шаҳри Қаракӯл; пойгоҳи иртиботӣ дар шаҳраки... Читать дальше...

Қазоқистон ба сармоягузорони хориҷӣ сабукиҳо медиҳад

Ozodi.org 

Порлумони Қазоқистон рӯзи 26-уми декабр тағйирот ба қонуни конститутсионии он кишварро дар бораи Маркази байналхалқии молии "Остона" (МБМО) тасдиқ кард. Дар ин тағйирот барномаи иқомати молие пешбинӣ шудааст, ки ба сармоягузорон имкон медиҳад, визаи чанддафъаинаи Қазоқистонро соҳиб шаванд. Дар қонун омадааст, ки сармоягузори хориҷӣ бояд ба Маркази байналхалқии молии Остона ҳозир шавад ва талаботи қонунии Қазоқистонро ба иҷро расонад. Сармоягузори хориҷӣ ҳамчунин вазифадор аст, ки барои дарёфти... Читать дальше...

Дар Узбекистон 351 тонна гаҷи сохтмониро дар шикастабандӣ истифода кардаанд

Ozodi.org 

Давоми ду соли охир дар Узбекистон табибон дар маҷмӯъ 351 тонна гаҷи сохтмониро ҳамчун гаҷи тиббӣ истифода кардаанд. Аз ин миқдор 30 тона дар Фарғона, 33 тона дар Бухоро, 35 тона дар вилояти Тошканд, 36 тона дар Намангон, 38 тона дар вилояти Қашқадарё, 43 тона дар Самарқанд ва 48 тона дар шаҳри Тошканд истифода шудааст. Ин иттилоъ дар як ҷаласаи байниидоравии ҳукумати Узбекистон садо дод. Истифодаи гаҷи сохтмонӣ барои бастани устухонҳои шикаста ба саломатӣ зиён дорад ва ҳассосияти пӯстро ба бор меорад. Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Продвижение Песен, Музыки, Стихов ВКонтакте. Способы и методы увеличения прослушивания песни, музыки, стихов ВКонтакте.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


Новак Джокович

Теннисист Джокович раздавал автографы в шлеме после попадания бутылкой в голову



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В ФХР назвали несправедливой ситуацию с санкциями по делу вратаря Федотова



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России