Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Новости за 17.12.2019

Бунёд Раҳнамо шоҳҷоизаи "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро ба даст овард

Ozodi.org 

Бунёд Раҳнамо, писари 16-солаи Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки тирамоҳи имсол дар нишасти Варшава бо мухолифони тоҷик дар хориҷ вориди баҳс шуд, барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ" эълон гардид. Ин озмун рӯзи 14-уми декабр дар Душанбе поён ёфт. Маблағи шоҳҷоиза 50 ҳазор сомонӣ, баробар ба беш аз 5 ҳазор доллари амрикоист. Дар озмун Муҳаммад Раҳнамо ва Шабеҳа Раҳнамо – фарзандони дигари Абдулло Раҳнамо – низ соҳиби ҷоиза шуданд. Якбора... Читать дальше...

Хосият Ёрова: Бе ҳеч созиш бо мақомот ба Тоҷикистон омадам. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хосият Ёрова, хоҳари 38-солаи вакили мудофеи зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров, гуфт, ба хотири модари пир ва мубориза барои озодии бародараш ба Тоҷикистон баргаштааст ва ҳамагуна созиши пешакӣ бо мақомотро рад кард. Вай тақрибан се соли ахир дар Олмон буд ва мунтазири санади паноҳандагӣ.  Ёрова ҳангоми будубош дар Олмон мегуфт, ки барои фаъолиятҳои сиёсиаш ба зидди ӯ бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "ифротгароӣ" парванда кушодаанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи бозгашти... Читать дальше...

Гуфтугӯ бо Хосият Ёрова баъди бозгашт аз Олмон

Ozodi.org 

Хосият Ёрова, хоҳари 38-солаи вакили мудофеи зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров, гуфт, ба хотири модари пир ва мубориза барои озодии бародараш ба Тоҷикистон баргаштааст ва ҳамагуна созиши пешакӣ бо мақомотро рад кард. Вай тақрибан се соли ахир дар Олмон буд ва мунтазири санади паноҳандагӣ. Ёрова ҳангоми будубош дар Олмон мегуфт, ки барои фаъолиятҳои сиёсиаш ба зидди ӯ бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд, вале мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи бозгашти ӯ чизе нагуфтанд... Читать дальше...



Як қисми Душанбе бе об монд. Чаро?

Ozodi.org 

Дар тақрибан ду рӯзи ахир бисёре аз сокинони Душанбе аз якбора қатъ шудани об ба хонаҳояшон шикоят мекунанд. Ин мушкил аз субҳи рӯзи 16-уми декабр оғоз шуда, то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Баъзе афрод мегӯянд, дастикам панҷ рӯз боз ба ин мушкил рӯ ба рӯянд. Мақомот гуфтанд, мушкил дар пайи садамае дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт ба вуҷуд омадааст ва ҳоло 12 гурӯҳи корӣ барои бартараф кардани он машғуланд.

Узбекистон барои ташкили эътирозҳо тавассути Интернет муҷозот ҷорӣ мекунад

Ozodi.org 

Узбекистон ният дорад муҷозотро барои истифодаи Интернет ба хотири ташкил ё даъвати гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ шадидтар кунад. Як манбаъ дар ҳукумати Узбекистон рӯзи 16 декабр ба Бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати кормандони вазорати адлияи ин кишвар тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳам Кодекси маъмуриро дар ин замина омода кардаст. Бар асоси тарҳи қонун, шахсе, ки аз роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои интернетӣ ва дигар василаҳои интернетӣ баргузории таҷаммӯъҳои ғайриқонуниро даъват мекунад... Читать дальше...

Як қисми Душанбе бе об монд. Мардум аз куҷо об бигиранд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар тақрибан ду рӯзи ахир бисёре аз сокинони Душанбе аз якбора қатъ шудани об ба хонаҳояшон шикоят мекунанд. Ин мушкил аз субҳи рӯзи 16-уми декабр оғоз шуда, то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Баъзе афрод мегӯянд, дастикам панҷ рӯз боз ба ин мушкил рӯ ба рӯянд. Мақомот гуфтанд, мушкил дар пайи садамае дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт ба вуҷуд омадааст ва ҳоло 12 гурӯҳи корӣ барои бартараф кардани он машғуланд. Дилнозаи Азалшоҳ, сокини ноҳияи Сино, рӯзи 17-уми декабр гуфт, ду рӯз боз аз фурӯшгоҳҳо об мехарад, вале кофӣ нест. Читать дальше...

HRW: Узбекистон имкони роҳандозии ислоҳотро дар остонаи интихобот истифода накард

Ozodi.org 

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баъди “чанд иқдоме” барои роҳандозии ислоҳот дар ин кишвар, натавонист рӯҳияи ислоҳотро дар моҳе, ки интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, тавсеа бахшад. Рӯзи 22 декабр дар Узбекистон нахустин интихоботи парлумонӣ дар аҳди Мирзиёев барпо мешавад, ки се соли пеш сари қудрат омад. Баъди марги президенти собиқ Ислом Каримов, ки бо шеваи диктотурии раҳбариаш маъруф буд, Мирзиёев гуфт, ки “ислоҳоти муҳим”-ро ба роҳ мемонад. Читать дальше...



RSF: Журналистика “як пешаи хатарнок” боқӣ мемонад

Ozodi.org 

Созмони  Гузоришгарони бидуни марз (RSF) мегӯяд, ки соли 2019 журналистика “як пешаи хатарнок” боқӣ мондааст, чун дар ин сол 49 журналист кушта шуда, 389 нафар дар зиндон ва 57 нафар гаравгон боқӣ мемонанд. Созмони мақарраш дар Париж ин нуктаро дар гузориши нави солонааш нашр кардааст, ки мизони  хушунат ва озори  журналистонро дар саросари ҷаҳон таҳқиқ мекунад. Омори имсол бадастомада поинтар нисбати ба нишондодҳои 16 соли охир мебошад.  Муаллифони гузориш  мегӯянд, ки шумори бештари журналистон дар ҷангҳои Сурия... Читать дальше...

Сокини Суғд барои узвият дар ДОИШ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд,  як сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд барои ширкат дар амалиёти ҷангии Сурияву Ироқ ва ҳам узвият дар созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” бо қарори додгоҳ ба 15 соли ҳабс маҳкум шудааст. Вебсайти ин ниҳод рӯзи 17 декабр хабар дод, ки Шӯҳратҷон Сатимови 31-сола баъди тарки Тоҷикистон карданаш дар соли 2013 аввал бо ҳадафи кор ба Русия рафта, соли 2015 барои ширкат дар ҷангҳои Ховари Миёна сафар кардааст. Ба навиштаи додситонии кулли Тоҷикистон, барои пайвастан ба... Читать дальше...

Дар Хусти Афғонистон 10 узви як оила кушта шуданд

Ozodi.org 

Бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ дар вилояти шарқии Хусти Афғонистон, дасти кам 10 нафаре, ки савори мошин буданд, кушта шуданд. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Нусрат Раҳимӣ гуфт, ки таркиш субҳи 17 декабр дар ноҳияи Алишер рух дод. Қурбониҳо се кӯдак, ду зан ва панҷ мард мебошанд. Толиб Мангал, сухангӯи волии Хуст гуфт, ки ҳамаи қурбониҳо узви як оила буда, аз вилояти Лугар барои ширкат дар як маросими дафн меомаданд. Раҳимӣ гуфт, ки ин таркиш кори дасти Толибон аст. Ҳанӯз худи гурӯҳи... Читать дальше...

Парвиз Мушарраф ба қатл маҳкум шуд

Ozodi.org 

Генерал Парвиз Мушарраф, президент ва фармондеҳи пешини артиши Покистон, рӯзи 17-уми декабр ғоибона аз сӯи додгоҳе дар Исломобод ба қатл маҳкум шуд. Ӯро ба "хиёнат" ва "саркашӣ аз Қонуни асосӣ" гунаҳкор карданд.   Парвиз Мушарраф соли 2007 ба хотири онки мавриди импичмент ё радди салоҳият қарор нагирад, ҳолати фавқулода эълон кард ва Қонуни Асосии Покистонро ба ҳолати таълиқ даровард. Ба навиштаи расонаҳои байналмилалӣ, се додрас ҳукми худро нисбат ба генерал Мушарраф ҳанӯз як моҳ пеш содир карда буданд... Читать дальше...

Сенатор Граҳам: "Трамп ин ҳафта коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро эълон мекунад"

Ozodi.org 

Линдсей Граҳам, як сенатори амрикоӣ мегӯяд, интизор меравад Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар ин ҳафта коҳиши сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро эълон кунад. Сенатор Граҳам пас аз мулоқот бо раҳбарони низомӣ ва ғайринизомии Покистон дар Исломобод, рӯзи душанбе вориди Кобул шуд. Вай гуфт, ки коҳиши ин нерӯҳо баъд аз соли нави мелодӣ оғоз мешавад. Ин сенатори амрикоӣ афзуд, ки тавоноии нерӯҳои амниятии афғон то ҳадде афзоиш ёфтааст, ки метавон шумораи нерӯҳои амрикоиро коҳиш дод. Сенатор Граҳам... Читать дальше...

Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ дар Қазон доир мешавад

Ozodi.org 

Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) аз 20-ум то 27-уми августи соли 2020 дар Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия доир мегардад. Дар ин бора сомонаи навгониҳои Беларус ва ҷаҳон (024.by) хабар додааст. Дар Бозиҳо дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина иштирок хоҳанд кард. Кумитаи тадорукот метавонад барои ширкат дар Бозиҳо дигар кишварҳоро даъват намояд, ки доираи мусобиқотро васеъ хоҳанд кард. Читать дальше...

Роҳ ба самти Исфара пас аз як таниши марзӣ боз шуд

Ozodi.org 

Мақомот дар Исфара мегӯянд, ки пас аз нофаҳмии рӯзи душанбе дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъ дар маҳал ором аст ва роҳи деҳаи Сомониён ба самти Исфара боз шудааст. Дар нофаҳмии рӯзи 16-уми декабр сокинони ду деҳаи марзии Исфара ва Бодканд ба сӯи ҳам сангандозӣ кардаанд. Сокинони Кук-Тоши Бодканд гуфтаанд, ки онҳо дар пайи дастгир шудани як сокини ин деҳа дар мавзеи Ворухи Тоҷикистон аз сӯи сарҳадбонони тоҷик, ба нишони эътироз роҳи тоҷиконро бастаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба... Читать дальше...

Чехия 4 хориҷии маскун дар бинои дипломатии Русияро ихроҷ кард

Ozodi.org 

Мақомоти Ҷумҳурии Чех чаҳор хориҷиро, ки дар муҷтамаи дипломатии Русия дар шаҳри Прага иқомат доштанд, аз кишвар берун кардааст. Пулис гуфт, ин чаҳор нафар ҳафтаи гузашта боздошт шуда буданд. Онҳо дипломат набуданд ва дар муҷтамаи дипломатии русӣ бидуни иҷозати расмӣ зиндагӣ мекарданд. Тибқи айбномаи пулис, Сафорати Русия дар бораи ҳузури хориҷиён ба пулис хабар надодааст, ки амали мухолифи қонун ба шумор меравад. Шаҳрвандии афроди ихроҷшуда ошкор нагардид, онҳо ба муддати аз 1 то 4 сол аз ҳаққи вуруд ба Ҷумҳурии Чех маҳрум шуданд. Читать дальше...

Эътирози Қирғизистон ба латтукӯби муҳоҷирон дар Хабаровск

Ozodi.org 

Мушовири сафорати Русия дар Бишкек 16-уми декабр ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шудааст. Масъулони вазорат дар робита ба латтукӯб шудани шаҳрвандони Қирғизистон дар шаҳри Хабаровск аз сӯи кормандони ОМОН-и Русия эътироз баён карданд. Ҷониби Қирғизистон аз Русия даъват кардааст, ки ҳодиса ҳамаҷониба санҷида шуда, дар робита ба дастандаркорон чораҳои қатъии лозимӣ андешида шавад. Намояндаи сафорати Русия гуфтааст, дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ин қазия зери назорати шахсии ӯ қарор дорад. Читать дальше...


Музыкальные новости
Вадим Самойлов

Вадим Самойлов («Агата Кристи») выступит на фестивале «Окна Открой»!





Rss.plus
Пулково

Пассажир задержал рейс в Пулково, назвав маленькую девочку «бомбой»




ДУКи пяти районов Нижнего Новгорода убрали более 200 деревьев после непогоды

Голкипер ярославского «Локомотива» назван лучшим вратарем сезона

Роботам-курьерам расширили ареал // Насколько эффективным окажется этот способ доставки

Стартовал прием заявок на городской конкурс социальных проектов «ЛИЦА района»




Як мақоми БМ: "Мушкили фаннии интиқоли пул ба поён расид." Сокинон чӣ мегӯянд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо гузашти ду ҳафта аз шурӯи кори маркази пулгузаронии Тоҷикистон ирсоли маблағ аз хориҷа ба кишвар ҳанӯз бо мушкил рӯ ба рӯст. Сокинон ҳамвора шикоят мекунанд, вале масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар оғози кори марказ чанд мушкили фаннӣ пеш омада буд, ки дар иҷрои чунин тарҳҳои бузург як амри табиист. Акнун ба таъкиди онҳо мушкилот бартараф шуда, раванди ирсоли пул ба ҳолати маъмулии худ бозгаштааст.    Ба маркази ягонаи таъсисдодаи Бонки миллӣ то кунун танҳо ду шабакаи интиқоли пули русӣ ... Читать дальше...

Путин қонуни ҷаримабандии 5-миллиониро барои "агентҳои хориҷӣ" имзо кард

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он барои вайрон кардани муқаррароти қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ", ҳам расонаҳо ва ҳам шаҳрвандони қаторӣ ҷаримаҳои ҳангуфт баста мешаванд. Қонунвайронкунӣ, барои мисол, метавонад нишон надодани тамғаи "агенти хориҷӣ" дар сомона, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё дар маводи алоҳида, инчунин дар ҳисоботе, ки ба вазорати адлияи Русия таҳия мешавад, ба ҳисоб равад. Барои ин гуна қонунвайронкунӣ шаҳрвандони қаторӣ то 10 ҳазор рубл (муодили 1,5 ҳазор сомонӣ)... Читать дальше...

Президенти Узбекистон ба Ҷопон меравад

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ рӯзи сешанбеи 17-уми декабр бо сафари расмӣ озими он кишвар мешавад. Сафари Мирзиёев то 20-уми декабр давом мекунад. Президенти Узбекистон бо сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ, раиси палатаи мушовирони порлумони он кишвар Акико Санто, бо раиси палатаи намояндагони порлумони Ҷопон Тадамор Осим ва дигар афроди расмӣ мулоқот мекунад. Императори Ҷопон Нарухито ҳам Мирзиёевро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Президенти Узбекистон ҳамзамон... Читать дальше...

Зеленский тарҳи қонуни ғайримарказикунонии қудратро пешниҳод кард

Ozodi.org 

Президенти Украина тарҳи қонуни ғайримарказикунонии қудратро ба порлумон пешниҳод кард, ки аз ҷумла, тақсимоти нави маъмурӣ ва ҳудудии ин кишварро пешбинӣ мекунад. Зеленский низоми сесатҳаи мақомоти маҳаллӣ - ҷамоат, округ ва вилоятро пешниҳод кардааст. Ҷумҳурии худмухтори Қрим минтақаи алоҳидаи маъмурӣ ва аз мақоми махсус бархурдор буда, дар бораи ҷумҳуриҳои худхондаи Донбасс чизе гуфта нашудааст. Ба ҷумҳуриҳои худхондаи Луҳанск ва Донетск дар созишномаи Минск мақоми махсус дода шудааст. Раҳбари Донетск Денис Пушилин пештар гуфта буд... Читать дальше...

Бозпурсӣ ё "фаҳмондадиҳӣ"? Иддаои зани ҳиҷобдор ва ҷавоби мақомот. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Душанбе иддао дорад, ки дар амалиёт ё "рейд"-и, ба гуфтаи ӯ, зидди занони сатрпӯш дастгир ва дар идораи умури дохилии Сино 2-и пойтахт "соатҳо таҳқиру азият" шудааст. Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, баъд аз ин ҳодиса бемор шуд ва роҳравиаш мушкил гардид. Маъмурони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2-и пойтахт таҳқиру дашном шудани ин зани ҷавонро рад карданд. Нилуфар Раҷабова гуфт, боздошти ӯ рӯзи 14-уми декабр рух додааст... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Дети из землячества Узбекистана в Улан-Удэ стали зрителями театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Пензенские регбистки выиграли первенство России


Новак Джокович

Кто транслирует бой Табило против Джоковича на турнире Rome Masters 1000?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru