Арабистони Саудӣ раҳбари Гуруҳи 20 шуд
Арабистони Саудӣ рӯзи 1-уми декабр раҳбарии давраии Гуруҳи 20 бар уҳда гирифт ва гуфт, ки ба масъалаи боло бурдани мақоми зан ва ҷавонон, муҳофизати саёра тамаркуз мекунад. Ин кишвари ғанӣ аз нафт ҷойгузини Ҷопон шуд. Қарор аст, нишасти раҳбарони сарони кишварҳои узви гуруҳ рӯзҳои 21 ва 22-уми ноябри соли оянда дар шаҳри Риёз баргузор шавад.
Арабистони Саудӣ як муттаҳиди наздики Амрико дар замоне раҳбари гуруҳи кишварҳои бонуфузе шуд, ки барои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, таҳлилгари рӯзномаи “Вашингтон Пост”, саркӯби ҳомиёни ҳуқуқи зан ва нақши он дар ҷанги хунини Яман пайваста танқид мешавад. Маъмурони амниятии ин кишвар моҳи октябри соли гузашта Ҷамол Хошуқчиро дар дохили консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул куштанд. Хадамоти ҷосусии Амрико ба ин хулоса омадаанд, ки дастури қатли ӯро Муҳаммад бин Салмон шоҳзодаи Арабистони Саудӣ додааст.
Созмони Афви Байналмилал аз аъзои Гуруҳи 20 хост, “ба мақомоти Арабистони Саудӣ фишор биёранд, то аҳд бидиҳад, ки ба нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон хотима мегузорад.” Дар баёнияи ин созмон аз рӯзи 29-уми ноябр омадааст: “Раҳбарони Гуруҳи 20 барои робитаҳои тиҷоратии судовар шуда, дигар набояд собиқаи ваҳшатноки нақзи ҳуқуқи инсон дар Арабистони Саудиро нодида бигиранд.” Ба гуруҳи мазкур 20 иқтисоди бузурги ҷаҳон аз ҷумла, Амрикову Чину Русияву Олмон Ҳинд шомиланд.